• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз949
mod_vvisit_counterДирӯз876
mod_vvisit_counterДар ҳафта3830
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ4699
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ817611

Online 18
IP шумо: 216.73.216.126
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-05 20:49
Sunday, 11 October 2020 07:34
There are no translations available.

 

Баргузории интихоботи президентӣ дар ДДОТ

ба номи Садриддин Айнӣ

12.JPG - 185.06 KbШурӯъ аз соати 6:00-и субҳи имрӯз дар участкаи интихоботии №12, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷойгир аст, маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал мушоҳидони байналмилалӣ аз кишварҳои хориҷа, мушоҳидони миллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони Ҳукумати кишвар ва намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ ба участка ташриф оварда,

 
Saturday, 10 October 2020 07:09
There are no translations available.

 

Дилшод Раҷабов: “Участкаи мо пурра ба интихобот омода аст”!

 

26.JPG - 162.69 KbКомиссияи участкаи интихоботии №12 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ аст, бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омода мебошад,-қайд намуд, раиси участкаи интихоботии №12-и ҳавзаи интихоботии И.Сомонӣ-2 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Дилшод Амиралиевич.

 
Saturday, 10 October 2020 06:53
There are no translations available.

 

Вохӯрӣ  бо волонтёрон

16.JPG - 123.21 KbСанаи 09.10.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи С.Айнӣ вохӯрии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Даврон бо волонтёрони ҳавзаи интихоботии И.Сомонӣ-2 баргузор гардид. Дар толор волонтёрон аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДДТТ ба номи А.Сино, ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур тамоми меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфта, риштаи суханро ба муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Даврон дод.

 
Wednesday, 07 October 2020 13:01
There are no translations available.

 

Ҷамъбасти кори комиссияи аккредитатсионӣ дар

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

1.JPG - 264.15 KbСанаи 7-уми октябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки экспертони ватаниву хориҷӣ ва аҳли раёсати донишгоҳ ҷамъбасти кори комиссияи  аккредитатсионӣ тариқи онлайн  баргузор гардид. Сараввал намояндагони гурӯҳи мазкур аҳли ҷаласаро барои фаъолият намуданашон дар фазои пурхатари эпедимологии ҷаҳони муосир изҳори ташаккур намуда, арз доштанд, ки асолати омӯзгорӣ низ маҳз ҳамин бурдбориҳоро тақозо мекунад. Дар ҷаласа пиромуни  натиҷаи санҷиши экспертони гурӯҳи аккредитатсионӣ сухан рафта, дар он ҷиҳати бозёфтҳои нави таълим, илм, иқтисод, техникаву коммуникатсияи навин, синфхонаҳои таълимиву лингафонӣ, лабораторияҳои таҳлиливу таълимии донишгоҳ ва   як қатор пешниҳоду дархостҳои тарафайн судмандона андешаронӣ гардид.

 
Wednesday, 07 October 2020 04:08
There are no translations available.

 

Идомаи кори комиссияи аккредитатсионӣ дар

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

37.JPG - 221.07 KbСанаи 6-уми октябри соли равон дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ гурӯҳи комиссияи аккредатсионӣ бо ҳамроҳии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷ. сараввал аз хазинаи маънавии фонди тиллоии китобхонаи донишгоҳ, толори хониш, толори  электронӣ, толори олимон ва аспирантони китобхона, лабораторияҳо ва музейҳои зоологии факултети биология, инчунин аз синфхонаву лабораторияҳои факултети химия дидан намуданд.

Бояд зикр кард, ки дар ҳошияи сафари экскурсионии донишгоҳ аз синфхонаҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ ва техникаву мошинасозии факултети технология, дастоварду бозёфтҳои таърихии донишҷӯёни факултети таърих, лабораторияҳои факултети физика, синфхонаи муҷаҳҳази инклюзивии факултети психология ва таҳсилоти фарогир, маркази захиравии забони англисӣ, Парки технологии донишгоҳ боздид намуданд.

 
Tuesday, 06 October 2020 14:52

AMERICAN COUNCILS

FOR INTENATIONAL EDUCATION

 

30.jpg - 49.49 KbSeptember, 2020 Online sessions with Virtual Intern Elise Brittain started in English Resource Center.

Getting a good start!

Each year At Pedagogical University we have kind of tradition participating in Professional Development courses with participation of 55 English teachers of English Faculty. These courses were provided with English Language Fellows and all courses will be provided with Certificates of US Embassy.

 
Monday, 05 October 2020 05:09
There are no translations available.

 

Рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият

 

14.jpg - 3.33 MbСанаи 5.10.2020 бо ибтикори кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ бахшида ба рӯзи “Забони давлатӣ” таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он профессор Раҳматуллозода С.Р.-муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саодатшо М. вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсияро мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ муҳтарам дотсент Мирбобоев А. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзнома шинос намуд ва суханро ба маърӯзачиён дод.

 


Page 212 of 374
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks