• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз755
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ҳафта6783
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ7652
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ820564

Online 9
IP шумо: 216.73.216.62
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-08 20:14
Monday, 19 April 2021 08:27
There are no translations available.

 

ОЗМУНИ “ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ИДОМА ДОРАД

7.JPG - 178.53 Kb19 апрели соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади амалисозии дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” байни донишҷӯёни факултетҳои географияву биология баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни факултетҳои зикршуда,  аз худ маҳорати хубу ҳозирҷавобӣ нишон дода, ба саволҳои устодон ҷавобҳои қанеъкунанда доданд.

 
Saturday, 17 April 2021 11:47
There are no translations available.

 

ИДОМАИ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ ДАР БАХШҲО

1.JPG - 178.77 KbЧи хеле, ки қаблан хабар дода будем дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз 15-ум то 22-юми моҳи апрели соли 2021 ҳафтаи илм эълон гардида буд. Ҳамин тариқ,  конференсияҳои илмӣ дар бахшҳо ҳанӯз идома ёфта истодааст. Рафти баргузории конференсияҳо аз тарафи намояндагони раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ назорат гардида истодааст.

 
Saturday, 17 April 2021 11:16
There are no translations available.

 

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ ДУШАНБЕ...

2.JPG - 132.99 KbИмрӯз, 17.04.2021 дар толори бинои асосии донишгоҳ бахшида ба “Рӯзи пойтахт” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе...” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аҳли раёсати донишгоҳ ва донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ  ширкат доштанд. Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. баромад намуда, бо ишора аз ободониву гулгулшукуфоии пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Иброҳимов Қ. оид ба эълон шудани  шаҳри  Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ маърӯзаи пурмуҳтаво кард.

 
Saturday, 17 April 2021 11:07
There are no translations available.

 

Баргузории ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба “Рӯзи пойтахт”

1.JPG - 282.14 KbҲамасола шанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар ҷумҳурӣ “Рӯзи пойтахт” дар як фазои идона таҷлил мегардад. Бинобар ин, имрӯз, 17-уми апрели соли 2021 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ниммарафони 11-уми байналмилалӣ баргузор гардид. Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ суханрони намуда, табрикоти раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни ниммарафон расонид. Сипас чун анънаи қаблӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, ниммарафони ХI-уми байналмилалӣ расман оғоз гардид.

 
Friday, 16 April 2021 12:49
There are no translations available.

 

 

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

16.jpg - 131.75 KbСанаи 16 апрели соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмии устодон, доктор PhD, унвонҷӯён, магистрантону донишҷӯёни факултет бахшида ба “Рӯзи илм” баргузор гардид. Дар конфронс устодони факултет д.и.ф.,профессор Р.Восиева, профессор Ш.Солеҳов, профессор С.Саидов, профессор В.Элбоев, дотсентон А.Қурбонов, А.Мирзоалиева, А.Шоев, муаллимони калон Г.Норова, Г.Наимова ва асиссентон М.Абдураҳмонов, Ф.Холова, Н.Самиева ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 
Friday, 16 April 2021 12:23
There are no translations available.

 

«Илм фурӯғи маърифат»

12.JPG - 189.88 KbСанаи 14-уми апрели соли 2021 дар синфхонаи №12-и факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи “Физика- астрономия” баргузор гардид. Дар даври аввали озмун аз факултети физика 100-нафар, факултети математика 2-нафар, аз факултети технология ва соҳибкорӣ 7-нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултет дотсент У.С.Умаров ҳозиринро  барои иштирок дар озмун табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки: Ҳамасола озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида хоҳад шуд.

 
Friday, 16 April 2021 12:07
There are no translations available.

 

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти

падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

 

9.jpg - 29.29 KbРӯзи 16 апрели соли 2021 бо ташаббуси асиссенти кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Тӯйчиева Мутриба маҳфили илмӣ дар мавзӯи нақши “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, мудири кафедра дотсент Ҳобилҷон Зикиров суханронӣ намуда, нақши қонунро дар тарбияи ҷавонон хуб арзёбӣ намуд.

 


Page 185 of 375
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks