• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Monday, 26 December 2022 10:26
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМӢ ҶИҲАТИ ТАҲЛИЛИ НУКТАҲОИ ПАЁМ

Дар таърихи 26 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ҷиҳати таҳлили нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони  «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали илмӣ, таҳлилӣ ва бунёдии ояндасоз» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки барномаи маҳфили мазкур бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода А.И. таҳия гардидааст. Дар навбати нахуст Сангинзод Д.Ш. дар мавзӯи “Мавқеъ ва нақши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат”, сипас устодон Зикирзода Ҳ. дар мавзӯи “Рушди соҳаи маориф – масъалаи калидии Паёми Пешвои миллат”, Рауфов Р. дар мавзӯи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори пешгирии мушкилоти тағирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ”, Аюбов Д. дар мавзӯи “Таҳлили ҷанбаҳои иқтисодии нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ва Назаров Д.,номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, устоди кафераи ҳуқуқ таҳти унвони Масъалаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳои бъайналмилалӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” маърӯзаҳои хешро ироа  карданд.

 
Monday, 26 December 2022 09:37
There are no translations available.

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ИНТИХОБОТ
Субҳи имрӯз, 25-уми декабри соли равон устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар қайди участкаи интихоботии №12-и ҳавзаи интихоботии №19- ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошанд, ба участкаи мазкур ҳозир шуда, ба номзади арзандаи хеш овоз доданд.
Ба шахсоне, ки бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд ва инчунин ба ашхоси аз ҳама аввал ба участка ҳозиршуда аз ҷониби комиссияи интихобот тӯҳфа супорида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки интихобот то соати 20:00 бегоҳии имрӯз идома меёбад.
 
Saturday, 24 December 2022 10:06
There are no translations available.

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН – АМРИ МАЪМУЛӢ

Дар таърихи 24 декабри соли 2022  ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода тибқи ҷадвали муқарраргардида  қабули шаҳрвандонро  ба роҳ монда, вобаста ба муроҷиати онҳо арзу дархосташонро баррасӣ намуд. Лозим ба зикр аст, ки муроҷиати  шаҳрвандон  аз тарафи роҳбари Донишгоҳ дар доираи  талаботи қонун ҷараён гирифта, аксари онҳо қонеъ карда шуданд.  Бештари дархосту муроҷиатҳо ба  барқарор шудани донишҷӯён  ва кам кардани маблағи шартнома  вобаста буданд ва  дар ҳамин маврид  супориши ректори донишгоҳ  ба андозаи аз 10 то 20 фисад кам кардани маблағи шартномаи он донишҷӯёне, ки 400 луғати серистеъмоли забонҳои русӣ ва англисиро бо иловаи ду ғазали муқарраршуда балад  буданд, ба инобат гирифта  шуд.

 
Saturday, 24 December 2022 08:21
There are no translations available.

ОҒОЗИ ОЗМУНИ “ШОҲНОМАХОНӢ”

Дар таърихи 24 декакбри соли 2022 дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба тарғиб ва ҷалби иштиёқмандон ба маҳфили “Шоҳномахонӣ” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамоишро аз номи Раёсати донишгоҳ мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷобир ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки ин ташаббус бевосита аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин тарҳрезӣ гардидааст. Тибқи дастури роҳбари донишгоҳ бояд озмуни “Шоҳномахонӣ” таъсис гардида, шартҳои ба довталабони ин озмун пешниҳод карда шавад. Дар идома зикр гардид, ки озмун аз ҳозир оғоз гардида, ниҳояти он дар арафаи иди “Наврӯз” ҷамъбаст мешавад. Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт, профессор Исрофилниё Шарифмурод оид ба мавқеъ ва аҳамияти “Шоҳнома” ибрози андеша ронд ва зикр кард, ки маҳфили “Шоҳномахонӣ” аз ҷумлаи усулҳои маърифатии мардуми тҷоик ба шумор меравад.

 
Friday, 23 December 2022 09:43
There are no translations available.

ҶАМЪОМАД ДАР ФАКУЛТЕТҲО

Дар таърихи 23 декабри соли 2022 ба ғайр аз ҷамъомади умумӣ дар толори асосӣ дар ҳама факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати истимои  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷамъомадҳо барпо гардиданд. Дар ҷараёни назарсанҷӣ  аксар омӯзгорону кормандони факултетҳои Донишгоҳ Паёми навбатии Сарвари давлатро ҳамчун пайки такондиҳандаи ҷомеа шарҳ доданд. Онҳо изҳор доштанд, ки дар умум Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, хусусан соҳаи маориф нигаронида шудааст.

 
Friday, 23 December 2022 09:16
There are no translations available.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМ ПАЙКИ ХУШЕСТ БАРОИ МИЛЛАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест, ки самтҳои асосии минбаъдаи сиёсати дохилию хориҷии кишварамонро  муайян менамояд. Пас аз ироа гардидани ҳар як Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд ва рушду такони ҷиддие, дар ҳама самтҳою соҳаҳо эҳсос карда мешавад. Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, боз як такони бузурге барои пешрафт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, хоссатан дар рушду тавсеаи соҳаи маорифу илми кишвар нақши худро хоҳад гузошт.

Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Паёми навбатии Сарвари давлатро хуш пазируфта, баҳри истимои ин рисолати хуш дар толорҳои муқарраршуда ҷамъ омаданд.

 
Friday, 23 December 2022 02:50
There are no translations available.

БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН КУМАКПУЛӢ ДОДА МЕШАВАД!
22-юми декабри соли 2022 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар вохӯрӣ бо ятимону маъюбон дар остонаи Соли нави мелодӣ дастур фармуд, ки ба 140 нафар ятимону маъюбони гурӯҳҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм новобаста аз идрорпулии (стипендия) ҳамешагӣ, кумакпулии яквақтаина ба миқдори 200 сомонӣ ба ҳар яки онҳо дода шавад.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки ғамхорӣ ба маъюбону ятимон аз татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвари маҳбубамон сарчашма гирифта, ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд набояд худро ҳаргиз яккаву танҳо ҳис кунанд.
 


Page 41 of 306
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в