• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз623
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ҳафта6651
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ7520
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ820432

Online 17
IP шумо: 216.73.216.62
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-08 16:36
Thursday, 27 May 2021 05:11
There are no translations available.

 

СЕССИЯИ ФАЪОЛ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД

5.JPG - 174.81 KbТибқи фармоиши ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз 17.05.2021 то 12.06.2021 оид ба тартиби гузаронидани сессияи имтиҳонҳои тобистонаи солҳои 2020-2021 барои донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, шурӯъ аз 24–уми майи соли равон оғоз ёфта буд. Нуқтаҳои имтиҳонсупории МҚИ-1, МҚИ- 2, МҚИ- 3 ва дигар синфхонаҳои компютерӣ барои супоридани имтиҳонҳои донишҷӯён муайян карда шудаву бо шароити техникии муосир таҷҳизонида шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки тартиби қабули имтиҳонҳо дар донишгоҳ, дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти касбии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Дар марказҳои имтиҳонотӣ ва синфхонаҳои компютерӣ намояндагони раёсати таълим, маркази хизматрасонии техникӣ, идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ, маркази тестӣ ва дигар зерсохтору шуъбаҳои дахлдор пайваста назорату корбарӣ доранд. Ҳамчунин дар даромадгоҳи нуқтаҳои имтиҳонотӣ навбатдории доимӣ ташкил карда шудааст, ки талаботи тартиботи ҷамъиятиро ҷиҳати  танзими донишҷӯён риоя менамоянд.

 
Thursday, 27 May 2021 02:55
There are no translations available.

 

ПИРӮЗИИ БЕНАЗИРИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ

photo_2021-05-26_17-40-43.jpg - 22.85 Kb25-уми майи соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2021” миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020- 2021 ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ояндасози миллат ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол” – ро дар радифи дигар озмунҳо миёни донишҷӯёни муассиҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир менамояд. Рӯзи 25-уми майи соли равон озмуни “Донишҷӯи сол – 2021”, ки дар он донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.

 
Wednesday, 26 May 2021 07:40
There are no translations available.

 

ЗИНДАГӢ САҲНАИ ЯКТОИ ҲУНАРМАНДИИ МОСТ...

20.JPG - 168.34 KbНимаи дуюми рӯзи 25.05.2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кумитаи Иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ намоишномаи “Келини ҷойдорӣ” дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба намоиш гузошта шуд, ки дар он ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, омӯзгорон ва дигар кормандони зерсохторҳои донишгоҳ  иштирок намуданд. Намоишномаи мазкур тамоми паҳлуҳои зиндагии воқеии ҳаёти ҷомеаро фарогир буда, аз ҷониби ҳунармандон бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро гардид, ки тамошобинон аз он як ҷаҳон маънӣ бардошт намуданд.

 
Tuesday, 25 May 2021 10:44
There are no translations available.

 

МАН БАЪДИ ҲАЗОР СОЛ, МЕОЯМ БОЗ...

1.JPG - 149.80 KbРӯзи 25-уми майи соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори бинои асосӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Лоиқ Шералӣ ва таҳаввули шеъри муосири тоҷик” бахшида ба 80-солагии шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ бо иштироки меҳмонону донишмандон ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда доир ба хизматҳои устод Лоиқ Шералӣ дар рушду таҳаввули шеъри ноби тоҷикӣ ҳамчун шоири забардаст, андешаронӣ намуд. Маврид ба ёдоварист, ки шоир Лоиқ Шералӣ байни солҳои 1958-1963 дар факултети таъриху филологияи Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) таҳсил намуда, ҳамзамон аъзои фаъоли маҳфили “Адибони ҷавон”-и ҳамин боргоҳ будааст.

 
Sunday, 23 May 2021 13:12
There are no translations available.

 

ҶАВОНОНАНД ҲАМ МЕЪМОРУ ҲАМ НАҚҚОШИ ОЯНДА!

11.JPG - 248.41 KbИмрӯз, 23.05.2021 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишер Навоӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни умумимиллӣ-30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзигул Саидова, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, кормандони МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур, омӯзгорону кормандони донишгоҳ ва инчунин аҳолии гирду атроф иштирок намуданд. Сарояндагони ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин табъӣ иштирокчиёнро болида гардониданд.

 
Sunday, 23 May 2021 06:20
There are no translations available.

 

БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ҶАВОНОН” ДАР БОҒИ РӮДАКӢ

7.JPG - 278.70 KbШоми 22-юми майи соли 2021 бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонон” аз тарафи МИҲД-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли раёсати донишгоҳ бо сарварии ректори муассисаи таълимӣ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода иштирок варзиданд. Дар чорабинии мазкур барои хизматҳои шоиста дар самти таълиму тарбия ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию ҳукуматӣ ба ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода “Ифтихорнома”-и МИҲД-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе супорида шуд. Чорабинӣ, инчунин аз барномаи фарҳангӣ низ иборат буд, ки хеле ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

 
Sunday, 23 May 2021 05:51
There are no translations available.

 

ҶАВОНОН-МОЯИ ИФТИХОРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

6.JPG - 127.26 KbСанаи 22.05.2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Ҷавонон-мояи ифтихори миллату давлат” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, намояндаи РОПНҶ-и ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдулло, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Фирӯз, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷурахон, намояндаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар Бахтиёр Расулов, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҷабзода Иброҳим Бозор, сардори ШОПҲНҶ ШВКД дар н.И.Сомонӣ Ҳусейнов Комрон, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и н.И.Сомонӣ Саидов Фаридун ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

 


Page 179 of 375
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks