Thursday, 20 August 2020 05:48 |
There are no translations available.
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон
ва сокинони ноҳияи Ванҷ
20.08.2020 09:39, ноҳияи Ванҷ
Ҳамватанони азиз!
Ба ҳамаи сокинони меҳмондӯсту ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ тавассути заҳмати софдилона дар баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми босазо гузошта истодаанд, инчунин, ба ҳар яки шумо барои пазироии самимона изҳори сипос менамоям.
Мо ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар аз ободкориву созандагии мардуми заҳматдӯсти худ ҳамеша ифтихор мекунем, зеро мебинем, ки хурду бузурги Ватанамон ба шарофати неъмати бебаҳои ҳастии хеш, яъне истиқлолу озодӣ ва давлатдории навини миллӣ барои пешрафти Тоҷикистони азиз азму талоши бесобиқа ба харҷ медиҳанд.
Имрӯзҳо мо натиҷаву самараи амалҳои ватандӯстонаи халқи азизамонро дар тамоми гӯшаҳои мамлакатамон баръало мушоҳида ва эҳсос мекунем.
Ду сол қабл мо ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи хушманзараи Ванҷ шоҳиди мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани даҳҳо иншооти навбунёд, аз ҷумла бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Қасри фарҳанг, мактаби замонавӣ, роҳҳои таҷдиду азнавсозишуда ва дигар иншооти муҳимми маъмурӣ гардида будем.
|
Wednesday, 19 August 2020 05:43 |
There are no translations available.
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 18:29, ноҳияи Дарвоз
Ҳамватанони азиз!
Ҳангоми сафар ба ноҳияи хушманзараи Дарвоз ва мулоқот бо шумо - сокинони заҳматпешаву меҳмондӯсти ин диёри зебо яке аз хислатҳои деринаву писандидаи халқамон - эҳтирому меҳрубонӣ ва самимияти хоссаи тоҷиконаро ҳамеша эҳсос менамоям.
Мо дар ҷараёни сафарҳои кории солҳои гузашта даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми ноҳияро ба истифода супоридем, ки онҳо симои на танҳо маркази ноҳия, балки деҳоти онро низ куллан тағйир дода, ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сокинони ноҳияи Дарвозро хеле беҳтар гардониданд.
Имрӯз низ мо дар маросими ба истифода супоридани чандин иншооти навбунёд, аз ҷумла корхонаи коркарди хокаи мармар дар деҳаи Вишхарв, оғози сохтмони канали обёрӣ дар мавзеи Дашти Луч, боғи фарҳангу фароғат дар деҳаи Умарак, парки инноватсионӣ бо корхонаи коркарди асал, истеҳсоли маводи безараргардонӣ, либоси муҳофизати фардӣ ва гармхона, инчунин, як қатор биноҳои маъмурӣ иштирок карда, санги асоси бунёди мактаби Президентиро гузоштем.
|
Wednesday, 19 August 2020 10:53 |
There are no translations available.
Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири “Чорчаман Хилс” дар
Истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 15:07, ноҳияи Дарвоз
Баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи “Чорчаман” бо як гуруҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.
Сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Пешвои миллатро ба ноҳияи Дарвоз самимона хайрамақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипоси беандоза карданд.
|
Wednesday, 19 August 2020 07:59 |
There are no translations available.
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 12:59, ноҳияи Дарвоз
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз Боғи нави фарҳангӣ-фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.
Боғи фарҳангию фароғатии муосир аз ҷониби 11 нафар соҳибкори ватандӯсти ноҳияи Дарвоз дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат бунёд шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа ин маркази зебо ҳамчун боғи кӯдакона барои истироҳату фароғат ва омӯзиши таърихи иншоотҳои муҳими тамаддуни башарӣ, инчунин тарбияи эстетикии кӯдакону ҷавонон бунёд карда шудааст.
Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ - фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонону наврасони саодатманди кишвар бо самимияти хоса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.
Дар ҳудуди боғи мазкур майдончаҳои бозии кӯдакона, атраксионҳо, катора, муҷассамаи иншоотҳои таърихии ба руйхати муъҷизаҳои олам воридгардида ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд шудааст.
|
Wednesday, 19 August 2020 05:04 |
There are no translations available.
Гузоштани санги асоси сохтмони Мактаби Президентӣ дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 10:00, ноҳияи Дарвоз
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои Мактаби Президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар Мактаби Президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.
|
Wednesday, 19 August 2020 04:35 |
There are no translations available.
Тақдими туҳфаҳо ба ятимону бепарасторон
дар тарабхонаи “Ориёно”-и ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 09:08, ноҳияи Дарвоз
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кӯдакону наврасони бо амри тақдир аз меҳри гарми волидайн маҳруммондаро ба муносибати оғози Соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан туҳфаҳоро, ки аз кӯмакпулӣ ва сару либос иборат буд, ба ҳар яки онҳо тақдим намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимону маъюбон, дастархони идона ороста шуд.
|
Wednesday, 19 August 2020 04:32 |
There are no translations available.
Ба истифода додани бинои нави Суди ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 09:06, ноҳияи Дарвоз
19 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Аснои шиносоӣ бо шароити кории иншооти нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Суди ноҳияи Дарвоз дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия қомат афрохтааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав, ки аз ду ошёна иборат аст, моҳи майи соли 2019 шурӯъ гардида, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд.
Сохтмончиён иншоотро дар муддати кӯтоҳ, бо тарҳи муосир ва бо сифати баланд бунёд карданд.
|
|