• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
12.06.2023 12:09

ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН 18 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ МАҚОМИ ИФТИХОРИРО СОҲИБ ШУДАНД
1-уми июни соли 2023 дар литсеи №3-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фӯруғи маърифат” ҷамбаст гардида, ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ маълум гардиданд.
Дар даври ноҳиявии озмун аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 48 нафар донишҷӯёни зинаҳои мухталиф ширкат варзида, 18 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
 
09.06.2023 06:38

 

ШӮРОИ ОЛИМОН: БЕҲТАР ГАРДОНИДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ АЗ ҚАРОРҲО ВА ТАСМИМУ ТАЛОШҲОИ МО ВОБАСТА АСТ!
7-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи нақшавии шурои олимони донишгоҳ таҳти раисии ректори донишгоҳ дар толори васеи бинои асосӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳиме, ки нақшаи кории Шуро баҳри пешрафт ва рушди ҳамаи самтҳои донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар тасмим ва қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои Шурои олимон қабул карда мешавад, бо мақсади рушди сатҳу сифати илму таълим дар донишгоҳ мебошад.
 
09.06.2023 06:31

 

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲИЗБИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА СОЗАНДА
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текст8-уми июни соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои ташкилот, инчунин ҷиҳати фаҳмонидани бандҳои Оиннома, Барнома ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони баргузор гардид. Дар чорабиниии мазкур Қубонзода Убайдулло-раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Дониёр Сангинзод-муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, Давлатзода Фариддун-сардори раёсати илм ва инноватсия, Назарзода Давлатхон-декани факултаи таърих ва ҳуқуқ, Раҷабов Дилшод-муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Давлатшо Каримов-котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва зиёда аз 240-нафар аъзои ҳизб иштирок намуданд.
 
01.06.2023 02:12

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Возможно, это изображение 6 человек31-уми майи соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони "Пешвои миллат - поягузори сулҳу субот дар Тоҷикистон" мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сармутахасиси раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии кумита Саодат Исайнӣ, корманди бахши таҳлил ва иттилооти кумита Ҷонибек Давронов, олимону муҳаққиқони ҷавон ва як қатор донишҷӯён ширкат намуданд.
 
26.05.2023 07:23

 

РЕКТОР: ПЕШРАФТИ КОРИ МО АЗ ТАТБИҚИ ДУРУСТИ БАРНОМАҲОВУ СТАНДАРТҲОИ СОҲА ВОБАСТА АСТ!
25-уми майи соли 2023 ҷаласаи васеи назоратии Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва сардорони шуъбаҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия баргузор гардид.
Ҷаласаро Аҳлиддин Ибодуллозода аз якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳое, ки дар хулосаи Агентӣ дарҷ гардида буданд оғоз намуда, ҳамзамон масъалаҳои назарати ҷиддии раванди ҳозиршавии омӯзгорон ба дарс, танзими меъёри ҳуҷҷатҳо, танзими ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон шакли таҳсили рӯзона ва фосилавиро мавриди баррасӣ қарор дод.
 
26.05.2023 07:20

АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲРО НАЗАРРАС АРЗЁБӢ НАМУД

Возможно, это изображение 3 человека, помост и текстБо мақсади муайян намудани вазъи таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд.
24-уми майи соли ҷорӣ ба ин муносибат бо иштироки ректори донишгоҳ Ибодуллозода А. ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд Сафар ҷалассаи васеи устодону кормандон оид ба баррасии натиҷаи аттестатсияи давлатӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Содиқзода Хурсанд Сафар зимни суханронӣ фаъолияти донишгоҳро дар маҷмуъ қаноатбахш арзёбӣ намуда ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти муассиса пешниҳодҳои судманд намуд.

 
18.05.2023 05:01

КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ БОЛОРАВИИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ
Дар таърихи 17 майи соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ намуда, доир ба ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсинӣ изҳори андеша намуд. Сипас, подполковники адлия, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Василбек Қурбон доир ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баромад намуда, ҳамзамон таъкид намуд, ки барои пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои коррупсионӣ на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст.
 
12.05.2023 09:37

 

РУШДИ ИЛМҲОИ ХИМИЯ, ТЕХНОЛОГИЯ ВА ЭКОЛОГИЯ
Дар таърихи 12 майи соли 2023 бо ибиткори раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо факултети химия бахшида ба 20-солагии таъсисёбии кафедраи технология ва эколгияи химиявӣ ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таҳти унвони “Рушди илмҳои химия, технология ва экология” конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ироа намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст ва ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.”
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ