• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Wednesday, 01 September 2021 05:00
There are no translations available.

 

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №133 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

01.09.2021 08:50, шаҳри Душанбе

1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи навбунёди таълимӣ оғоз бахшида шуд.

Мавриди зикр аст, ки мактаби замонавии бошукӯҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндаи миллат аз тарафи соҳибкори ватанӣ - директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир семент» Баҳриддин Ҷурахонов бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 4 қисми ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

 
Tuesday, 31 August 2021 18:10
There are no translations available.

 

ЗИ ИСТИҚЛОЛ МОРО САРФАРОЗИСТ

 

Паёми табрикии ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ

ба муносибати Рӯзи дониш ва ҷашни 30-солагии

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фарорасии соли нави хонишро ба кулли устодон ва толибилмони донишгоҳ самимона табрик мегӯям. Имсол сафо ва файзи соли нави таҳсил, ки ҳамагон чун Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ медонанд, дар  донишгоҳ ва саросари кишвар тавъам дар остонаи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат баст. Сулҳу истиқлол заминаи муҳимму арзишманд барои таҳкиму рушди соҳаи маориф ва донишандӯзии донишҷӯёну толибилмон мебошад. Ҷаҳони мутараққиву муосир нисбат ба мақому манзалати сулҳу сабот, Истиқлоли миллӣ ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳо аз наврасону ҷавонон ва кулли шаҳрвандони мамлакат талаб менамояд, ки бояд таваҷҷуҳи бештар дар ин самт зоҳир карда шавад.

Ватани азизи мо – Тоҷикистон, ки баъд аз оғози Рӯзи дониш ҷашни бузурги 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд, ҳамчун давлати муосири мутамаддин дар арсаи ҷаҳон на танҳо эътироф шуд, балки бо дастовардҳои назарраси ду даҳсолаи охири худ мавқеи шоистаро соҳиб гардид. Ин раванди таърихии нодири давлатдории навин, бешак, ба саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошад. Ин абармарди дунёи сиёсат, ки табиатан сулҳхоҳу ваҳдатпарастанд, борҳо зимни суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки «сулҳ муҳимтарин омили бақои миллат ва гарави осоиштагии ҳар як сокини мамлакат мебошад».

 
Saturday, 28 August 2021 05:55
There are no translations available.

 

Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ

ва тасдиқи нақшаи кории он дар соли таҳсили 2021-2022

3.JPG - 256.43 KbРаёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳукми анъанаи дерин моҳе як маротиба дар толори Шӯрои олимони бинои асосӣ баргузории шӯрои болозикршударо ба роҳ мемонад, ки он тибқи нақшаи кории ин шӯро баррасикунандаи масоили марбут ба таълиму тарбия, иқтисод ва хоҷагидорӣ, равобити дохиливу хориҷӣ ва амсоли инро фарогирӣ мекунад. Дирӯз ҳам 27-уми августи соли 2021, Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати олимони донишгоҳ ба кори худ оғоз бахшид. Сараввал садри ин шӯро, ректори донишгоҳ, д.и.т, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода баромад ва суханронӣ намуда, иштирокдорони ҷаласаи мазкурро бо омад-омади соли нави таҳсил, ки фарогири чандин ҷашнвораҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ мебошад, табрику таҳният намуд. Ҳамчунин сарвари донишгоҳ таъкид бар он дошт, ки мо бояд дар ибтидои соли таҳсил ҷиҳати баргузаронии ҳамагуна ҷашнвораҳо, ташкили раванди таълим, маводҳои таълимӣ, интизоми меҳнат, вазъи беҳдошти саломатии кормандон, масоили марбут ба таъмини хобгоҳи донишҷӯёну устодон ва амсоли ин омодагӣ дошта бошем.

 
Friday, 27 August 2021 04:50
There are no translations available.

 

ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ОЛТОЙ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

7.JPG - 204.43 KbБо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи  25-уми августи соли 2021 Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Лазаренко Ирина Рудолфовна – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русияро ба ҳузур пазирифт.

Зимни мулоқот ректори донишгоҳро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Саъдӣ Косимӣ, муовин оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов, муовин оид ба робитаҳои байналмилалӣ Аъзам Байдуллоев, сардори раёсати таълим ва муовин Наҳтулло Айнуллозода, Умедҷон Холиқов ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русияро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Олег Павлович ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни мулоқот ректорони донишгоҳҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ва мустаҳкамтар намудани робитаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию бозомӯзӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии педагогии ин ду кишвар ва донишгоҳи мо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

 
Monday, 23 August 2021 06:03
There are no translations available.

 

 

Дилшод Ниёзов ғолиби маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии «Нақши китоби

«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» гардид

1.jpg - 68.11 KbДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/. 20 августи соли равон дар толори асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон баргузор гардид.

Конференсия ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи мамлакат доир карда шуд.

Қабл аз оғози чорабинӣ роҳбарияти ҲХДТ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва иштирокчиёни маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ аз оромгоҳи академик Бобоҷон Ғафуров воқеъ дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе боздид намуданд.

Кори конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо сухани ифтитоҳии Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ оғоз гардид. Гуфта шуд, ки арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

— Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуда буданд, ки мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем. Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад, — таъкид намуд А.Азизӣ.

 
Saturday, 21 August 2021 17:28
There are no translations available.

 

Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор

 

ОМӮЗГОР - ШАХСИЯТИ КАЛИДИИ НИЗОМИ

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 

30.jpg - 104.46 KbИмрӯз низ омӯзгор дар давраи Истиқлолият, таҳким ва ташаккули давлатдории миллӣ аз шахсияти калидии раванди низоми таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккул, возеҳ кардани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорӣ, салоҳиятнокии касбии донишҷӯ нисбати ихтисоси интихобкарда, нақши стратегӣ дорад.

Табиист, ки ҳар гуна тағйироте, ки дар ҷомеа, хусусан дар низоми таҳсилот ба вуқуъ мепайванданд ва ҳар инқилобҳои илмие, ки рух медиҳанд ба рӯҳия ва маҳорати омӯзгор, хусусан омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки дар баробари иҷрои сарбории таълимӣ, ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  пардохта, вобаста ба равияи худ ба дастовардҳои илмӣ муваффақ мегардад, бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, вазъи кунунии соҳаи маориф таҳияи сохтори нави тайёрии махсуси психологӣ ва педагогиро ҳам барои омӯзгорони ояндаи донишгоҳҳо ва ҳам барои омӯзгороне, ки ба фаъолият машғул мебошанд, тақозо мекунад. Аммо ворид шудан ба фазои нави таҳсилот, татбиқи низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низоми анъанавии тарбияи муаллимони ояндаро нокомил гардонида, афзалиятнокиашро аз даст дод. Аз ин ҷиҳат, имрӯз ба шахсияти омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан, бесабаб нест, чунки «шахсият тавлид намешавад, балки шахсиятро тарбия мекунанд».[1]

 
Thursday, 19 August 2021 04:03
There are no translations available.

 

Самиев Б.Ҷ., Ойматов Б. - омӯзгорони

ДДОТ ба номи С.Айнӣ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР

ТАШАККУЛ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 

30.jpg - 104.46 KbДар ҳар як марҳилаи таърихии тақдирсози халқи тоҷик, сиёсатмадорону мутафаккирон барои бақои миллат, маърифатноку худогоҳ кардани аҳолӣ, дар зеҳну тафаккурашон инъикос кардани ифтихори ватандорӣ, ваҳдат, ҳисси миллӣ ва меҳру муҳаббатро нисбати ҳамдигар барқарор доштан пайваста таргибу ташвиқ намудаанд. Яъне аз як тараф барои худогоҳ ва худшинос гаштани мардум омилҳои асосиро нишон дода, аз тарафи дигар саъй медоштанд, ки бо асарҳои гаронбаҳои таълифдошта арзиш ва анъанаҳои миллиро зинда доранд. То ин ки насли баъдина ифтихор аз нобиғаҳо ва аз анъанаву арзишҳои миллӣ карда, дар вуҷуди худ ҳисси ватандориро бедор намоянд, ҳикматҳои онҳоро сарманшаи такмили маърифатнокӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеъа созанд.

Бахусус, баъди сарнагун гаштани давлати Сомониён тӯли қариб ҳазор сол, ки халқи тоҷик зери зулм ва таъкибҳои қабилаҳои саҳроии турк ранҷу машаққат кашид, маҳз забони ноб ва осори бо он навиштаи бузургонаш нагузошт, ки номи худро аз саҳифаи таърих рабуда созад. Аз ин лиҳоз чун дигар марҳилоти таърихӣ дар асри XIX ва ибтидои қарни XX низ рӯшанбинон ва мутафаккирони тоҷик кӯшида, ки бо вуҷуди ҳама гуна носомониҳо, беадолатиҳо, хиёнатҳо халқи худ ва таърихи пурарзишашонро ҳимоя намоянд. Баробари ин тамоюлгириҳои асосии расидан ба истиқлолияти миллиро ба халқи кишвар нишон диҳанд. Вале саҳифаи таърихи ин марҳилаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди ҷаҳду талошҳо ва ҷоннисориҳо эшон натавонистанд зимоми давлатдориро ба ихтиёри худ  гирифта, соҳиби давлати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ гарданд.

 


Page 101 of 306
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в