|
Wednesday, 02 February 2022 06:52 |
|
There are no translations available.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОИР БА ПСИХОЛОГИЯ
02 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факутети психология ва таҳсилоти фарогир конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар таъмини солимии психологии насли ояндасоз” баргузор гардид.
|
|
Monday, 31 January 2022 11:15 |
|
PRESS CONFERENCE AT TSPU NAMED AFTER S. AINI

On January 31, 2022, a press conference was held at Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, which was attended by the university's management staff and representatives of the country's media.
The Rector of the University, Professor N. U. Gaffori, welcomed the media representatives and familiarized the participants of the conference with the results of the university's activities for 2021. As part of his presentation, the rector presented an analysis of the aforesaid year of teaching, methodological, educational and research works, as well as international relations of the university.
|
|
Monday, 31 January 2022 07:14 |
|
There are no translations available.
АКСИЯИ “30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР ДОНИШГОҲ
Бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аксияи “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” баргузор гардид. Ҳадафи аксияи мазкур иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар ва баланд бардоштани сатҳи огоҳиву маърифати сиёсии онҳо дониста мешавад.
Бояд гуфт, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта, то замони ташкилёбии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон буд.
|
|
Saturday, 29 January 2022 17:14 |
|
There are no translations available.
Саймумин Ятимов и Камчыбек Ташиев: заявление по итогам переговоров
|
|
Saturday, 29 January 2022 17:10 |
|
There are no translations available.
Изҳороти Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев пас аз мулоқот
|
|
Saturday, 29 January 2022 04:05 |
|
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”
28 январи соли 2022 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” баргузор гардид. Дар ин ҷаласа муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ – Мирзозода Абдусалом, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Ҷумахон Ҷӯрахонзода, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”- Дилшод Раҷабов, котиби ташкилот – Давлатшо Каримов ва омӯзгорону донишҷӯёни аъзои ҳизб иштирок намуданд.
Ҷаласаро Мирзозода Абдусалом ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва аъзоёни ҳизбро хайрамақдам гуфт. Сипас муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” – Дилшод Раҷабов оид ба фаъолияти солонаи ташкилот баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар донишгоҳ 1164 нафар аъзои ҳизб буда, 422 нафари онҳоро устодон ва боқимондаро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Дар соли 2021 ташкилот 223 чорабинии фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ, варзишӣ ва ғайраро баргузор кард.
|
|
Wednesday, 26 January 2022 11:23 |
|
There are no translations available.
САФАРБАРНАМОИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БА ТАҶРИБАОМӮЗӢ
26 январи соли 2022 дар факултетҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мувофиқи нақшаи таълимӣ ва ҷадвали пешниҳоднамудаи маркази таҷрибаомузӣ ва рушди касбият конференсия оид ба сафарбарнамоии донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чорум ба таҷрибаомӯзӣ гузаронида шуд. Дар конференсияҳои мазкур мудири Маркази таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Маҳмадалӣ Маҳмадаминов, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ баромад намуда, донишҷӯёнро ба қоидаҳои муассисаҳои таълимӣ ва қисматҳои фармоиши ректори донишгоҳ шинос намуданд. Ҳамчунин дар конференсия методистони вобасташуда аз кафедраҳои тахассусӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳии психология ва педагогика иштирок намуданд.
|
|
|
|
|
|
Page 153 of 375 |