• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
08.05.2021 12:09

 

ЁД БОД, ОН РӮЗГОРОН ЁД БОД!

1.jpg - 54.80 KbСанаи 8-уми майи соли 2021 бо ташаббуси қисми тарбияи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвонӣ “Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод!” бахшида ба 76-солагии Рўзи ѓалаба ва 89 – солагии зодрӯзи шоир Муъмин Қаноат бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Чорабиниро нахуст омӯзгори кафедраи назария ва таърихи адабиёт дотсент Қурбонов Абдумаҷид ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоири забардаст Муъмин Қаноат суханронӣ намуд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби дастаи “Ҷило”-и факултет барномаи фарҳангӣ иборат аз, қироати ғазал, рақсу сурудҳои ватандӯстона ва саҳначаи тарбиявӣ пешкаши ҳозирин намуданд.

 
08.05.2021 11:38

 

ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ “ИСТИҚЛОЛ”

1.JPG - 217.11 KbРӯзи  7-уми майи соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ идомаи барнома-озмуни “Ҷилои ахтарон” бо иштироки дастаи “Истиқлол”-и факултети забон ва адабиёти  рус  ва дастаи “Кимиё”-и факултети химия чун анъанаи қаблӣ аз рӯи панҷ шарт: саломномаву намоиши ҳунарҳои мардумӣ, латифагӯӣ, бадеҳа, саволу ҷавоб ва саҳначаи ҳаҷвӣ баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯён аз рӯи шартҳои ҷойдошта ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳозиринро болида гардониданд. Дар ҷамъбаст, аз ҷониби ҳакамони нуктасанҷ дастаи “Истиқлол”-и факултети забон ва адабиёти  рус  71-хол ва дастаи “Кимиё”-и факултети химия 67-холро соҳиб гардиданд. Ғолибияти факултети забон ва адабиёти  русро табрик мегӯем.

 
08.05.2021 11:32

 

 

ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

1.JPG - 196.37 KbСубҳи 8-уми майи соли 2021 шанбегии дастаҷамъонаи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва роҳравҳои атрофи донишгоҳ, зери бинои хобгоҳҳои № 2,3 ва назди соҳили дарёи Душанбе корҳои тозакорӣ ҷараён гирифт. Маврид ба зикр аст, ки раёсати донишгоҳ дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атрофи Душанбе-шаҳр пайваста саҳмгузориро сармашқи кори худ медонад.

 
08.05.2021 11:25

 

АЗ ҚАЛБҲО ЁДИ ШУМО ҲАРГИЗ НАХОҲАД РАФТ!

IMG_2205.JPG - 246.80 Kb8-юми майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати гиромидошти хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ маросими гулчамбаргузорӣ дар назди аксҳои омӯзгорони донишгоҳ, ки  иштирокчиёни ин муҳорибаи мудҳиш мебошанд, баргузор намуд.

Маросими гулчамбаргузориро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар ҳамроҳӣ  бо  раиси  ташкилоти ибтидоии собиқадрони ҷангу меҳнати донишгоҳ Раҷабмоҳ Қосимова, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Саъдӣ Қосимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ  Ҷамила Мусоҷонзода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирз

ораҳимов, сардори раёсати таълим Наҳтулло Айнулозода, сардори раёсати тарбия Қобилҷон Иброҳимов ва иштирокчиёни ҷанги Афғонистон Майрамбӣ Сафарова ва Сангинмаҳмад Сатторов анҷом дода, дар ин маврид, аз нуктаҳои муҳими корнамоиҳои ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдрас намуданд.

Инчунин, пас аз маросими гулчамбаргузорӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ин рӯзи таърихиву фаромӯшнашавандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз болои истилогарони фашистӣ баргузор гардид.

 
06.05.2021 11:35

 

САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶБВ

1.JPG - 196.53 KbИмрӯз, 06.05.2021 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 76-солагии «Иди Ғалаба» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қаҳрамонии фиристодагони Тоҷикистон дар фронтҳои ҶБВ» баргузор гардид. Конференсияи мазкурро декани факултети таърих д.и.т., профессор Ҳусейнов А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, риштаи суханро ба муаллими калони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ н.и.т., дотсент Н.Давлатбеков дод.

 
05.05.2021 13:10

 

ЗАБОН ВА ФАРҲАНГ ПУШТУ ПАНОҲИ ЯКДИГАРАНД

23.JPG - 168.52 KbРӯзи 5-уми майи соли 2021 дар толори бинои асосӣ бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами забоншиносии миллӣ” бахшида ба 90-солагии олим ва забоншиноси барҷаста Шарофиддини Рустам бо иштироки олимону донишмандони соҳаи илми филология, пайвандон, шогирдону дӯстон ва устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону ҳозиринро табрик ва хуш омадед намуд. Сипас мудири кафедраи мазкур, н.и.ф., дотсент Сулаймонов Искандар Одинаевич дар мавзӯи “Забоншиноси маъруф” доир ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари олим ва донишманди камназир Шарофиддини Рустам, ки пас аз хатми факултет солиёни зиёд дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намудаву ба таълиму тарбияи донишҷӯён умр биспурдааст, ибрози назар намуд.

 
04.05.2021 11:13

 

МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ТИБҚИ РОҲХАТ БА ҶОЙИ КОР ҲОЗИР МЕШАВАНД

1.JPG - 127.46 KbИмрӯз, 04.05.2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ оид ба масъалаи таъминоти кадрии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби хатмкунандагони соли таҳсили 2020-2021 ва тақсимоти мутахассони ҷавон баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У., муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода Х., мутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода С., сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Назаров Д., мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ Маҳмадаминов М., мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, директорони бархе аз муассисаҳои миёнаи умумӣ ва донишҷӯёну омӯзгорон ширкат варзиданд. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. баромад намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки имсол 1116 нафар донишгоҳро хатм мекунанд. Аз шумораи зикргардида, 588 нафарашон шартномавӣ, 371 нафарашон буҷавӣ ва 157 нафарашон тариқи Квотаи Президентӣ таҳсил доранд.

 
01.05.2021 18:47

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /НИАТ «Ховар»/. 1 мая в городе Баткен Кыргызской Республики состоялось очередное заседание Правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской Государственной границы во главе с Председателем Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан С. Ятимовым и Председателем Государственного комитета национальной безопасности Кыргызской Республики К.Ташиевым.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ