• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1524
mod_vvisit_counterДирӯз2029
mod_vvisit_counterДар ҳафта17610
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта19896
mod_vvisit_counterМоҳ42087
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта42256
mod_vvisit_counterҲамагӣ1193727

Online 31
IP шумо: 216.73.217.145
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-10-17 09:48
Thursday, 01 October 2026 18:30
There are no translations available.

РАВЗАНАИ ОШНОӢ: ЧАРОҒИ МАЪРИФАТАФРӮЗ
Саҳаргоҳ дар долонҳои донишгоҳ садои қадамҳои донишҷӯён шунида мешавад. Яке бо шитоб ба дарс меравад, дигаре дар даст китобу дафтар, сеюмӣ дар роҳ бо дӯсташ дар бораи имтиҳони дарпешистода суҳбат дорад. Аз паси тирезаҳои баланд осмони Душанбе софу ором менамояд. Дар яке аз синфхонаҳо донишҷӯён аллакай ҷой гирифтаанд. Китобҳо рӯйи миз, дафтарҳо кушода, қаламҳо дар даст. Дар тахтаи синф чанд калимаи олмонӣ навишта шудааст. Даре кушода мешавад. Устод ворид мегардад.Чеҳраи ором, нигоҳе меҳрубон, қадамҳои бетаъҷил. Ӯ ба синф менигарад. Гӯё мехоҳад на танҳо бинад, балки ҳолати ҳар як донишҷӯро эҳсос кунад.
 
Thursday, 01 October 2026 16:35
There are no translations available.

 

БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз, 1 октябр, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи омӯзгор меҳмонони ҳамоиши тарбиявӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Нури тарбия аз заҳмати омӯзгор оғоз мегардад» аз Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ боздид намуданд.
Зимни боздид меҳмонон бо таърихи таъсису ташаккули аввалин муассисаи таҳсилоти олии омӯзгории кишвар, фаъолияти омӯзгорону олимони донишгоҳ дар давраҳои гуногун, дастовардҳои аҳли донишгоҳ ва саҳми муассиса дар рушди соҳаи маорифи кишвар шинос шуданд.
Ҳамчунин, меҳмонон аз толорҳои осорхона дидан намуда, бо ҳуҷҷатҳои таърихӣ, аксҳо, маводи ёдгорӣ ва дигар нигораҳои марбут ба таърихи донишгоҳ шинос гардиданд.
Боздид аз Осорхонаи донишгоҳ барои меҳмонон ҳамчун шиносоӣ бо таърихи пуршараф, мероси илмӣ-маърифатӣ ва анъанаҳои муассисаи бонуфузи омӯзгории кишвар сурат гирифт.

 

 

 
Thursday, 01 October 2026 16:19
There are no translations available.

РӮЗИ ОМӮЗГОР: «НУРИ ТАРБИЯ АЗ ЗАҲМАТИ ОМӮЗГОР ОҒОЗ МЕГАРДАД»
Рӯзи 1 октябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор ҳамоиши тарбиявӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Нури тарбия аз заҳмати омӯзгор оғоз мегардад» баргузор гардид.
Қабл аз оғози ҳамоиш меҳмонони чорабинӣ аз Осорхонаи Донишгоҳ дидан намуда, бо таърихи таъсису ташаккул, дастовардҳо ва фаъолияти имрӯзаи муассисаи олии омӯзгории кишвар шинос шуданд.
 
Tuesday, 29 September 2026 18:12
There are no translations available.

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА «РӮЗИ МАВЛОНО»
Имрӯз, 29 сентябри соли 2026, дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёт бахшида ба «Рӯзи Мавлоно» таҳти унвони «Мавлоно дар ойинаи пажуҳишҳо» мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии декани факултети филологияи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Зикирзода Ҳобил оғоз ёфта, дар он устодону омӯзгорон ва
 
Monday, 28 September 2026 18:30
There are no translations available.

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШГОҲ: 7 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Донишҷӯёни донишгоҳ дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» иштироки фаъолона намуда, аз рӯйи чандин номинатсия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ»
???? Шоҳимардонов Шаҳром — ҷойи 2-юм
Номинатсияи «География»
???? Нуриддинов Хайём — ҷойи 1-ум
???? Бегова Муҳаббатхон — ҷойи 2-юм
 
Monday, 28 September 2026 17:36
There are no translations available.

ҶАМИЛА МАНСУРОВА СОҲИБИ ДИПЛОМИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ПЕДАГОГӢ ГАРДИД
Бо қарори Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз 25 сентябри соли 2026, №791/кн, ба Мансурова Ҷамила Сулаймоновна дипломи доктори илмҳои педагогӣ дода шуд.
Ин дастоварди илмӣ барои ҷомеаи омӯзгорӣ ва соҳаи маориф рӯйдоди муҳим буда, аз заҳмати пайваста, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва саҳми арзанда дар рушди илми педагогика дарак медиҳад.
 
Saturday, 26 September 2026 16:36
There are no translations available.

ҶАНБАҲОИ ЛИНГВОКОГНИТИВИИ ЗАБОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР
26 сентябри соли 2026 дар кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои лингвокогнитивии забон дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид.
Конференсия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида
 


Page 3 of 440
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks