• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз855
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ҳафта6883
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ7752
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ820664

Online 12
IP шумо: 216.73.216.62
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-08 23:26
Saturday, 06 March 2021 09:11
There are no translations available.

 

 

МОДАР ФАРИШТАИ РӮИ ЗАМИН

39.jpg - 109.22 KbЗери ҳамин унвон, санаи 5-уми март дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи модарон бо иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки чорабиниро донишҷӯёни курси аввали факултет бо роҳбарии куратори гурӯҳ, асиссенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Аюбзода Миҷгона пешкаши ҳозирин намуданд.

 
Saturday, 06 March 2021 06:10
There are no translations available.

 

ГУЛИ ГУЛЗОРИ ЗАМИН ЯК ГУЛИ РУХСОРИ ЗАН АСТ

29.JPG - 210.39 KbРӯзи 5-уми марти соли 2021 дар бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи бонувон чорабинии бо шукӯҳ бо иштироки ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ Усмонзода ва муовинони ректор, инчунин кормандон, омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуда, нахуст ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ Усмонзода ҳамаи омӯзгорону донишҷӯдухтарон ва собиқадоронро бо фарорасии ин иди бузург табрику таҳният намуд. Сипас аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба як қатор омӯзгорон ва ғолибони мусобиқаҳои волейбол, дастхобонӣ, шашка, ки дар байни донишҷӯдухтарони хобгоҳҳои донишгоҳ баргузор шуда буд, бо “Ифтихорнома”-и донишгоҳ қадрдонӣ шуда,  бонувон ва донишҷӯдухтаронро бо мукофотҳои пӯлӣ қадрдонӣ намуданд. Ҳамзамон дар қисмати дигари барнома, гурӯҳи донишҷӯёни донишгоҳ хуришҳои омоданамудаи худро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ғолибон бо ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

 
Thursday, 04 March 2021 11:49
There are no translations available.

 

“ЗАНОН МАРДОНА ГОҲО” ҶАҲД ДОРАНД

27.JPG - 251.63 KbРӯзи 4-уми марти 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе инчунин ҳамкорӣ бо бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ бахшида ба рӯзи байналмиллалии Иди бонувон мизи мудаввар зери мавзӯи “Саҳми занони фаъол дар пешгирии хариду фурӯши одамон ва хушунати хонаводагӣ” бо иштироки донишҷӯдухтарону бонувони донишгоҳ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии “Корвони умед” ва “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” баргузор гардид. Нахуст, роҳбарони ташкилотҳои “Фемида” Солиева С.А. ва роҳбари маркази болозикр Саломова М., барномаро оғоз намуданд.

 
Wednesday, 03 March 2021 12:48
There are no translations available.

 

ДУ ВОХӮРӢ БО ЯК ҲАДАФ

14.JPG - 133.54 KbСанаи 3-юми март бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Рӯзи бонувон дар Китобхонаи миллӣ Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа” баргузор гардид. Дар форуми мазкур намояндагони самти мазкур аз ҳама шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Инчунин дар ин форум донишҷӯён ва омӯзгорони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ низ иштирок доштанд.

 
Monday, 01 March 2021 06:42
There are no translations available.

 

gerb01.jpg - 4.50 Kb

АМРИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза, мукофот ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.

 
Monday, 01 March 2021 06:34
There are no translations available.

 

gerb01.jpg - 4.50 Kb

АМРИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.

 
Saturday, 27 February 2021 17:34
There are no translations available.

 

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

3.jpg - 96.82 KbСубҳи 27-уми феврали соли ҷорӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе  омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳия ба тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҷуйҳои обгузар шанбегии дастаҷамъона таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” баргузор гардид.

 


Page 192 of 375
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks