• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
17.11.2022 05:18
There are no translations available.

ДАР РУҲИ МАРДИ САХӢ НУРУ САФОСТ!
Имрӯз,16-уми ноябри соли 2022 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент ба омӯзгорону донишҷӯёне, ки дар хобгоҳҳои Донишгоҳ иқомат менамоянд, хӯроки шом тақдим намуд.
Маврид ба зикр аст, ки раёсати Донишгоҳ ба таври доимӣ новобаста аз иду айём ба бошандагони хобгоҳҳои Донишгоҳ ҳамеша дасти ёрӣ дароз намуда, дархости онҳоро барои шароити созгори зист, таъмин менамояд.
 
17.11.2022 05:13
There are no translations available.

АРҶГУЗОРӢ БА САНАИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

Дар таърихи 16-уми ноябри соли 2022 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони ректор оид ба корҳои таълимӣ, дотсент Айнулозода Наҳтулло, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Дониёр, сардори маркази бақайдгширӣ, машваратӣ ва ягонаи тестӣ, дотсент Назаров Давлатхон, садорат ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Дотсент Айнулозода Наҳтулло, профессор Сангинзод Дониёр ва профессор Восиева Рухшона перомуни паҳлуҳои гуногуни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санаи муҳими тақдирсоз барои миллати тоҷик, мақсад ва муҳтавои гиромидошти Рӯзи Президент сухан ронда, андешаҳои ҷолиб ироа намуданд.

 
16.11.2022 10:07
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ФАКУЛТЕТ

Дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шурои кураторон Н. Сатторов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Д. Каримов, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Д. Раҷабов, мудири шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа Ш. Алланазаров, раиси шурои занон М. Давлатзода, садорати факултет ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро декани факултет А. Қаландаров ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти Иҷлосияи 16-ум дар бунёди давлати навини тоҷикон изҳори андеша намуд.

 
16.11.2022 09:53
There are no translations available.

АКСИЯИ МУШТАРАК БО УНВОНИ "ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"

Субҳи имрӯз, дар таърихи 16 ноябри соли 2022  бо ташаббуси  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ аксияи муштараки дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат" баргузор гардид. Дар аксияи мазкур зиёда аз 2500  адад варақаҳои тарғиботӣ - иттилоотӣ ва тақвимҳо ба омӯзгорону кормандон ва  донишҷӯён, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил ва фаъолият мекунанд, тақдим карда шуд.

 
16.11.2022 09:28
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ ҶАШНҲОИ МУҚАДДАС

Бо ибтикори  факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни дар таърихи 16-уми ноябри соли 2022 таҳти унвони  “16 – УМИ НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”  бо иштироки садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва як зумра устодону донишҷӯён  маҳфили илмӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро декани факултет Мирзораҳимов А. ифтитоҳ намуда, омузгорон ва донишҷӯёнро бахшида  ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ табрик намуда,  қайд намуд, ки Иҷлосияи тақдирсоз, ки 30 сол қабл дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, рӯйдоди бузурги таърихие мебошад, ки дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи сифатан навро бунёд гузошт.

 
15.11.2022 16:27
There are no translations available.

КОНФРОНСИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШУРОИ ОЛӢ


Имрӯз, 15-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети таърих ва ҳуқуқ конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Н.Хисрав, Қаҳҳор Расулиён, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ, Ҳайдаршо Пирумшоев, доктори илмҳои таърих, профессор, муовинони ректор ва як зумра омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.

 
15.11.2022 16:05
There are no translations available.

ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАИ ДОНИШГОҲ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ПОЙТАХТ

Санаи 15-уми ноябр дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси таҷрибаомўзони гурўҳи 5 физика-информатика, таҳти роҳбарии методисти кафедраи методикаи таълими физика Бобониёзова Г.А. ва хонандагони синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии омўзгори физикаи ҳамин муассисаи таълимӣ Абдуллоева С.Ҳ. дар мавзўи «Электриконии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳфили илмӣ – фароѓатӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, даќиќ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 ташкилу гузаронида шуд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ