• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
19.11.2022 03:49
There are no translations available.

РЕКТОР: ОЛИМПИАДАҲОИ ДОХИЛИДОНИШГОҲӢ ОМИЛИ ДАРЁФТИ ДОНИШҶӮЁНИ БОЛАЁҚАТ

Бо мақсади рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби бештари донишҷӯён ба илмомӯзиву азбар намудани донишҳои замонавӣ ректори Донишгоҳ тасмим гирифт, ки олимпиадаи фаннии дохилидонишгоҳиро дар миёни донишҷӯёни 14 факултети Донишгоҳ баргузор намояд.

Олимпиадаи дохилидонишгоҳии мазкур аз рӯи 14 фан, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар факултетҳои Донишгоҳ баргузор шуда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом ва ифтихорномаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

 
18.11.2022 09:00
There are no translations available.

ДАРСИ КУШОД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМ

Бо ибтикори муаллими калони кафедраи физикаи эксперименталии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Алишери З. дар таърихи 18-уми ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид. Дар дарси мазкур раиси Шурои кураторони Донишгоҳ Сатторов Н., декани факултет Назруллоев А., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Ниёзов С., мудири кафедраи физикаи эксперименталӣ Муҳаббатов Х. ва як зумра устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Донишҷӯён доир ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки парчам аз ҷумлаи рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешавад. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

 
17.11.2022 08:37
There are no translations available.

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ АВВАЛИ  КУРС – ТРЕНИНГ

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ва ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” дар доираи лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” барои омӯзгорони фанни забони англисӣ дар се давра курс-тренинг ба нақша гирифта шудааст, ки баргузории даври аввали он  аз 14-ум то 16 – уми ноябри соли 2022 пешбинӣ гардида буд, ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбасти даври якуми курс-тренинг муовини ректори донишгоҳ  оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Азимов М., директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н. ва  менеҷери барнома Мирзовафоева Г. иштирок намуда, ба иштирокчиёне, ки талаботи нақшаи пешбинишударо пурра аз худ намудаанд, шаҳодатномаи хатми курс  тақдим карданд.

 
17.11.2022 05:18
There are no translations available.

ДАР РУҲИ МАРДИ САХӢ НУРУ САФОСТ!
Имрӯз,16-уми ноябри соли 2022 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент ба омӯзгорону донишҷӯёне, ки дар хобгоҳҳои Донишгоҳ иқомат менамоянд, хӯроки шом тақдим намуд.
Маврид ба зикр аст, ки раёсати Донишгоҳ ба таври доимӣ новобаста аз иду айём ба бошандагони хобгоҳҳои Донишгоҳ ҳамеша дасти ёрӣ дароз намуда, дархости онҳоро барои шароити созгори зист, таъмин менамояд.
 
17.11.2022 05:13
There are no translations available.

АРҶГУЗОРӢ БА САНАИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

Дар таърихи 16-уми ноябри соли 2022 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони ректор оид ба корҳои таълимӣ, дотсент Айнулозода Наҳтулло, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Дониёр, сардори маркази бақайдгширӣ, машваратӣ ва ягонаи тестӣ, дотсент Назаров Давлатхон, садорат ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Дотсент Айнулозода Наҳтулло, профессор Сангинзод Дониёр ва профессор Восиева Рухшона перомуни паҳлуҳои гуногуни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санаи муҳими тақдирсоз барои миллати тоҷик, мақсад ва муҳтавои гиромидошти Рӯзи Президент сухан ронда, андешаҳои ҷолиб ироа намуданд.

 
16.11.2022 10:07
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ФАКУЛТЕТ

Дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шурои кураторон Н. Сатторов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Д. Каримов, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Д. Раҷабов, мудири шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа Ш. Алланазаров, раиси шурои занон М. Давлатзода, садорати факултет ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро декани факултет А. Қаландаров ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти Иҷлосияи 16-ум дар бунёди давлати навини тоҷикон изҳори андеша намуд.

 
16.11.2022 09:53
There are no translations available.

АКСИЯИ МУШТАРАК БО УНВОНИ "ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"

Субҳи имрӯз, дар таърихи 16 ноябри соли 2022  бо ташаббуси  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ аксияи муштараки дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат" баргузор гардид. Дар аксияи мазкур зиёда аз 2500  адад варақаҳои тарғиботӣ - иттилоотӣ ва тақвимҳо ба омӯзгорону кормандон ва  донишҷӯён, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил ва фаъолият мекунанд, тақдим карда шуд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ