• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
22.12.2022 11:17
There are no translations available.

100 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ИТТИҲОДИ ШУРАВӢ

Бо ибтикори кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 22 декабри соли 2022 бахшида ба 100-солагии таъсисёбиии ИҶШС таҳти унвони «Иттиҳоди Шуравӣ: таърих ва хотироти таърихӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Тибқи барномаи таҳияшуда мизи мудаввар дар ду бахш бо фарогирии 21 маъруза кори худро оғоз намуд, ки дар он масоили мухталиф, аз ҷумла таъсисёбӣ, мушкилоти давраи пасазинқилобӣ, дастовардҳо ва омилҳои барҳамхӯрии ИҶШС мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мизи мудавварро муовини декан оид ба корҳои илмӣ, дотсент Умаров А. оғоз бахшид ва дар ҷараёни маҳфили илмӣ устодони факултети таърих ва ҳуқуқ: мудири кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ н.и.т, Т. Наҷмуддуддинов, дотсентон Н. Давлатбеков, М. Шаропова, М. Буриев,  Ғ. Роҳатов маърузаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

 
22.12.2022 06:51
There are no translations available.

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ САТҲИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

Дар таърихи 22-юми декабр соли 2022 маҳфили «Таърихшинос»-и назди кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ ҷамъомади навбатии худро дар мавзӯи «Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид» баргузор намуд, ки дар он муовини декан оид ба илм, дотсент Умаров А, мудири кафедраи мазкур, дотсент Сайнаков С.П., роҳбари маҳфил Зубайдуллоев С. ва як зумра устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Маҳфилро мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, дотсент Сайнаков С.П. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо мавзӯъ ва барнмоаи маҳфил ошно намуд.

 
22.12.2022 05:26
There are no translations available.

ВОЗОБНОВЛЕНИЕ РАБОТЫ РУССКОГО ЦЕНТРА

21 декабря 2022 года Сергей Александрович Улитин, главный менеджер управления русских центров посетил Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни и встретился с проректором по научной работе, профессором Сангизодом Д.Ш. и деканом факультета русского языка и литературы Исломовой Дж.

В ходе встречи были обсуждены вопросы по возобновлению работы Русского центра, который был создан в ТГПУ им. С.Айни несколько лет назад.

 
22.12.2022 05:25
There are no translations available.

ГУЗОРИШИ ОМӮЗГОРОН АЗ ДОНИШГОҲИ БРЕСТ

Чӣ гуна, ки дар гузоришҳои қаблӣ зикр шуда буд, дар асоси қарордодҳои шартномаҳои мутақобила як зумра омӯзгорони донишгоҳи омӯзгорӣ: деканони факултетҳои таърих ва ҳуқуқ Ҳусейнов А.Қ., психология Дадабоева М.С., педагогика Давлатзода Ф. Ш. ва география Қаландаров А. А. дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Брест ба номи А.С.Пушкин қарор доранд. Онҳо дар муддати рӯзҳои 12 – 24 декабри соли 2022 тибқи барномаи муқарраршуда, ки аз ҷониби роҳбари донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои донишгоҳи мазкур ба тасвиб расидааст, дар баргузории як қатор чорабиниҳо иштирок мекунанд ва инчунин шахсан дарсу ҳамоишҳо барпо мекунанд.Мусалламан барномаи инфиродии омӯзгорон дар доираи ихтисоси онҳо дар доираи 12 банд нақша –чорабиниҳо амалӣ мегардад, ки то имрӯз (21 декабри соли 2022) аксари барномаҳо иҷро шудаанд.

 
22.12.2022 05:23
There are no translations available.

ТУҲФАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ ЯТИМ

20-уми декабри соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар остонаи Соли нави мелодӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварда, бо Зафар Гулзода, раиси ноҳияи мазкур аз Мактаб-интернати кӯдакони ятим дидан намуда, ректори донишгоҳ ба 131 ятими ин Мактаб-интернат 131 баста сару либоси зимистона ва лавозимоти дарсӣ, аз ҷумла 150 ручка, 330 дафтар, 150 қалам ва 50 нусха китобҳои барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим, тақдим кард.

Илова бар ин, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо иттифоқи касаби кормандону омӯзгорон ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ин Мактаб-интернати барои кӯдакони ятим кумаки яквақтаи ғизоӣ аз қабили 5 халта орд, 10 халта пиёз, 10 халта картошка, 2 халта биринҷ, 1 халта шакар, 150 литр равған, 40 кило гушт, 100 дона собун, 50 кило макарон, инчунин себ, мандарин, анор, нок, обҳои нӯшокии гуногун ва маҳсулоти қаннодии мухталиф расонида шуд.

 
17.12.2022 09:22
There are no translations available.

РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ ГУФТУГӮИ ФАРҲАНГҲО

Дар таърихи 17-уми декабри соли равон бо ибтикори садорати факултети забонҳои романӣ-германӣ бахшида ба 30 – солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ дар партави гуфтугӯи фарҳангҳо” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия як қатор муҳаққиқон аз кившарҳои хориҷӣ, аз қабили Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Росия ширкат намуданд. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва ҳамзамон сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин расонд. Сипас, муовини сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳ урии Тоҷикистон Филип Иду сухан ронда, ҳозиринро ба муносибати 30 – солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса табрик намуда, инчунин ба иштирокдорон дар кори конференсия комёбӣ хоҳон шуд.

 
17.12.2022 03:23
There are no translations available.

САҲМИ МУНОСИБИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Тавре ки дар расонаҳо  иттилоъ дода шудааст, 5-16 декабри соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он  довталабон  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия - хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ сурат гирифт.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ