• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
14.09.2022 10:00

ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИРО ДАР ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР МЕНАМОЕМ!

Имрӯз бо ибтикори Аҳлиддин Ибодуллозода дар саҳни даромадгоҳи бинои асосӣ намоиши дастовардҳои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар намоиш аз ҷониби садорати 14 факултети донишгоҳ дастовардҳо, аз ҷумла китобҳои муфиди дарсии дар солҳои 2019 - 2022 таълифшуда, донишномаҳо, медалу ҷоизаҳои омӯзгорону донишҷӯён, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиб шудаанд, шаҳодатномаҳо, диплому медалҳо ва патентҳое, ки барои ихтироъкорӣ ба даст овардаанд, рӯнамоӣ гардиданд. Ректори донишгоҳ зимни боздид иброз дошт, ки мақсад аз рӯнамоӣ-муаррифӣ намудани дастовардҳои донишгоҳ ва инчунин ташвиқи омӯзгорону олимон ба таълифи бештари китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, дарёфти ихтироъкорон, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба навовариву ихтироъкорӣ мебошад.

 
13.09.2022 10:15

БА ТОЗАГИВУ ОБОДОНӢ ДИҚҚАТ БОЯД ДОД

12-уми сентябри соли 2022 гурӯҳи кории қисми тарбия таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Н. Н. аз хобгоҳҳои №2 ва №6 боздид ба амал оварда, бо донишҷӯёни ин хобгоҳҳо суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд. Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Н. Н. ба хотири беҳтар намудани вазъи санитарию гигиении ҳуҷраҳои истиқоматӣ ба донишҷӯён тавсияҳои муфид дода, хоҳиш ба амал овард, ки ба тозагиву озодагии ҷойи истиқоматии худ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин ба комендатҳои хобгоҳҳо супориш дода шуд, ки дар ҳар як ҳуҷраи истиқоматии донишҷӯён гулҳои сабзи ороишӣ ташкил намоянд.

 
12.09.2022 07:02

ҶАЛАСАИ РЕКТОР: МУАЛЛИФОНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ, бо иштироки муовинони ректор, деканони факултетҳо ва сардорони раёсат ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Дар ҷаласа ректори донишгоҳ як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла назорат ва муайян намудани донишҷӯёне, ки то ҳол шартномаи таҳсилро пардохт накардаанд, ҳолати ҳозиршавии донишҷӯён ба дарс, баргузор намудани намоиши дастовардҳои факултетҳо дар даромадгоҳи бинои асосӣ, пешниҳоди ихтисоси нав, ташкили суҳбат-вохӯрӣ бо волидони донишҷӯёни курси аввал, ивази бесабаби дарсҳо аз ҷониби омӯзгорон, дарсшиканӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯёни дар курси хатм қарордошта, дастгирии донишҷӯёни ниёзманд, фармоишҳои интиқолу барқарор, иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳо ва назорати қатъии донишҷӯёнро дар дарс мавриди баррасӣ қарор дод.

 
12.09.2022 05:12

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ ОБОДӢ
Бо мақсади зебову озода нигоҳ доштани атрофи муассисаи таълимӣ субҳи имрӯз шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.
Дар шанбегӣ атрофи биноҳои таълимӣ ва ёрирасони донишгоҳ аз партовҳо покиза ва ҳалқагулҳои мавсимии саҳни муассисаро аз алафҳои бегона ва худрӯй тоза намуданд.
 
06.09.2022 09:25

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

Иқдомҳои шоистаи сарварони ду ҷумҳурии бародар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ байни ин ду кишвари ҳамҷавор роҳи васеъ кушод. Айни замон ниҳодҳои гуногуне дар ҳар ду кишвар дар фазои дӯстию бародарии ҳамешагӣ ҳамкориҳои судмандеро роҳандозӣ карда истодаанд.

 
06.09.2022 09:08

БА ТАВАҶҶУҲИ ҲАВОДОРОНИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСӢ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикор ва дастгирии ректори муассиса д.и.т., профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло нашри маҷаллаи нави илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои забоншиносӣ” шуруъ гардид.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки маҷаллаи мазкур ба талаботи стандарти байнамилалии илмӣ ҷавобгӯ буда, дар рӯзҳои наздик мақолаҳои ин маҷалла ба рӯйхати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (РИНЦ; SCOPUS) ворид карда мешавад.

 
30.08.2022 14:05

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ

30-юми августи соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти раисии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод нахустин ҷаласаи Шӯрои илмӣ-методии соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид.

 
30.08.2022 14:03

СИТОД: ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Имрӯз бо ширкати муовинон ва деканони факултетҳо, мудирони шуъбаҳо ҷаласаи назди ректори донишгоҳ баргузор гардид.

Аҳлиддин Ибодуллозода зимни ҷаласа роҷеъ ба масъалаи омодагии донишгоҳ ба соли нави таҳсил изҳор назар намуда, таъкид кард, ки ҳар як омӯзгор бояд ба дарсҳо бо тайёрии хуб ҳозир шавад.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ