|
There are no translations available.
Суханронӣ дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”
30.03.2021 12:08, шаҳри Душанбе
Ҷалолатмаоб доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,
Муҳтарам иштирокдорони Конфронс,
Меҳмонони гиромӣ,
Сараввал иштироки Шуморо дар Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”, ки имсол “Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд” номида шудааст, сидқан хайра мақдам мегӯям.
Ҳамзамон, мехоҳам шуморо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи иштирокдорони нишасти имрӯза саломатию хушбахтӣ, барори кор ва комёбиҳо орзу намоям.
Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд.
Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.
Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем.
Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад.
|