• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
21.01.2023 05:59
There are no translations available.

НАХУСТҶАЛАСАИ ШӮРОҲОИ НАВТАЪСИС

Бо қарорҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2022 таҳти рақами 308 Шурои диссертатсионии 6D.КОА-069-Адабиётшиносӣ ва таҳти рақами 306 Шурои диссертатсионии 6D.КОА-068-Филология дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дода шуд, ки падидаи нек барои рушди илми донишгоҳӣ мебошад.
Дар ин замина дар таърихи 20 январи соли 2023 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ нахустин ҷаласаи Шӯроҳои мазкур баргузор гардид, ки дар он муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев Соҳибназар, мудири шӯъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ Ахиева Саодат, саркотиби Шӯроҳои диссертатсионӣ Усмонзода Шоҳрух ва аъзои Шӯроҳо ширкат намуданд. Ҷаласаро профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ намуда, таъсисёбии ду Шурои навро ба ҳозирин табрик гуфт. Мавсуф дар ҷараёни суханронии хеш зикр намуд, ки таъсисёбии Шуроҳои болозикр дар донишгоҳ мутахассисонро ба он водор мекунад, ки сари вақт рисолаҳои илмии хешро дифоъ кунанд. Инчунин профессор Дониёр Сангинзод аз меъёрҳои талабшавандаи низоми ин раванд ёдовар шуда, даъват ба амал овард, ки раисону муовинон ва котибони техникӣ онҳоро қатъӣ риоя кунанд.

 
20.01.2023 10:14
There are no translations available.

НАУЧНО-МЕТОДИЧЕСКИЙ СЕМИНАР В РАМКАХ РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ

20 января 2023 на факультете русского языка и литературы Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни по инициативе кафедры методики преподавания русского языка и литературы в рамках реализации Государственной программы «Совершенствования преподавания и изучения русского и английского языков в Республике Таджикистан на период до 2030 года, а также объявленный 2023 год Лидером нации, Основателем мира и единства, уважаемым Президентом Республики Таджикистан Эмомали Рахмоном, годом Русского языка в Республике Таджикистан прошёл научно-методический семинар для преподавателей вузов, колледжей и общеобразовательных учреждений на тему: «Современные подходы к формированию компетентности в условиях многоязычного образования и поликультурности».

 
20.01.2023 10:10
There are no translations available.

ДАРСИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ

Тибқи ҷадвали баргузории дарсҳои кушод, ки аз 22 сентябри соли 2022 тасдиқ шудааст, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти назорати шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ пайваста дарсҳои кушод баргузор мегарданд.Дар асоси ҳамин нақша дар таърихи 20-уми январи соли 2023 бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети химия дарси кушоди номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Наимов З.Ҷ. барпо карда шуд. Мавсуф дар доираи мавзуи “Фалсафаи дониш ва маориф дар Тоҷикистон” моҳияти масъаларо баррасӣ карда, зикр намуд, ки ин мавзуъ аз умдатарин нуктаҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар ин баробар моҳияти асосии мавзуъро ба таври возеҳ баён карда, ҷиҳатҳои илми педагогикаи муосирро, ки ба баланд шудани сатҳи донишу маърифат ва рушди соҳаи маориф равона гардидаанд, барои ҳозирин ошкор намуд.

 
20.01.2023 09:53
There are no translations available.

ДИПЛОМИ “РЕКТОРИ СОЛ” БА АҲЛИДДИН ИБОДУЛЛОЗОДА ТАҚДИМ КАРДА ШУД

Имрӯз, 20-уми январи соли 2023 аз ҷониби намояндаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дипломи ғолиби номинаи “Ректори сол-2022” ба Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ тақдим карда шуд.

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зимни тақдими ҷоиза изҳор дошт, ки боварӣ ва эҳтироми мардум бори дигар моро водор месозад, ки баҳри рушду рифъати мақоми илму маърифат беш аз ҳарвақта талош варзему ба давлату миллати азизамон содикона хидмат кунем.

 
19.01.2023 08:45
There are no translations available.

БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ КАСБОМӮЗИИ ШАҲРИ НОРАК

Дар таърихи 18-уми январи соли 2023 дар Марказии таълимии касбомӯзии шаҳри Норак, ки сохтори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад, оид ба натиҷаҳои фаъолияти он дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022 – 2023 ҷаласаи ҷамъбасти ҳамин давр баргузор гардид. Дар он директори марказ Саидов Баҳодур баромад намуда,зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022 – 2023 барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми таҳсилот, таҳияи барномаҳои нави таълимӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Дар маҷмуъ, нимсолаи аввали соли таҳсили 2022 – 2023 тибқи талаботи муқарраршуда ташкил ва гузаронида шуда, фоизи азхудкунии фанҳои таълимӣ ва сифати таълим нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

 
16.01.2023 06:34
There are no translations available.

НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР МАСТЧОҲ
Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода оид ба ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, инчунин дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 05.07.2022) бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ин навбат шуруъ аз 14 январи соли 2023 дар ду муассисаи таълимии ноҳияи Мастчоҳ: коллеҷи омӯзгорӣ ва коллеҷи кишоварзӣ бо иштироки 30 нафар шунаванда курсҳои равияи педагогика, психология ва фанҳои дақиқро роҳандозӣ намуд.
 
13.01.2023 09:34
There are no translations available.

ИҚДОМИ НАВБАТИИ МАЪМУРИЯТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Субҳи 13 январи соли 2023 бо ташаббуси бевоситаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати тоза кардани пиёдароҳҳо ва таваққуфгоҳҳои атрофи донишгоҳ ҳашари дастаҷамъона анҷом пазируфт. Мавриди зикр аст, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар бартараф намудани мушкилоти ҳаракати одамон ва васоити нақлиёт аз рӯзи нахустини боишоти барфи зиёд ташаббус зоҳир менамоянд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ