• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз32
mod_vvisit_counterДирӯз864
mod_vvisit_counterДар ҳафта32
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6892
mod_vvisit_counterМоҳ7793
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ820705

Online 5
IP шумо: 216.73.216.62
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-09 01:14
Monday, 06 September 2021 15:40
There are no translations available.

 

БАРГУЗОРИИ  МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

2.jpg - 79.10 Kb6-уми сентябр дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷик бо иштироки устодон, шогирдон ва кормандони дигари ин факултет мизи муддаввар таҳти унвони “Истиқлол-неъмати бебаҳост” бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки роҳбарии ин мизи мудавварро д.и.ф., профессори кафедраи нзария ва таърихи адабиёт Вафо Элбоев бар ӯҳда дошт ва ҷаласаи мазкур аз 9 барнома иборат буд, ки сухангӯёни он доир ба хусусиятҳои болоравии самти илм, маориф, фарҳанг, хоҷагӣ, иқтисод, тандурустӣ ва рушди барномаҳои дигар дар зарфи 30 соли охир андешаронӣ намуданд.

 
Monday, 06 September 2021 15:26
There are no translations available.

 

БУРДИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ ДОНИШҶӮИ

ДОНИШГОҲ ДАР БОЗИИ “САФАРИ БУРДНОК”

5.JPG - 279.83 KbМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи  ”City Card“ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар шакли пурра ба роҳ мондани пардохти ғайринақдии роҳкиро дар  нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе бозии “Сафари бурднок”-ро  миёни шаҳрвандон ва сокинони пойтахт гузаронида буд ва ҳосили ҳамаи даврҳои ниҳоии он, ки дар зарфи чаҳор моҳ тӯл кашид, ҷамъбаст гардид. Қобили зикри хос аст, ки ғолиби озмуни он ба таври ғайричашмдошт донишҷӯи курси 3-юми факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ –Авезов Муллоназар интихоб гардид.

 
Monday, 06 September 2021 15:10
There are no translations available.

 

ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ!

14.JPG - 117.42 KbИмрӯз, 06.09.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон саодатмандиву комгориҳои беназирро таманно намуд. Сипас, Давлатҷон Ғаффурзода – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуд. Мавсуф доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият сухан намуда, иброз дошт, ки ҳар як фарди Тоҷикистон бояд ифтихор аз он намояд, ки дар як ватани соҳибистиқлолу обод ва демокративу дунявӣ умр  ба сар мебарад.

 
Monday, 06 September 2021 14:31
There are no translations available.

 

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ

ДОНИШГОҲ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

1.jpg - 113.39 KbДар таърихи 6-уми сентябри соли равон Қосимӣ Саъдӣ, муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо”, ки бо ташаббуси раёсати Академияи миллии илмҳои кишвар ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ширкат ва суханронӣ намуд. Маърӯзаи муовини аввали ректори донишгоҳ дар мавзӯи “Дастовардҳои таҳсилоти олии касбӣ ва рушди он дар 30 соли истиқлоли давлатӣ” дар бахши ҳафтуми симпозиум, ки роҷеъ ба рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буд, пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.

 
Monday, 06 September 2021 14:24
There are no translations available.

 

 

Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир

муовини якуми ректори

ДДОТ ба номи С.Айнӣ,

н.и.ф., дотсент

ДАСТОВАРДҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА РУШДИ ОН

ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

1.jpg - 113.39 KbСоҳибсухане барҳақ фармудааст, ки “Ҳеҷ неъмате беҳтар зи истиқлол нест” ва дар ҳақиқат беҳтарин неъмат барои инсон ба даст овардани истиқлол ва озодӣ ба шумор меравад.

Мардуми тоҷик беш аз ҳазор сол баҳри озодию истиқлол талошу мубориза мебурданд ва ин орзую умедашон 9 сентябри соли 1991 ҷомаи амал пӯшид ва инак 30 сол мешавад, ки онҳо аз ҳавои фараҳбахши Истиқоли давлатӣ нафас мегиранд ва барои бунёди ҷомеаи пешрафтаи кишварамон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи тоҷик ба шумор рафта, махсусан, барои пешрафти соҳаи маориф ва илм шароит ва имкониятҳои басо мусоид фароҳам овард. Соҳаи маориф самти асосӣ ва стратегӣ эълон карда шуда, дар ҷумҳурӣ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат эътироф гардид.

Ҳамаи рукнҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва ғайра, пеш аз ҳама, дар заминаи мактабу маориф рушд меёбанд. Аз ин ҷост, ки давлат дар роҳи рушду пешрафти худ, аввалтар аз ҳама, ба мактабу маориф ва илм такя мекунад ва тамоми неру ва тавоноии худро баҳри рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаи миллатсоз ҷалб месозад.

 
Saturday, 04 September 2021 19:54
There are no translations available.

 

“ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: МАРҲИЛАИ

ТАҚДИРСОЗ ДАР САРНАВИШТИ ХАЛҚИ ТОҶИК”


15.JPG - 143.51 Kb4 сентябри соли 2021 дар толори  Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки олимону устодони варзидаи улуми таърих ва таърихшиносӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ: марҳилаи тақдирсоз дар сарнавишти халқи тоҷик” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаи пленарӣ  бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода зер мавзӯи “Рамзи соҳибдавлатӣ”оғоз гардид. Сарвари донишгоҳ меҳмонон, устодон ва аҳли нишастро бо фароҳам омадани чандин ҷашнвораҳои омадаистода, табрику таҳният гуфта, инчунин баргузории ин конфрнесияро, ки шомили 2 бахшу 34 маърӯза мебошад, хеле мубрам ва дар самти хештаншиносиву худогоҳии миллӣ басо арзишманд арзёбӣ намуд.

 
Saturday, 04 September 2021 19:43
There are no translations available.

 

ҲАМОИШ БАХШИДА БА МУАРРИФИИ КИТОБИ

“ОФТОБИ ТАРБИЯТ”

 

1.JPG - 147.15 Kb4 сентябри соли 2021 дар толори  Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки як зумра олимон, устодони варзидаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва рӯзноманигорон муаррифии китоби   “Офтоби тарбият”,  ки  ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мураттаб гардидааст, баргузор гардид.

Садри ин ҷамъомади муаррификунанда мудири кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик, д.и.ф., профессор Шарифмурод Исрофилниё ҳозиринро бо мазмуну муҳтавои ин китоб ошно намуд. Сипас  муаллифони мақолаҳо ва мураттибони ин китоб доир ба хусусияти вожаи “тарбия” анешарониҳо намуданд. Маврид ба зикр аст, ки муаррифии ин китоб ба “Рӯзи китоб”, ки ҳамасола 4-уми сентябр дар Ҷумҳури Тоҷикистон таҷлил мегардад, рост омадааст.

 


Page 168 of 375
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks