Thursday, 13 February 2020 05:22 |
There are no translations available.
ТАҚДИМИ КИТОБҲО АЗ ҶОНИБИ САФИРИ ФАРОНСА
Санаи 11-уми феврали соли 2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, 350 нусха китобҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ туҳфа намуд, ки ҳадаф аз он густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст мебошад.
Ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ меҳмони олиқадрро ҷиҳати тақдими китобҳо арзи сипос намуда, дар хусуси нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими равобити Тоҷикистону Фаронса сухан ронд.
|
Monday, 03 February 2020 05:01 |
There are no translations available.
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ
МЕСТНОГО КОНСУЛЬТАНТА

Республика Таджикистан.
Проект «Развития высшего образования».
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
Контракт: Изготовка видео-ролика «Тур по порталу»
Номер Контракта: ТГПУ/IC/11
Дата: 03 февраля 2020 г.
|
Tuesday, 28 January 2020 03:03 |
There are no translations available.
Ду лоиҳаи пешниҳодкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ
оид ба баланд бардоштани сифати таълим татбиқ гардида
истодаанд-бардошт аз нишасти матбуотӣ

ДУШАНБЕ, 27.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.Бо дастгирии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон соли гузашта ду лоиҳаи пешниҳодкардаи донишгоҳи мо- «Ҳамгироии технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим» бо маблағи 2755 ҳазор сомонӣ ва «Беҳтар гардонидани шароити зисти духтарон дар хобгоҳ-ҳамчун ангезиши дохилшавӣ ба ДДОТ аз минтақаҳои кӯҳистон» ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ қабул гардида, дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 3115 ҳазор сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баён гардид.
|
Monday, 27 January 2020 05:32 |
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ
27-уми январи соли 2020 тибқи нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2019 бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ аз натиҷаи дастовардҳо ва бурду бохти таълимгоҳ дар давоми соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020 дар назди рӯзноманигорон ҳисоботи муфассал ироа намуд.
|
Friday, 17 January 2020 10:56 |
There are no translations available.
Ҷаласа оид ба шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар таърихи 17-уми январи соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласа вобаста ба шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
|
Monday, 06 January 2020 11:21 |
There are no translations available.
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ
МЕСТНЫХ КОНСУЛЬТАНТОВ

Республика Таджикистан.
Проект «Развития высшего образования».
Окно 2. Оказание поддержки студентов женского пола.
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни.
Контракт: Составления справочника «Юридические и психологические консультации»
Номер Контракта: ТГПУ/IC/05
Дата: 06 января 2020 г.
|
Thursday, 26 December 2019 08:01 |
There are no translations available.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
26.12.2019 13:02, шаҳри Душанбе
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.
Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.
Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.
Муфассал
|
|
|
|
Page 214 of 352 |