• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Friday, 16 April 2021 12:49
There are no translations available.

 

 

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

16.jpg - 131.75 KbСанаи 16 апрели соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмии устодон, доктор PhD, унвонҷӯён, магистрантону донишҷӯёни факултет бахшида ба “Рӯзи илм” баргузор гардид. Дар конфронс устодони факултет д.и.ф.,профессор Р.Восиева, профессор Ш.Солеҳов, профессор С.Саидов, профессор В.Элбоев, дотсентон А.Қурбонов, А.Мирзоалиева, А.Шоев, муаллимони калон Г.Норова, Г.Наимова ва асиссентон М.Абдураҳмонов, Ф.Холова, Н.Самиева ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 
Friday, 16 April 2021 12:23
There are no translations available.

 

«Илм фурӯғи маърифат»

12.JPG - 189.88 KbСанаи 14-уми апрели соли 2021 дар синфхонаи №12-и факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи “Физика- астрономия” баргузор гардид. Дар даври аввали озмун аз факултети физика 100-нафар, факултети математика 2-нафар, аз факултети технология ва соҳибкорӣ 7-нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултет дотсент У.С.Умаров ҳозиринро  барои иштирок дар озмун табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки: Ҳамасола озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида хоҳад шуд.

 
Friday, 16 April 2021 12:07
There are no translations available.

 

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти

падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

 

9.jpg - 29.29 KbРӯзи 16 апрели соли 2021 бо ташаббуси асиссенти кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Тӯйчиева Мутриба маҳфили илмӣ дар мавзӯи нақши “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, мудири кафедра дотсент Ҳобилҷон Зикиров суханронӣ намуда, нақши қонунро дар тарбияи ҷавонон хуб арзёбӣ намуд.

 
Friday, 16 April 2021 03:30
There are no translations available.

 

САҲМИ УСТОД АЙНӢ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН

6.jpg - 119.05 Kb15-уми апрели соли 2021 дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба ифтихори 143-юмин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-бадеӣ таҳти унвони “Саҳми устод Айнӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Ҳамза Боқиев оғоз бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод ибрози андеша намуд.

 
Thursday, 15 April 2021 12:19
There are no translations available.

 

УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД...

2.JPG - 204.99 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 14-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси кафедраи таърихи умумии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири гиромидошти 143-юмин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар оғози чорабинӣ омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Гадоев Ғ. суханрони намуда, зикр доштанд, ки устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он нафаронест, ки тамоми умри пурқимати худро пайи эҷодиёт ва зинда намудани хотираи таърихи халқи тоҷик ва чеҳраҳои адабии тоҷик бахшидааст.

 
Thursday, 15 April 2021 07:50
There are no translations available.

 

ОҒОЗИ “ҲАФТАИ ИЛМ” ДАР ДОНИШГОҲ

8.JPG - 181.17 KbШурӯъ аз 15.04.2021 пас аз гулчамбар гузоштан дар назди муҷассамаи аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ), Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 – солагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва  “Ҳафтаи илм”, ки ҳамасола дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешавад, конференсияҳои илмӣ-амалӣ нахуст дар толори бинои асосии донишгоҳ оғоз гардид, ки идомаи он дар бахшҳо дар кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ то санаи 22.04.2021 ҷараён мегирад. Марид ба ёдоварист, ки дар конференсияҳои илмӣ-амалии устодону донишҷӯёни донишгоҳ тибқи ҷадвали муқараршуда, зиёда аз 1686 маърӯза пешниҳод карда шудааст, ки аз ин 757 маърӯзаи устодон ва 929 маърӯзаи донишҷӯён мебошад.

 
Thursday, 15 April 2021 12:11
There are no translations available.

 

АЙНӢ НИЗ ДАР ИЛМ АФЛОТУНИ МОСТ

1.JPG - 271.16 KbНимаи дуюми рӯзи 15-уми апрели соли 2021, бо  иштироки ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода, муовини аввал,муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ н.и.ф., дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик дар пояи нимпайкараи устод Садриддин Айнӣ, ки дар саҳни бинои факултети мазкур ҷойгир мебошад, ба хотири гиромидошти 143-юмин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гулчанбар гузошта шуд. Ҳангоми гузоштани гулчанбар ректори донишгоҳ аз фаъолиятҳои беназири анҷомдодаи устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки андар шинохтии хештаншиносиву ҳуввияти миллии мо тоҷикон саҳми ин абармарди таърихӣ хеле назаррас аст.

 


Page 118 of 307
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в