• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
30.01.2023 02:46

 

РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ИЛМУ ТАРБИЯ ЯК НИЗОМИ МУШТАРАК АСТ
Имрӯз, дар таърихи 28 январи соли 2023 тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи қисми илм баргузор гардид, ки дар он муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнуллозода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Дониёр, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Нигора, сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев Соҳибназар, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Шаҳриёр Мирзозода, мудири шӯъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷобир, мудири китобхона Наимов Зариф, декани факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва як зумра устодон ширкат намуданд. Дар ҷаласаи мазкур масоили марбут ба ҳарсе самти фаъолияти устодони донишгоҳ, махсусан сарбории омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Наҳтулло Айнуллозода доир ба ҳаҷми соатҳо ва тақсимоти онҳо аз рӯи самтҳо, Дониёр Сангинзод перомуни фаъолияти илмии устодон, таҳияи мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғ., Идиев Соҳибназар дар бораи нақшаи солонаи иҷрои корҳои илмӣ, Наимов Зариф доири рисолати омӯзгор ва Мардонзода Ҷобир оиди талабот нисбати таҳияи мақолаҳои илмиву илмӣ-оммавӣ сухан ронданд.
 
28.01.2023 08:09

САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ

Дар таърихи 28 январи соли 2023 дар факултети математика ба истиқболи ҷашни Сада чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд, ки дар он мудири шӯъбаи тарбия Алланазаров Ш., раиси Шӯрои занон Давлатзода М., садорат ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок карданд. Чорабиниро декани факултет Зикирзода Ҳ. оғоз намуда, перомуни Сада ва аҳамияти таҷлили он сухан ронд. Мавсуф дар рафти суханронӣ аз ҷумла зикр кард, ки аҳамияти таҷлили ин ҷашни аҷдодиро Пешвои миллат чунин арзёбӣ намудаанд: “Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.”

 
26.01.2023 10:49

ИБОДУЛЛОЗОДА: ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ОМӮЗГОРРО АЗ МИЁН МЕБАРАД

Имрӯз, 26 январи соли 2023 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо 883 нафар донишҷӯёни курсҳои 3-юму 4-уми ихтисосҳои омӯзгорӣ, ки тибқи шартнома ба 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ сафарбар мешаванд, мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки маҳз таҷрибаомӯзӣ донишҷӯро бо рисолати муқаддаси омӯзгор ошно месозад ва имкон медиҳад, ки малакаву маҳорат ва донишҳои андӯхтаи худро такмил дода, худро ҳамчун мутахассиси ҷавони дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ, ба хонандагон меҳрубон ва нисбати касби худ садоқатманд муаррифӣ намоянд.

 
26.01.2023 07:44

ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР БОБИ ТАРҒИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар таърихи 26 январи соли 2023 бо ибтикори маъмурияти Маркази таълимии касбомӯзии шаҳри Норак, ки аз ҷумлаи сохторҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, омӯзгорону шунавандадухтарони курсҳои ҳисобдорӣ ва дӯзандагӣ иштирок намуданд. Директори марказ Саидов Баҳодур тавассути суҳбати телефонӣ зикр кард, ки ҳамоиши мазкур таҳти унвони “Озмуни “ Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”- омили худшиносии миллӣ” бо роҳбарии корманди бахши кадрҳо Маҳбуба Каримова ҷараён гирифта, ҳадафи асосии он ҷалб кардани довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур мебошад.

 
24.01.2023 08:10

ДАСТОВАРДИ ИЛМИИ ОЛИМИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Чӣ тавре, ки маълум аст, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии факултети математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Назаров Аҳтам Пулотович методи  гузаронидани корҳои контролиро бо номи “Методи Пулот” эҷод кардааст. Дар заминаи методи мазкур якчанд барномаҳои компютериро сохтааст, ки натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белоруссия низ мавриди истифода мебошад. Дар ин баробар дотсент Назаров А.П. оид ба илмҳои методикаи таълими математика ва информатика, таърихи информатика, барномасозӣ ва амсоли инҳо мақолаҳои пурмазмуни илмию методиро нашр менамояд. Дар шумораи №3 (3), 2020, саҳ. 32-36 Паёми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, (Серияи 2. Педагогика ва психология, назария ва методикаи таълим) мақолаи илмии ӯ таҳти унвони “Давраҳои таърихии таълими информатика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ба табъ расида буд, ки  таваҷҷуҳи доираи олимон ва методистони Федератсияи Россияро ба худ ҷалб кардааст. Дар ҳамин асос мақолаи мазкур  ба озмуни байналхалқии XXV “Ташкилоти умумироссиягии коркардҳои илмӣ-тадқиқотии Россия” “ОНР ПТСАЙНС” пешниҳод шудааст, ки ин падида боиси ифтихори мо мебошад.

 
24.01.2023 06:09

БАРРАСИИ КОРҲОИ ТАШКИЛӢ ҶИҲАТИ ОҒОЗИ НИМСОЛАИ ДУЮМИ ТАҲСИЛ

Тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин дар факултетҳои донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор ҷаласаи ҳисоботӣ оиди омодагии факултетҳо ба нимсолаи дуюми соли таҳсил баргузор гардида истодааст. Зимнан, дар таърихи 24 январи соли 2023 чунин ҷаласа дар факултети биология баргузор гардид, ки дар муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло, сардори раёсати таълим Искандар Сулаймонов, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мирзозода Шаҳриёр ширкат намуданд. Дар рафти ҷаласа як қатор масъала, аз ҷумла омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсил, муҳокимаи натиҷаи сессия дар шӯрои олимони факултет ва ҷаласаҳои кафедраҳо, ҷамъбасти даври фаъоли сессияи зимистона, таъйин намудани донишҷӯёни аълохон бо стипендия, ташкили триместр, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, истифодаи васоити техникии таълим дар дарсҳо, омода намудани дарсҳои видеоӣ, риояи интизоми меҳнат, омодагӣ ба аттестатсияи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 
23.01.2023 07:41

ҶАЛАСАИ РЕКТОР: ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ МЕНАМОЯД!

Имрӯз ҷаласаи васеи кории Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия баргузор гардид.

Дар ҷаласа Аҳлиддин Ибодуллозода якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла фаъолияти қисми илмӣ, ташкили гурӯҳи корӣ вобаста ба санҷиши иқтидори илмии кафедраҳо, танзими назорати электронии раванди ҳозиршавӣ ба ҷойи кор, таҳияи лоиҳаи санадҳои заруриро ҷиҳати фаъолияти литсейи наздидонишгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

 
21.01.2023 08:28

ОМОДАГӢ БА НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ ТАҲСИЛ

Тибқи барномаи ҷаласае, ки дар таърихи 21 январи соли 2023 дар факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло баргузор гардид, масъалаҳои омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсил, муҳокимаи натиҷаи сессия дар шӯрои олимони факултет ва ҷаласаҳои кафедраҳо, ҷамъбасти даври фаъоли сессияи зимистона, таъйин намудани донишҷӯёни аълохон бо стипендия, ташкили триместр, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, истифодаи васоити техникии таълим дар дарсҳо, омода намудани дарсҳои видеоӣ, риояи интизоми меҳнат, омодагӣ ба аттестатсияи навбатӣ ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд. Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мирзозода Шаҳриёр, декани факултети педагогика Давлатзода Фаридун, мудирон ва устодони кафедраҳои марбутаи факултет ширкат намуданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ