• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз105
mod_vvisit_counterДирӯз1056
mod_vvisit_counterДар ҳафта4042
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ4911
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ817823

Online 5
IP шумо: 216.73.216.126
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-06 03:39
Friday, 13 November 2020 11:14
There are no translations available.

 

ПРЕЗИДЕНТИ МО – ИФТИХОРИ МО

20.JPG - 162.56 KbСанаи 13.11.2020 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Нахуст муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов Саъдӣ баромад намуда, тамоми меҳмонон, устод ва донишҷӯёнро бо ин рӯзи таърихӣ табрику муборакбод намуд.

 
Friday, 13 November 2020 10:51
There are no translations available.

 

ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

89.JPG - 198.60 KbСанаи 13.12 2020 дар байни донишҷӯёни факултети биология даври аввали олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид. Аз рафти баргузории олимпиада Муовини ректор оид ба илм Мирзораҳимов А., дидан намуда, афзуд, ки донишгоҳи мо дар омода намудани кадрҳои лаёқатманд дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда дорад. Донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамасола дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст меоранд, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мост. Дар олимпиада 33 нафар донишҷӯ иштирок намуда, аз он 10 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

 
Friday, 13 November 2020 08:59
There are no translations available.

 

 

АСРИ БИРИНҶ, ДАВРАБАНДӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶУДОКУНИИ ШАҲРИ САРАЗМ

82.JPG - 220.36 KbРӯзи 12.11.2020 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дарси кушоди муаллими калони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ Шарипов Маҳмадалӣ аз фанни археология дар мавзӯи “Асри биринҷ, даврабандӣ ва масъалаҳои ҷудокунӣ (шаҳри Саразми Бостонӣ)” баргузор гардид. Доир ба ин мавзӯъ Шарипов М., афзуд, ки ёдгории аҳди қадимаи кишоварзии Саразм, ки 15 км ғарбтар аз Панҷакент ҷойгир аст,

 
Thursday, 12 November 2020 15:21
There are no translations available.

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК, ПЕШВОИ АСРИ XXI

78.JPG - 200.77 KbРӯзи 12 – уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо ташаббуси мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонов Маъдӣ мизи мудаввар ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, Абдураҳмонов М.,дар мавзӯи “Пешвои миллати тоҷик, Пешвои асри XXI” маърӯза намуда, афзуд, ки мо ҷавонон бояд ифтихор намоем, ки дар чунин ватани ободу ором зери роҳбарии Пешвои сулҳовару сулҳпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр бо сар мебарем.

 
Wednesday, 11 November 2020 09:38
There are no translations available.

 

ҒОЛИБИЯТИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДОНИШГОҲ МУБОРАК БОШАД

68.JPG - 264.76 KbРӯзи 10.11.2020 мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол миёни волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақша чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” аз санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

 
Tuesday, 10 November 2020 10:15
There are no translations available.

 

ОИЛА ВА ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

49.JPG - 164.46 KbСанаи 10.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факултети психология ва таҳсилоти фарогир конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Оила ва фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи муосир” баргузор гарддид. Конференсияи илмӣ-амалии мазкур ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Нахуст муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, тамоми меҳмонони иштирокнамударо ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед намуд.

 
Monday, 09 November 2020 17:49
There are no translations available.

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

 

06.11.2020 06:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.

Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асо­сиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон ме­бо­шад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурах­шони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷ­тимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳиб­их­­­тиёрӣ, истиқ­ло­­лу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.

Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду ва­зи­­фаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хо­­ри­ҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.

Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.

 


Page 207 of 374
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks