03.09.2025 05:50 |
ШОМИ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛ” БА ИФТИХОРИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пас аз анҷоми дарсҳо ва вақти корӣ таҳти унвони “Шаҳди истиқлол” шоми фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, бо барномаи фарҳангӣ ва мусиқию суруд аз эҷодиёти шоирони ватандӯст рӯҳияи баланди идонаро эҳсос намуданд.

|
03.09.2025 05:45 |
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
03.09.2025 05:38 |
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ: ФАЪОЛИЯТ ДАР ҲАМАИ САМТҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
Имрӯз нахустин ҷаласаи назоратии назди ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли нави таҳсил баргузор гардид, ки он бо иҷрои Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Зимни ҷаласа ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода, бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, садорати факултетҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар шахсони масъул фаъолияти сохторҳои донишгоҳро дар ҳамаи самтҳо мавриди баррасӣ қарор дод.
|
03.09.2025 05:29 |
МУБОРАК ДАРСИ СУЛҲУ РӮЗИ ДОНИШ
(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз баррасии вазъи геополитикии ҷаҳони муосир, таҳкими сулҳу суботи ҷомеаи башар, фароҳам овардани фазои орому осуда барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, бахусус соҳаи маориф оғоз гардид, ки бесабаб набуд. Зеро сулҳ сарчашмаи рушди ҷомеаи донишмеҳвар, омили бақо ва пешрафти ҷомеа, маҳаки таҳкимбахши илму дониш ҳисобида мешавад, бе сулҳ дониш вуҷуд дошта наметавонад, аз ҷониби дигар, инсоният бо рушди илму такмили пайвастаи дониш сулҳро дар олам устувор менамояд, ин мафҳумҳо дар ҳамбастагӣ бо якдигар афкори солими инсонҳоро зиннат мебахшад. Дарси сулҳ ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба илму маърифат ва шукргузорӣ аз неъмати сулҳу суботро дар замири ҳамагон чун чароғи фурӯзандаи маърифат ва шарти асосии рушди маънавияти инсон поянда нигоҳ медорад. Дарси сулҳ дар даврони истиқлол ба суннати боарзиштарини ҷомеа бадал
|
03.09.2025 05:22 |
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
Имрӯз дар толори бошукуҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Аҳлиддин Ибодуллозода – ректори донишгоҳ, Абдуллозода Масрур – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, инчунин аҳли раёсат, устодон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
03.09.2025 05:14 |
ТАМОШОИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ
Имрӯз аҳли раёсат, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тамошо намуданд. Суханронии Сарвари давлат, ки ҳамасола ба муносибати оғози соли нави таҳсил ироа мегардад, дорои паёмҳои умдаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ буда, мақсаду мароми онро рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту соҳибмаърифат ташкил медиҳад.
|
01.09.2025 10:45 |
ИФТИТОҲИ МАКТАБИ НАВ ДАР ДЕҲАИ САФЕДТУНДАКИ НОҲИЯИ РАШТ
Дар деҳаи Сафедтундаки Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти ибтидоии №103, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ зарар дида буд, пурра аз нав барқарор ва ба истифода дода шуд.
Ин иқдоми муҳим бо дастгирии молиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон амалӣ гардид.
|
01.09.2025 10:08 |
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ДОНИШГОҲ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ
 27 августи соли 2025 ҷаласаи Шурои илмӣ-методии донишгоҳ таҳти роҳбарии раиси Шуро, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. баргузор гардид. Дар ҷаласа чор масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғоз ҳайати нави Шурои илмӣ-методии донишгоҳ тасдиқ гардид. Баъдан, пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба нақшаи кории Шурои илмӣ-методӣ барои соли таҳсили 2025–2026 қабул шуд. Ҳамчунин оид ба тасдиқи нақшаҳои кории Шуроҳои илмӣ-методии факултетҳо ва комиссияҳои методии кафедраҳои умумидонишгоҳӣ барои соли таҳсили нав котиби ШИМ Ҳамроев А. гузориш пешниҳод намуд.
|
|
|
|