• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
07.10.2015 04:42
There are no translations available.

Таваҷҷуҳи украинҳо ба забони тоҷикӣ

Сафири Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк 16-уми сентябр ба донишгоҳ ташриф овард. Суҳбати ӯ бо сарвари таълимгоҳ, академик Н.Салимӣ пиромуни густариши равобити дуҷониба сурат гирифт.

В.Никитюк ба забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хосса доштани мардуми украинро қайд карда, хоҳиш намуд, ки барои ба роҳ мондани таълими забони тоҷикӣ дар сафоратхонаи онҳо кумак кунанд.

 
07.10.2015 04:33
There are no translations available.

«Мутриби ишқ»-и Фурқат Саид чоп шуд

Китоби ҷадиди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фурқат Саид бо номи «Мутриби ишқ» аз чоп баромад.

«Мутриби ишқ»  номи як ғазали машҳури Ҳофизи Шерозист, ки муаллиф ин номро ба китоби худ муносиб донистааст. Китоб дар нашриёти «Адабиёти бачагона» бо шумораи 400 нусха ба табъ расидааст ва ба муносибати 3000-солагии Ҳисори Шодмон таҳия гардидааст.

Маҷмӯаи мазкур фарогири 32 суруду оҳанги ҳунарманди маъруфи кишвар буда, ҳамчун дастури таълимӣ метавонад барои донишҷӯёну ҳунармандон ва ҳунаристонҳои мусиқӣ хизмат намояд.

Фарзод Паҳлавонов, донишҷӯи соли 4-уми факултаи филологияи тоҷик

 
07.10.2015 04:30
There are no translations available.

Мавлавӣ-тарғибгари ғояҳои инсонӣ

«Агар тамоми осори шоирону нависандагон, сарчашмаву манбаъҳои зеҳнӣ аз ҷаҳон бардошта шаванд, «Маснавии маънавӣ» басанда аст, ки инсониятро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад»,-гуфтааст бузурге. Чунин зикр кард ректори донишгоҳ. академик Н.Салимӣ дар Рӯзи бузургдошти Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ.

Бахшида ба ин рӯз 30-юми сентябри соли равон кафедраи адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷик

 
07.10.2015 04:24
There are no translations available.

Ёде аз устод Рӯдакӣ

21-уми сентябр бо ташаббуси кафедраи адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷик бахшида ба гиромидошти Рӯзи Рӯдакӣ конференсия баргузор гардид. Донишҷӯён ҳамоишро бо қироати шеърҳо аз эҷодиёти устоди сухан, сардафтари адабиёти классикии тоҷик, устод Рӯдакӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар идома ректори донишгоҳ Н.Салимӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки устод Рӯдакӣ ҳар чизе, ки офарид, бо фарҳанги миллати мо робитаи зич дорад, ки

 
07.10.2015 04:21
There are no translations available.

Кумак ба ятимон-кори савоб

Дастгирӣ ва ғамхорӣ ба ятимон амалест хайру савоб, хоса, дар арафаи идҳои саиди Фитр ва Қурбон. Бо ин мақсад тибқи супориши ректори донишгоҳ Н.Салимӣ Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ба 32 нафар ятими кулле, ки дар донишгоҳ таҳсил доранд, ба маблағи 200 сомонӣ ба ҳар нафар туҳфаи идона тақдим намуд.

Дар оғоз ректор Н.Салимӣ ҳозиринро бо фарорасии

 
07.10.2015 04:20
There are no translations available.

Сухан Рӯдакивор некуст

Бахшида ба бузургдошти сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултаи педагогика ва донишҷӯи фаъоли ҳамин факулта Саидаброр Ҳасанов маҳфили адабии «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй» баргузор гардид. Декани факулта А.Ғаффоров чорабиниро ифтитоҳ намуд.

 
07.10.2015 04:10
There are no translations available.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор…

Шоири бузурги тоҷик Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ фамудаанд: «Бани одам аъзои якдигаранд…». Алҳақ инсони комил ба ғаму мусибати дигарон бетарафу бетафовут буда наметавонад. Аз ин ҷост, ки омӯзгорони донишгоҳи мо барои кумаку дастгирии ҷабрдидагони офати табиии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ дасти ёрӣ дароз карда, як қатор ашёи рӯзгор ва хӯрока фиристоданд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ