Saturday, 22 February 2020 10:37 |
There are no translations available.
"АРТИШИ МИЛЛӢ РАМЗИ ШУҶОАТ ВА ҚАҲРАМОНӢ"
Имрӯз 22.02.2020 дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи кафедраи забонҳои шарқи факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзӯи "АРТИШИ МИЛЛӢ РАМЗИ ШУҶОАТ ВА ҚАҲРАМОНӢ" бо иштироки мудири кафедраи забонҳои шарқ муҳтарам Бекчаев Ёлбарс, муовини декан оид ба тарбия Шералиев Самандар ва ҳамзамон омӯзгорон ва донишҷӯён бо ташаббуси ассистенти кафедраи забонҳои шарқ Фарзона Раҳмонова ташкил ва гузаронида шуд.
|
Saturday, 22 February 2020 09:27 |
There are no translations available.
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27-солагии
таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
22.02.2020 12:04, шаҳри Душанбе
22 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат оид ба таърихи - 27 соли таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи пурқудрати ҳимоятгари давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтанаш андешаронӣ карданд.
|
Saturday, 22 February 2020 08:10 |
There are no translations available.

Суханронӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
22.02.2020 11:36, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо, афсарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳозирини гиромӣ!
Мардуми шарифи Тоҷикистон фардо санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил мекунанд.
Имрӯз, ки мо дар арафаи ин ҷашн қарор дорем, бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – собиқадорон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми бузург доранд, самимона табрик менамоям.
Мо Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бисту ҳафт сол муқаддам - дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодӣ ва сиёсиву ҳарбии кишвар, дар вазъияте, ки ҳамаи сохтору мақомоти давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд, ба тасвиб расонидем.
|
Friday, 21 February 2020 08:48 |
There are no translations available.
НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ
Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа - забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ду ҷанба- мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар, хатари аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд. Бино ба назари пажӯҳишгарон дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи он таваҷҷуҳи вижа зоҳир шудааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми имсола иброз доштанд, мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Оре, ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки рисолати аҳли ҷомеа аст, зеро забон василаи муоширати ҷомеа аст ва танҳо ҷомеа қодир аст онро аз таҳдиду хатарҳои фароянди ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.
|
Friday, 21 February 2020 08:43 |
There are no translations available.
21 - уми феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
Забони модариро пос дорем” унвон дошт ҳамоиши илмӣ- амалӣ, ки ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ доир гардид. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ кушода, роҷеъ ба ҳифзи забонҳои модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди забони модарии миллатҳои маскуни Тоҷикистон ибрози назар намуд.
|
Friday, 21 February 2020 10:21 |
There are no translations available.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ
Дар таърихи 21.02.2020 бо ибтикори мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Холмаҳмад Раҳимӣ вобаста ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи назариявӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия Х. Раҳимӣ- мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, Бегимов Ҳ.Х.- мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, Басгул Туманова- муовини декан оид ба тарбия, Шаҳноза Ниёзова ассистенти кафедра иштирок намуданд.
|
Monday, 17 February 2020 08:06 |
There are no translations available.
Вохӯрии судманд
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии ҳудуди ноҳия санаи 17-02-2020 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Точикистон ба номи С. Айнӣ дар байни донишҷӯёну омӯзгорон оид ба тарғибу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои риояи қонунҳои миллӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ вохӯрии судманд гузаронида шуд.
|
|