• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз45
mod_vvisit_counterДирӯз970
mod_vvisit_counterДар ҳафта45
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6565
mod_vvisit_counterМоҳ25770
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28345
mod_vvisit_counterҲамагӣ867027

Online 11
IP шумо: 216.73.216.111
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-12-28 01:10
Friday, 23 September 2022 03:15
There are no translations available.

ТАДҚИҚОТИ ГУРӮҲИИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ

Дар таърихи 22-юми сентябри соли 2022 ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии ДДОМ - ташкилоти пойгоҳии ИДМ оид ба омодасозии кадрҳои педагогӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ширкат варзиданд.

 
Thursday, 22 September 2022 07:19
There are no translations available.

НУСРАТИ ДУРРИ ДАРӢ АЗ ОФТОБИ РӮДАКИСТ

Ҳамасола таърихи  22-юми сентябр ба ҳайси  рӯзи Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пазируфта шудааст. Дар ин росто, қайд кардан ҷоиз аст, ки аз соли 2008 инҷониб ин рӯз ба Рӯдакии бузургвор ихтисос дода шудааст. Ба ҳамин муносибат дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷик ҳамоиши  илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур устодону меҳмонони олиқадр ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

 
Saturday, 17 September 2022 07:33
There are no translations available.

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

Субҳи 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи донишгоҳ  ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни он шанбегӣ баргузор гардид.

 
Saturday, 17 September 2022 03:56
There are no translations available.

ҲАР АМАЛИ ЗИШТЕРО ПОСУХЕСТ!

Дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз хуни ноҳақ рехт, дар натиҷаи тирпарронии марзбонони қирғиз ду нафар сарҳадбонони тоҷик ҳалок ва беш аз 13 нафар захм бардоштанд. Аҳдшиканӣ, зери по намудани савганди низомӣ, ҳамсоянописандӣ, ифтихори хушку холӣ ва курнамакӣ барин хислатҳои манфури инсонӣ барои марзбонони қирғиз ва роҳбарияти он одати ҳамешагӣ шудааст. Чунин амалҳои зишт ва ғайриинсонии ҳамсояҳои қирғизро на танҳо мо, тоҷикон, балки халқи ҳамҷавори узбек ва мардуми қазоқ низ дар дарозои таърих шоҳид будаанд. Халқи бародари узбек ҳануз ҳодисаҳои даҳшатбори вилояти Ошро, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо нафар зану кӯдак ва пирони барҷомандаи узбеки муқими вилояти Ош аз ҷониби гуруҳҳои миллатгаро ва хизматчиёти давлатии қирғиз ба ҳалокат расиданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

 
Saturday, 17 September 2022 03:53
There are no translations available.

ВОХӮРӢ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН
Дар асоси дастури ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода аз санаи 14-уми сентябр то 21-уми сентябри соли 2022 мулоқоти раёсати донишгоҳ бо падару модарони донишҷӯёни курси якуми факултетҳои донишгоҳ баргузор мегардад. То ин замон мулоқот дар факултетҳои иқтисодиёт ва идоракунии маориф, технология, физика, биология, психология ва педагогика баргузор гардид, ки дар он муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, раиси Шурои кураторон Нуралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, раиси шуъбаи кор бо ҷавонон Маъдӣ Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Friday, 16 September 2022 02:46
There are no translations available.

КОРРУПСИЯ - МОНЕА ДАР РАВАНДИ РУШДИ КИШВАР

Дар асоси нақша-чорабинии ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар таърихи 15-уми сентябри соли 2022 мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, пиромуни ҷилавгирӣ аз аъмоли номатлуби коррупсинӣ изҳори андеша намуд. Сипас, подполковники адлия, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Василбек Қурбон доир ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баромад намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки барои решакан кардани аъмоли коррупсионӣ танҳо мақомоти давлатӣ вазифадор нестанд. Дар ин ҷода бояд тамоми аҳолии кишвар камари ҳиммат банданд.

 
Wednesday, 14 September 2022 10:04
There are no translations available.

РЕКТОР: ИРТИБОТРО БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ҚАВӢ НАМОЕД!

Субҳи  имрӯз бо мақсади назорати вазъи интизоми бадарсоии донишҷӯён дар асоси дастури ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар назди даромадгоҳ рейди назоратӣ баргузор карда шуд. Рейди назоратии мазкур муайян намуд, ки зиёда аз 20 нафар омӯзгорону лаборантон ва баъзе аз мудирони кафедраҳо, инчунин иддае аз донишҷӯён дар вақти муқарраргардида ба дарс ҳозир намешуданд. Илова бар ин, баъзе аз донишҷӯён бо  сару либоси ғайрирасмиву риши дамида ва ҳатто бе ҷузвдон ҳозир мешуданд. Бемасъулиятӣ нисбат ба  дарс аз ҷониби донишҷӯён то дараҷае ба назар мерасид, ки қариб то ду соат ва зиёда аз ин ҳам ба дарсҳо дер меомаданд.

 


Page 141 of 386
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks