• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз407
mod_vvisit_counterДирӯз70
mod_vvisit_counterДар ҳафта477
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта5691
mod_vvisit_counterМоҳ11195
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта18565
mod_vvisit_counterҲамагӣ772407

Online 8
IP шумо: 216.73.216.131
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-09-15 14:59
Monday, 27 September 2021 05:32
There are no translations available.

 

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ

27.09.2021 10:05

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ин ноҳияҳоро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан таърихӣ мебошад, самимона табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки ин ҷашни сарнавиштсозро сокинони ватандӯсту меҳмоннавози ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил менамоянд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар, махсусан, Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ ва ноҳияи Ванҷ 580 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

 
Monday, 27 September 2021 05:29
There are no translations available.

 

Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз

27.09.2021 09:52, ноҳияи Дарвоз

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.

Намоишгоҳ аз 2 қисми асосӣ - намоишгоҳи асал ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ иборат буд. Деҳқонони ризқофари кишвар маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бо шукӯҳ буд.

Дар ин майдони фаррох дар масоҳати 50 садяк замин кишоварзони зарофар аз 9 шаҳру ноҳияи мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд ширкат варзида, анвои гуногуни маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.

 
Friday, 24 September 2021 13:51
There are no translations available.

 

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям.

Ҳамкорони гиромӣ,

9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди басо таърихӣ ва хотирмон – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро таҷлил намуд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо ҳодисаҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, рӯзҳои сангинро паси сар кард.

Хотима бахшидан ба ҷанг, ба ҳам овардани тарафҳои даргир, таъмини сулҳу субот ва ҳамзамон бо ин, барқарор намудани муносибатҳои дипломативу ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои олам барои мо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафтанд.

Бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда, маҳз ба шарофати  сиёсати “дарҳои кушода” ва сулҳҷӯёна, ба мо муяссар шуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо ва рушди устувори кишварро таъмин намоем.

 
Friday, 24 September 2021 10:06
There are no translations available.

 

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОШУНАВОЁН

ДАР ДОНИШГОҲ

2.jpg - 26.94 KbҲамасола якшанбеи охири моҳи сентябр дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии ношунавоён таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 24.09.2021 дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Ношунавоёнро мешунавем” баргузор гардид. Нахуст омӯзгори калони кафедраи  педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир, сурдопедагоги шинохтаи кишвар Саттор Қувватов баромад намуда, оид ба дастовардҳои ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумоти муфассал дод.

 
Thursday, 23 September 2021 09:07
There are no translations available.

 

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ РӮДАКӢ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК


1.JPG - 173.46 KbҲамасола 22-юми сентябр дар саросари кишвар ба ифтихори шоири шаҳир, сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, одамушуаро Абуабдуло Рӯдакӣ ҳамчун “Рӯзи Рӯдакӣ”бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

22.09.2021 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёт маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони “Шӯҳрати дурри дарӣ, аз офтоби Рӯдакист!” баргузор гардид.

 
Monday, 20 September 2021 11:56
There are no translations available.

 

БАРГУЗОРИИ ЁДБУДИ ШОИР ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ ДАР ОРОМГОҲИ ЛУЧОБ

7.jpg - 88.91 KbҲамасола 20-уми сентябр рӯзи мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ,  муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, шоири муҳбуб Гулназар таҷлил мегардад. Ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми арзандаи Гулназар дар рушди адабиёти тоҷик ва гиромидошти солрӯзи шоири шаҳир имрӯз гурӯҳи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар оромгоҳи мавзеи Лучоби пойтахтмаҳфили ёдбуд барпо намуданд.

 
Saturday, 18 September 2021 08:48
There are no translations available.

 

 

ИНТИХОБОТИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОНИШГОҲ

9.jpg - 85.04 Kb17 сентябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҳисоботию интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ, бо иштироки  Расулов Бахтиёр - мутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конференсия фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ, маърӯзаномаи Комиссия назоратию тафтишотиро мавриди баррасии вакилони конференсия қарор дода, ҳайти вакилони нав, раис, раиси Комиссияи назоратию тафтишотӣ, комиссияҳои доимии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишҷӯёнро интихоб намуданд.

 


Page 151 of 361
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks