• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Thursday, 15 June 2023 06:30
There are no translations available.

МУЛОҚОТИ РЕКТОР: ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ ФАЪОЛИЯТИ НАТИБАХШРО ТАЛАБ МЕКУНАД!

Возможно, это изображение 3 человека

14-уми июни соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманд бо кормандону омӯзгорон, профессорону мудирони кафедраҳои факултетҳои матиматика ва информатика, физика, технология ва иқтисодиёт ва идора баргузор намуд.
Ректори донишгоҳ дар ҷаласа асосан ба масоили чоп намудани китобҳои дарсӣ, иҷрои сарбориҳои қисми илм, навиштани мақолаҳо дар маҷалаҳои байналмилалӣ, омода намудани дарсҳои видеоӣ, тайёр намудани шогирдон барои олимпиадаҳо, озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҳимояи рисолаи номзадӣ ва докторӣ изҳори нигаронӣ намуд.

 
Thursday, 15 June 2023 06:23
There are no translations available.

МУЛОҚОТ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ПАНҶОБИ ҲИНДУСТОН
Возможно, это изображение 3 человекаИмрӯз, 13-уми июни соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доктор КНС Канг, ректори Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар доираи ташриф истиқбол намуда, мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот КНС Канг, ректори Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустонро кормандони шуъбаи равобити байналмилалии ин донишгоҳ, аз ҷумла Ҳасан Хан ва Ҳувназ Хан ҳамроҳӣ менамуд. Ректори донишгоҳ, аз ташрифовардагон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ-таълимиро, ки ба рушди илми донишгоҳ мусоидат менамояд, ҳамеша ҷонибдорӣ хоҳад кард.Маврид ба зикр аст, ки намояндагони Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҳиндустон аз синфхонаҳои дӯзандагӣ, устохонаи коркарди чубу тахта, синфхонаи технологияи мошиншиносӣ ва дуредгариву кандакорӣ, қолинбофиву атласдӯзии факултети технология ва лабораторияҳои таҳқиқотиву осорхонаҳои биологиву зологии факултети биология дидан намуда, аз вазъияти кунунии озмоишгоҳҳо ва лабараторияҳои донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
 
Thursday, 15 June 2023 06:21
There are no translations available.

МУЛОҚОТИ РЕКТОР: ДАРСҲОИ ВЕДЕОӢ, КИТОБҲОИ ДАРСӢ, ВАЗЪИЯТ, ВОҚЕИЯТ, ДУРНАМО ВА ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ ДОНИШГОҲ

Возможно, это изображение 1 человекНимаи дуюми имрӯз, Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат вохӯрии судманд бо кормандону омӯзгорон, профессорону мудирони кафедраҳои факултети филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқ, баргузор намуд.
Ректори донишгоҳ дар ҷаласа асосан ба фанҳои таълимӣ ва маводу китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, аз вазъи норасоии китобҳои дарсии фанҳои мазкур изҳори нигаронӣ намуд.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ зикр кард, ки раёсати донишгоҳ ҳамаи имкониятро барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзӣ фароҳам овардааст ва дар ин замина устодон бояд китобҳои дарсии фанни худро омода намоянд.
Ҳамзамон дар ҷаласа зикр гардид, ки баъзе омӯзгорону докторон ва профессорони мо солиёни зиёд аз рӯи чанд фанҳои таълимӣ дарс мегӯянд, аммо мутаассифона чанде аз ин фанҳое, ки онҳо таълим медиҳанд китобҳои дарсӣ надоранд.
 
Monday, 12 June 2023 12:10
There are no translations available.

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТЕ, КИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ОНҶО МУТАСАДДӢ АСТ!
10-уми июни соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки тибқи нақшаи Вазири маориф ва илмӣ мутасаддӣ дар Ҷамоати деҳоти “Заргар”-иноҳияи Кӯшониён мебошад, аз рафти корҳои ободониву созандагии ин ҷамоати калонтарини ноҳия дидан намуд.
Ректори донишгоҳ дар якҷогӣ бо гурӯҳи вазифадоршуда аз 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, як гимназияи барои кӯдакони болаёқату як кӯдакистони хусусӣ, корхонаи истеҳсоли равғанбарориву корхонаи коркарди “Пахта” ва беморхонаи марказии Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кушониён дидан намуд.
Маврид ба зикр аст, ки нимаи дуюми рӯз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро ба ин Ҷамоат ташриф оварда, дар толори маҷлисии муассисаи таълимии №14 бо фаъолони Ҷамоати деҳоти "Заргар"-и ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия мулоҷот анҷом дод.
 
Monday, 12 June 2023 12:09
There are no translations available.

ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН 18 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ МАҚОМИ ИФТИХОРИРО СОҲИБ ШУДАНД
1-уми июни соли 2023 дар литсеи №3-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фӯруғи маърифат” ҷамбаст гардида, ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ маълум гардиданд.
Дар даври ноҳиявии озмун аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 48 нафар донишҷӯёни зинаҳои мухталиф ширкат варзида, 18 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
 
Friday, 09 June 2023 06:38
There are no translations available.

 

ШӮРОИ ОЛИМОН: БЕҲТАР ГАРДОНИДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ АЗ ҚАРОРҲО ВА ТАСМИМУ ТАЛОШҲОИ МО ВОБАСТА АСТ!
7-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи нақшавии шурои олимони донишгоҳ таҳти раисии ректори донишгоҳ дар толори васеи бинои асосӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳиме, ки нақшаи кории Шуро баҳри пешрафт ва рушди ҳамаи самтҳои донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар тасмим ва қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои Шурои олимон қабул карда мешавад, бо мақсади рушди сатҳу сифати илму таълим дар донишгоҳ мебошад.
 
Friday, 09 June 2023 06:31
There are no translations available.

 

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲИЗБИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА СОЗАНДА
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текст8-уми июни соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои ташкилот, инчунин ҷиҳати фаҳмонидани бандҳои Оиннома, Барнома ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони баргузор гардид. Дар чорабиниии мазкур Қубонзода Убайдулло-раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Дониёр Сангинзод-муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, Давлатзода Фариддун-сардори раёсати илм ва инноватсия, Назарзода Давлатхон-декани факултаи таърих ва ҳуқуқ, Раҷабов Дилшод-муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Давлатшо Каримов-котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва зиёда аз 240-нафар аъзои ҳизб иштирок намуданд.
 


Page 30 of 306
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в