• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
19.03.2022 06:32

НАВРӮЗ ВА ТАЪРИХИ ҶАШНҲОИ ОРИЁӢ

ШОҲНАЗАР Бердизода, номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Дар таърихи тамаддуни башарият ҷашнвораеро ба мисли Наврӯз пайдо намудан кори муҳол мебошад. Наврӯз аз замонҳои хело қадим падид омада, то ба имрӯз асолати пойдору устувори худро ҳифз намудааст. Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои миллии қавмҳои ориёист, ки то рӯзгори имрӯзаи мо пойдор ва бегазанд мондааст.

Муҳаққиқони асили илму таъриху фарҳанг хуб медонанд, ки ҷомеаи инсонӣ дар тӯлӣ таърих таҳаввулотҳои зиёдеро аз сар мегузаронанд. Давлатҳои гуногуни дунё дар давраи салтанаташон ҳамзамон ҷашнҳои зиёди бошукӯҳу шаҳомат доир мекунанд, аммо бо гузашти вақт ин ҷашнҳо манзалати худро аз даст дода, аз байн мераванд. Аз ин рӯ  ҷашнҳои дар таърихномаҳо боқимонда бештар хусусияти сиёсӣ ва идеологӣ дошта аз арзишҳои умумибашарӣ холӣ буданд.

 
19.03.2022 05:39

ШАБИ ЭҶОДӢ ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

18 марти соли 2022 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори Наврўзи байналмилалї шаби эҷодии мудири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, шоир ва адабиётшинос Абдуљаббори Суруш баргузор гардид. Дар маҳфил адибон ва олимони варзидаи кишвар, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Дар идомаи шоми шеъру адаб шоир Суруш ашъори тозаэҷоди худро манзури њозирин гардонид. Иштирок ва баромади  устодони санъати тоҷик Баҳрулло Абдуллоев, Орзугул Хӯҷамова, Алишери Қаноатзода ва Гулпарӣ Орифзода ба маҳфил сафо ва файзи хосае бахшид.

 
19.03.2022 05:12

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ

Бо оғоз шудани фасли баҳор ҷашни Наврӯз ҳам фаро мерасад. Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллӣ ва қадимии халқи тоҷик ба шумор рафта, тибқи бархе ривоятҳо аз замони шоҳ Ҷамшед ба мо ба мерос мондааст ва ҳамасола мо ин ҷашни ҳамакнун байналмилалиро дар айёми баҳорон ва бедоршавии табиат таҷлил менамоем. Ҳамин тавр, имсол низ санаи 18 март дар як қатор факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу тантанаи хосса мавриди истиқбол қарор гирифт.

 
19.03.2022 02:36

Паёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон ҒАФФОРӢ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

НАВРӮЗ ИМСОЛ ФАЙЗИ ТОЗА ОРАД!

Муҳтарам устодон!

Донишҷӯёни азиз!

Дар диёри биҳиштосои мо, Тоҷикистони тозаистиқлол, чун ҳамеша боз фасли баҳор, фасли фархунда, эҳёи оламу одам ва бедории табиати афсункор домони фарохи саодатбори худро густурда, ҷашни бостонии аҷдодиа­монро, ҷашнеро, ки имрӯз эътирофи ҷаҳонӣ дарёфтаву Наврӯз ном дорад, ба сарза­мини куҳанбунёди мо овард.

Наврӯзи ҷаҳонии моро аҳли таҳқиқ сароғози офари­ниш, маншаи ҳаёт хондаанд. Аз забони ниёкони сухангу­старамон бигӯем:

Баҳор имсол хуштар менамояд,

Ҷаҳон фирдавси дигар менамояд.

 
18.03.2022 04:16

БОЗДИД АЗ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

17 марти соли 2022 раёсат ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, дидан карданд. Дар намоиши мазкур ёдгориҳои нодири таъриху тамаддуни халқи тоҷик, ки дар Осорхонаи ҳунарҳои миллии Осиё “Гиме”-и Фаронса аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 муаррифӣ гардида буданд, ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд. Дар рафти боздид аз намоиш намояндагони сохторњои гуногуни донишгоњ дар бораи таъриху тамаддуни халқу миллати худ маълумотҳои тоза гирифтанд.

 
17.03.2022 11:43

ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД!

17 марти соли 2022 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид. Дар ин озмун муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминзода Манижабону, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Дар фарҷом ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 
17.03.2022 11:32

МАҶЛИСИ ШУРОИ МАРКАЗИИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БАРГУЗОР ГАРДИД

17 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси Шурои марказии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” баргузор гардид. Дар кори он муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси ташкилоти ҷамъятии ҷавонон “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” Аҳмадзода Оятулло Изатулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, аъзои Шурои марказӣ, роҳбарони намояндагиҳои ташкилот дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

 
17.03.2022 11:25

АҶАБ НАКҲАТЕ ДОРАД НАВРӮЗ

17 марти соли 2022 дар факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Сараввал профессори кафедраи забони олмонӣ Хайрулло Сайфуллоев ҳозиринро бо фарорасии Наврӯз табрик намуд. Сипас, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз тарафи донишҷӯёни соли панҷум ташкил шуда буд, пешкашӣ ҳозирин  карда шуд. Барнома аз намиошӣ либосҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, рақсу суруд иборат буд.

 

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ