|
Saturday, 12 March 2022 12:30 |
|
There are no translations available.
РӮНАМОИ КИТОБИ “МЕТОДҲОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО АЗ АЛГЕБРА”
12 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ рӯнамои китоби дотсенти кафедраи методикаи таълими математика Мамадҷон Махкамов “Методҳои ҳалли масъалаҳо аз алгебра” баргузор гардид, раёсат ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи онро тақвияти раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ арзёбӣ намуд ва қайд кард, ки Мамадҷон Махкамов муаллифи зиёда аз 380 корҳои илмӣ-методӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Сипас, профессори кафедраи методикаи таълими математика Мансур Нугмонов оид ба ҳаёт ва фаъолияти муаллифи китоби болозикр, профессори кафедраи информатика ва системаҳои иттилоотӣ Юсуфалӣ Ҳасанов оид ба мақоми он дар таълими математика ва профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ Сироҷиддин Бандаев перомуни ҷараёни таълифи ин китоби арзишманд маърӯза карданд.
|
|
Saturday, 12 March 2022 12:22 |
|
There are no translations available.
НАҚШИ ДОНИШҲОИ ПСИХОЛОГӢ ДАР ПОЙДОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӢ
12 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии психология дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши донишҳои психологӣ дар пойдории муносибатҳои оилавӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанин Мирзоева, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина Ҳабибулло, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадулло Давлатов, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, профессори кафедраи умумидонишгоҳии психология Нафиса Юнусова, профессори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир Бибиҳафиза Маҷидова иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
|
Friday, 11 March 2022 13:30 |
|
There are no translations available.
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РЎЗИ МАТБУОТ
11 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик мизи мудаввар баргузор гардид. Ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳозиринро бо ин рӯз табрик карда, доир ба ҷойгоҳи аввалин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” дар низоми матбуоти тоҷик, нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ, мавзуъ ва муҳтавои матолиби он, саҳми кормандони ин ҷарида бобати анҷоми корҳои равшангарӣ дар соҳаҳои илму маориф маъруза намуд. Сипас мудири кафедраи забони тоҷикӣ, профессор Саидмуроди Хоҷазод доир ба рушди ВАО дар ҷумҳурӣ ва собиқадори матбуоти тоҷик Абдурауф Муродӣ доир ба рисолат ва мақоми нашрияи донишгоњии “Омӯзгори ҷавон” сухан ронданд.
|
|
Friday, 11 March 2022 11:08 |
|
There are no translations available.
ОЗМУНИ “ОФТОБИ ТАРБИЯТ”
11 марти соли 2022 дар толори ба номи Холиқ Мирзозодаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии озмуни “Офтоби тарбият” баргузор гардид. Дар он ғолибони даврҳои қаблӣ иштирок карданд. Иштирокдорон ба суолҳои ҳакамон посухҳо дода, пурсишномаҳоро пур карданд.
|
|
Saturday, 05 March 2022 11:43 |
|
There are no translations available.
МОДАР-САОДАТИ ЗИНДАНГӢ
5 марти соли 2022 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони «Модар-саодати зиндагӣ» баргузор гардид. Нахуст декани факултет, дотсент Абдуғаффор Наxмиддинов ҳозиринро ба муносибати Рeзи модар ва фарорасии баҳор табрик намуд. Сипас, донишҷӯён барномаи фарҳангии омодакардаашонро пешкаши ҳозирин карданд.
|
|
Saturday, 05 March 2022 06:47 |
|
There are no translations available.

ТАБРИКОТИ Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доктори илмҳои таърих, профессор ҒАФФОРӢ НӮЪМОНҶОН УСМОНЗОДА бахшида ба Рӯзи модар
САФОБАХШИ ҶАҲОНИ МОСТ МОДАР!
Модарон ва бонувони гиромӣ,
Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи Модар, ки ҳамасола таърихи 8-уми март, дар оғози фасли зебои баҳор бо хушнудӣ ва шаҳомати хосса таҷлил қайд карда мешавад, самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон саломатӣ, умри дароз ва чеҳраи хандон орзу менамоям.
|
|
Friday, 04 March 2022 11:02 |
|
There are no translations available.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ
4 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Зан-Модар – тараннумгари меҳру сафо” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиёнро ба ин рӯзи фархунда табрик кард. Мавсуф зимни табрикоти хеш иброз дошт, ки зан – модар неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд мебошад.
|
|
|
|
|
|
Page 160 of 386 |