• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Monday, 31 October 2022 02:50
There are no translations available.

ҚАБУЛИ РЕКТОР: МУРОҶИАТҲО ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БАРРАСӢ МЕШАВАНД
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ дар даромадгоҳи бинои асосӣ қабули шаҳрвандонро баргузор намуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби ректори Донишгоҳ арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагон шунида шуда, дар доираи қонун мавриди баррасиву дастгирӣ қарор гирифтанд.
 
Friday, 28 October 2022 11:28
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТӢ

Бо мақсади мавриди иҷро қарор додани талаботи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1337 аз 13 сентябри соли 2022 ҷиҳати омӯзиш ва азхуд кардани вожаҳои забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ(400 калима) дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳисоби устодону кормандони донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Вобаста ба масъалаи мазкур дар таърихи 28 октябри соли 2022  таҳти роҳбарии  ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни гурӯҳи корӣ низ иштирок намуданд.

 
Friday, 28 October 2022 10:58
There are no translations available.

ШОИРИ АШЪОРИ ДИЛНИШИН

Тибқи нақша - чорабиниҳои Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 28 октябри соли 2022 дар донишгоҳ маҳфили илмӣ – адабӣ бо унвони “Хирадмандон” барпо гардид. Ба маҳфили навбатӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири  маҷалаи миллии адабии “Садои Шарқ” Давлати Раҳмониён даъват гардида буд, ки ӯ миёни аҳли каломи маъонӣ соҳиби ҷойгоҳи хоссаи хеш буда, ашъораш миёни соҳибдилон ҳанӯз аз оғози садаи нав мавриди баҳсу гузоришҳои аҳли илму фазл  қарор гирифтааст. 

 
Friday, 28 October 2022 07:57
There are no translations available.

 

ТАШАББУС: БЕҲТАРШАВИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ВА ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БО КОЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Тибқи дастури Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ дар Коллеҷи омӯзгорӣ мунтазам аз тарафи омӯзгорони таҷрибадори Донишгоҳ дарсҳои намунавӣ баргузор карда мешавад.Дар ин замина 24-уми октябри соли 2022 аз тарафи Ҷамила Саидова, омӯзгори соҳибтаҷриба,номзади илмҳои филологӣ, дотсент дарси намунавӣ аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик дар мавзуи "Давраҳои инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик" дар курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.

 
Friday, 28 October 2022 03:13
There are no translations available.

ҲАМОИШИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН ВА 30 – СОЛИ ИҶЛОСИЯ"


Имрӯз бо ташаббуси Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони Донишгоҳ таҳти унвони “Ҷавонон ва 30 – соли Иҷлосия” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода, роҳбари Дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фаридун Ҳусензода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Давлатшоҳ Каримов, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳ Раҷабов Дилшод, мудири шуъбаи фарҳанг Озодамо Ашурова, мудири бахши кор бо занону духтарон Муслима Давлатова, муовинони декан оид ба тарбиявӣ ва донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ иштирок намуданд. 

 
Friday, 28 October 2022 02:57
There are no translations available.


БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ДАСТАҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

Дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ то оғози соли таҳсили ҷорӣ танҳо як гурӯҳи олимпӣ аз рӯйи фанни забони англисӣ амал мекард. Соли ҷорӣ бо ташаббуси ректори донишгоҳ муҳтарам Ибодуллозода А.И. шумораи дастаҳои олимпӣ ба се адад расонида шуда, имрӯз дар факултет се дастаи олимпӣ аз рӯйи фанҳои забони англисӣ, забони хитоӣ ва забони кореягӣ омодагӣ мебинанд. Дар дастаҳои олимпӣ донишҷӯён ҷиҳати иштирок намудан дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки машғулиятҳои дастаҳои олимпии факултет ҳафтае се маротиба баргузор гардида, омӯзгорони ҳам соҳибзабон ва ҳам ватанӣ машғулиятҳоро мегузаронанд.
Дар таърихи 27.10.2022 машғулияти дастаи олимпии факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ аз фанни забони англисӣ бо роҳбарии омӯзгори соҳибзабон хонум Айлин Ҷиаманко баргузор гардид. Дар машғулият аъзои дастаи олимпӣ ва муовини декан оид ба илми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ Мирато Комилов ширкат намуданд.

 
Friday, 28 October 2022 02:52
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ
Тибқи Нақшаи кории Шӯрои илмӣ-методии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 27 октябри соли 2022 ҷаласаи навбатӣ барпо гардид. Ҷаласаро раиси Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ, профессор Сангинзод Д.Ш. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд гирифт:
1. Ҳолати иҷроиши лоиҳаҳои фармоишӣ, грант ва бурсия дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва факултетҳо / Гузориши сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев Соҳибназар
 


Page 56 of 306
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в