Thursday, 09 April 2020 09:21 |
There are no translations available.
ЁДЕ АЗ ДӮСТ
Раҳимӣ Хизру Мӯсои замон буд,
Раҳимӣ дар ҷаҳон худ як ҷаҳон буд.
Зи одам зода буду буд одам,
Раҳимӣ одамиро ҷони ҷон буд.
Даме олим, даме шоир, даме дӯст,
Раҳимӣ лоиқи сад ину он буд.
Раҳимӣ дар миёни ҷумла ёрон,
Азизу меҳрубону нуктадон буд.
Ҳазор афсӯс аз марги чунин дӯст,
Ки ӯ пур орзу буду ҷавон буд.
|
Monday, 06 April 2020 07:53 |
There are no translations available.
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ
МЕСТНЫХ КОНСУЛЬТАНТОВ
Республика Таджикистан.
Проект «Развития высшего образования».
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
Контракт: Услуга местных консультантов (рабочая группа
второго компонента)
Номер Контракта: ТГПУ/IC/02
Дата: 06 апреля 2020 г.
|
Monday, 06 April 2020 12:06 |
There are no translations available.
НИСБАТ БА САЛОМАТӢ БЕПАРВО НАБОШЕМ!
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз санаи 3-юми апрели соли 2020 бо фармоиши ректори донишгоҳ нақшаи чорабиниҳои ситоди дохилидонишгоҳӣ дар бораи роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирӣ аз паҳншавии касалии сироятии коронавируси СOVID-2019 ба тасвиб расида, масъулин чораҳои амалиро дар самти мазкур роҳандозӣ намуда истодааанд.
Ҷаласаи ғайринавбатии раёсати донишгоҳ вобаста ба тартиб ва риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ ва пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус санаи 6-юми апрели соли 2020 дар толори шӯрои олимон доир гардид.
|
Saturday, 04 April 2020 10:42 |
There are no translations available.
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ РУШД
Имрӯз санаи 4-уми апрели соли 2020 дар толори шӯрои олимони донишгоҳ вохӯрии судманд бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур Шодком Турсунзода - муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони раёсати донишгоҳ, деканон, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ширкат намуданд.
Нуъмонҷон Ғаффорӣ – ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих профессор зимни ифтитоҳи вохӯрии мазкур иброз дошт, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест ва дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
|
Wednesday, 01 April 2020 07:49 |
There are no translations available.
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ
Республика Таджикистан
Проект развития высшего образования
Окно 2. Оказание поддержки студентов женского пола.
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
Контракт: Закупка оборудования и материалы для бытовых помещений
Номер Контракта: ТГПУ/SH/03
Контракт: Закупка материалов для проведения языковых и компьютерных курсов
Номер Контракта: ТГПУ/SH/04
Дата: 01 апреля 2020 г.
|
Wednesday, 01 April 2020 11:11 |
There are no translations available.
Ягона калиде, ки метавонад, дари
ҳамаи мушкилотҳоро кушояд-ин забон аст
НАШРИ МАҶМӮАИ ИЛМӢ РОҶЕЪ БА ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
Санаи 30-юми марти соли 2020, бо ташаббуси садорати факултаи забони англисӣ дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бахшида ба 80-солагии таъсисёбии факултаи забонҳои хориҷӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ” доир гардид.
Ҳамоиши ҷумҳуриявиро Нуъмонҷон Ғаффорӣ - ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки масоили методии таълим, усулҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои асосии ҷомеа буда, таъмини кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбидошта дар макотиби олии кишвар аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
|
Monday, 30 March 2020 02:58 |
There are no translations available.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.03.2020 19:37, шаҳри Душанбе
30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар доираи амалисозии “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” чор корхона дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ, аз ҷумла ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ Фейза”, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мавлонои Румӣ”, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самарқанд - М” дар ноҳияи Рӯдакӣ, коргоҳи қолинбарорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф - ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шероз” ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гулвард” ба фаъолият шуруъ карданд. Дар натиҷа зиёда аз 210 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
|
|
|
|
Page 220 of 361 |