• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз68
mod_vvisit_counterДирӯз662
mod_vvisit_counterДар ҳафта800
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта5691
mod_vvisit_counterМоҳ11518
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта18565
mod_vvisit_counterҲамагӣ772730

Online 5
IP шумо: 216.73.216.131
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-09-16 02:39
Monday, 06 January 2020 11:21
There are no translations available.

 

 

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ

МЕСТНЫХ КОНСУЛЬТАНТОВ

 

7.bmp - 1.46 Mb

Республика Таджикистан.

Проект «Развития высшего образования».

Окно 2. Оказание поддержки студентов женского пола.

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни.

 

 

Контракт: Составления справочника «Юридические и психологические консультации»

Номер Контракта:  ТГПУ/IC/05

Дата: 06 января 2020 г.

 
Thursday, 26 December 2019 08:01
There are no translations available.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

26.12.2019 13:02, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.

Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.

Муфассал

 
Thursday, 26 December 2019 08:29
There are no translations available.

 

 

ПРОФЕССОР ҒАФФОРӢ НУЪМОНҶОН БЕҲТАРИН КОРБАРИ САҲИФАИ

ИҶТИМОИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

420.jpg - 50.48 KbТибқи назарсанҷии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон –ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, беҳтарин корбари саҳифаи иҷтимоии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.

 
Thursday, 26 December 2019 06:29
There are no translations available.

 

 

ТАБРИКОТ

418.JPG - 166.29 KbРаёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ Олимов Рустам Шоимқуловичро барои бо муваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадиш дар мавзӯи “Функционально-семантическое поле определенности/неопределенности  в разноструктурных  языках (на материале таджикского и французского языков)”  табрик намуда, дар корҳои илмии ояндааш комёбиҳо хоҳон аст.

 
Saturday, 21 December 2019 07:52
There are no translations available.

 

Дарси кушоди тарбиявӣ (кураторӣ) вобаста ба

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

413.JPG - 186.32 KbДар таърихи 02.12.2019. Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид  таҳти  №14603 «Дар бораи иҷрои Суруди миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ» ба имзо расид.

Вобаста ба иҷроиши фармони мазкур дар таърихи 20.12.2019. бо ибтикори мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Холмаҳмад Раҳимӣ дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ бо иштироки донишҷӯёни 4 гуруҳи таълимӣ дарси кушоди тарбиявӣ (кураторӣ) гузаронида шуд. Дарси кушоди тарбиявиро мудири кафедра Холмаҳмад Раҳимӣ дар мавзӯи «Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сайри таърихии он» гузаронд. Дар маърӯза қайд шуд, ки “Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимӣ ва дорои таърих, забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошанд. Бо туфайли осори адабӣ, илмӣ ва таърихии фарзандони фарзонаи ин миллати фарҳангофар ва фарҳангпарвар дар тӯли зиёда аз 1000 сол бе давлат ҳам онҳо тавонистанд, забон, таърих ва анъанаҳои пешқадамро ҳифз намоянд.

 
Friday, 20 December 2019 04:54
There are no translations available.

 

Курси омӯзишии «Духтарони сарвар» ҷамъбаст гардид

403.jpg - 182.99 KbБахши кор бо духтарону занони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  мунтазам бо  Раёсати  кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориҳои судманд дорад.

Бинобар ин, бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва нақшаи амалии он дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,

 
Wednesday, 18 December 2019 06:41
There are no translations available.

 

 

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ.....

394.JPG - 209.29 KbРаёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ тасмим гирифтаанд, суҳбату вохӯриҳо бо донишҷуёни ятиму бепарастор ва маъюбони гурӯҳи якум баргузор намояд. Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Иброҳимзода Амирҷон,

 


Page 224 of 361
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks