• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Thursday, 03 November 2022 10:06
There are no translations available.

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бо чунин унвон дар таърихи 3-юми ноябри соли 2022 бо ибтикори факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ бахшида  ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкурро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо 28-умин солгарди қабули ин санади муҳим табрик намуд. Сипас, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Маҳмудзода Маҳкам Аъзам ва профессори кафедраи ҳуқуқ Эмомалӣ Буризода сухан карда, зикр намуданд, ки дар муддати 28 сол Конститутсия ҳамчун санади роҳнамо ва пойдевори ҳуқуқӣ ҷиҳати бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши арзанда гузоштааст.

 
Thursday, 03 November 2022 07:17
There are no translations available.

ҲАМОИШ ДАР МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗИИ КАДРҲО ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “ЗАБОНИ АНГЛИСӢ БИДУНИ САРҲАДҲО”

Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” курсҳои омўзишии семоҳаи забони русӣ ва англисиро барои устодон ва кормандони донишгоҳ роҳандозӣ намуда, баргузории он дар айни ҳол идома дорад.

Илова бар ин марказ дар таърихи 03.11.2022 дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” вохўрӣ анҷом дод. Дар ин вохўрӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ. профессор Сангинов Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо Азимов М., ва директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н.,  менеҷери барнома Мирзовафоева Г., як зумра омўзгорон ва донишҷўёни факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ширкат варзиданд. 

 
Thursday, 03 November 2022 05:24
There are no translations available.

ҲАМОИШ ДАР ДОИРАИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ЭРОН ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар доираи рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши фарҳангие бо иштироки фарҳангиёни Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Намояндагони вазорати фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эронро ректори Донишгоҳ зимни ташриф бо дастовардҳои тозанашр, аз ҷумла китобҳои олимони Донишгоҳ ва нусхаҳои нодири дасхатҳои китобхонаи Донишгоҳ шинос намуд. Маврид ба зикр аст, ки баъд аз муаррифии дастовардҳои тозанашр дар толори фарҳангии Донишгоҳ ҳамоиши фарҳангию маърифатӣ сурат гирифт.

 
Wednesday, 02 November 2022 08:07
There are no translations available.

 

ОҒОЗИ ДАРСҲО ДАР КУРСҲОИ ТАЙЁРӢ
1-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ машғулиятҳо дар курсҳои тайёрӣ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, биология, биохимияи тиббӣ, химия, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик дар асоси шартнома оғоз гардид.
Зимни ифтитоҳи машғулиятҳо Қурбон Қосимов, мудири шуъбаи курсҳои тайёрӣ иброз дошт, ки тибқи нақша шунавандагон ҳафтае панҷ маротиба аз рӯйи нуҳ фан мувофиқи кластерҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба машғулиятҳо ба таълиму омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола довталабоне, ки дар курсҳои тайёрии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамоянд, бедуни мушкилот ба дилхоҳ Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар бо дониши худ дохил мешаванд.
 
Wednesday, 02 November 2022 08:06
There are no translations available.

ВАЗОРАТ: ДОНИШҶӮЁН БО МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ ТАЪМИН ВА ЛАБОРАТОРИЯҲО БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ МЕБОШАНД
Субҳи 1-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби намояндагони Раёсати мактабҳои олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳолати фаъолияти лабораторияҳо, сифати таълим, маводҳои таълимӣ ва давомоти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни боздид Наврӯз Мирзозода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Сулаймон Исвализода, муовин ва кормандони дигари ин ниҳод, аз ҷумла Амиршо Ҷаъфаров, Муҳсин Саидшозода, Нодира Ҳасанзода ҳузур доштанд ва ҳайатро шахсан Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ ҳамроҳӣ намуд.
 
Tuesday, 01 November 2022 08:15
There are no translations available.

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ГЛОБУС”

Кафедраи географияи табии  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  дар таърихи 1 ноябри соли 2022 маҳфили илмии хешро дар мавзўи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф” баргузор намуд. Маҳфили илмии мазкурро мудири кафедраи географияи табиӣ  Рауфов Р.Н. кушода, доир ба ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки марбут ба соҳаи маориф мебошад, маълумоти мухтасар доданд.

 
Tuesday, 01 November 2022 08:13
There are no translations available.

РОБИТАҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД
Дар таърихи 31-уми октябри соли ҷорӣ муовини ректори Донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фаррух Худойдодзода дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 150-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав иштирок намуд. Мавсуф зимни ширкат дар чорабинии болозикр табрикоти Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори ДДОТ ба номи С. Айниро ҳамроҳ бо туҳфаҳои расмӣ ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав А.В. Лубков тақдим намуд. Зимнан Ф. Худойдодзода дар ҷаласаи васеи шурои олимони ДДОМ иштирок намуда, баҳри таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо роҳбарони муассисаҳои шарик мулоқот намуд.
 


Page 55 of 306
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в