• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
11.12.2021 10:10
There are no translations available.

 

РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2.JPG - 57.47 Kb10 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети география конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ба ифтихори “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва инчунин ба муносибати 80 – солагии олими намоёни соҳаи география Алишер Ҷӯраев таҳти унвони “Рушди илмҳои табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёни ин конференсияи сатҳи баландро ба ин даргоҳи илму таълими кишвар хушомадед намуд.

 
10.12.2021 05:33
There are no translations available.

 

ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ – ОМИЛИ ЯГОНАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ


1.JPG - 210.23 Kb6 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи биохимия ва генетикаи факултети биология бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиди ВНМО семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Пешгирии бемориҳои сироятӣ – омили ягонаи тарзи ҳаёти солим” баргузор гардид. Дар семинари мазкур мутахассисон аз МД Маркази тиббӣ-шаҳрии №2 Ҳаётхон Солиева ва Бегиҷон Амонов иштирок варзида, ба донишҷӯён роҳҳои асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла, ВНМО-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

 
09.12.2021 09:53
There are no translations available.

https://youtu.be/NpvIDT2zRa4

 
08.12.2021 17:02
There are no translations available.

 

ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА МЕХАНИЗМҲОИ МУАССИРИ ҲИФЗИ ОНҲО

1.jpg - 31.43 Kb8 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи факултети таърих бахшида ба рӯзи қабули “Эъломияи ҳуқуқи башар” конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва механизмҳои муассири ҳифзи онҳо” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро ба ин даргоҳи илму таълим хушомадед намуд. Сипас, маърӯзачиён Ҳусайнов А., Буризода Э., Раҷабов С.,Меликов У., Давлатзода Ф. ва Назаров Д. баромад намуданд. Конференсия дар бахшҳо низ идома ёфта, омӯзгорону унвонҷӯён ва докторантон бо маърузаҳо баромад намуданд.

 
06.12.2021 16:50
There are no translations available.

 

ДОНИШҶӮЁН АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ

ТЕРРОРИСТИИ ДАР ҚАЛАМРАВИ КИШВАР МАМНУЪ ОГОҲАНД

7.JPG - 91.24 Kb6-юми декабри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултаи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеъ дар мавзуи “Ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии дар қаламрави кишвар мамнуъ” бо иштироки намояндаи Раёсати назорати иҷрои қонунҳо ва кор бо ҷавонону ноболиғони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо ва кор бо ҷавонону ноболиғони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Наботов Меҳроҷиддин, муовини ректор оид ба илм Акобир Мирзораҳимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, Раиси иттифоқи касабаи кормандону омӯзгорон Ҳобилҷон Зикирзода, деканони факултетҳо, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва дигар сохторҳои идории донишгоҳ ширкат намуданд.

 
30.11.2021 14:05
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РАИСИ КОМИССИЯИ ОЛИИ

АТТЕСТАТСИОНИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.jpg - 57.43 Kb26 ноябри соли 2021 раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Абдулҳаким Розиқзода ва намояндагони ин ниҳоди илмӣ Расул Маъруфӣ, Муҳаммадӣ Азизӣ ва Ҷӯрабой Шарифов ҷиҳати расонидани кӯмаки  машваратӣ ба олимону муҳаққиқон дар самти бурдани таҳқиқоти илмӣ ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд. Нахуст дар ҷаласаи машваратӣ ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти назарраси КОА-и ватанӣ ва ҳамкории тарафайни донишгоҳ ҳарф зад.

 
29.11.2021 11:55
There are no translations available.

Сегодня утром состоялось рабочее совещание с участием исполняющего обязанности председателя Горно-Бадахшанской автономной области Алишера Мирзонабота. В работе совещания приняли участие первый заместитель и заместители председателя автономной области, руководитель аппарата, руководители управлений и отделов аппарата председателя ГБАО, областных управлений и ведомств. Об этом НИАТ «Ховар» сообщил пресс-секретарь председателя ГБАО Голибшо Ниятбеков.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ