• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз537
mod_vvisit_counterДирӯз876
mod_vvisit_counterДар ҳафта3418
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ4287
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ817199

Online 20
IP шумо: 216.73.216.126
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-05 10:56
Saturday, 02 November 2019 19:54
There are no translations available.

 

Забон донӣ - ҷаҳон донӣ

(олимпиада)

54.jpg - 488.85 KbДар санаи 01.11.2019 дар факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории .Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси садорати факултети забони англисӣ олимпиадаи факултативӣ  аз фанни забони англисӣ байни донишҷӯёни курсҳои 1- ум то 4 –уми факултети мазкур бо роҳбарии муовини декан оид ба илм Ғуломов Наимҷон ва омӯзгори соҳибзабон аз сафоратхонаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Денни Лем гузаронида шуд.

 
Friday, 01 November 2019 10:40
There are no translations available.

 

Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат

IMG_0851.JPG - 93.04 KbТибқи нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи забони франсавӣ рӯзи 31.10.2019 дар толори фарҳангии ДДОТ ба номи С.Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат», бахшида ба солҳои 2019-2021 – «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор намуд. Барои иштирок дар чорабинии илмӣ мутахассисону олимон аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ даъват гардида буданд.

 
Thursday, 31 October 2019 08:51
There are no translations available.

 

«Падидаи ҳалкунанда дар эҳёи давлатдории тоҷикон»

(Мизи мудаввар)

IMG_0708.JPG - 95.39 KbБо ташаббуси кафедраи таърихи халқи тоҷик дар таърихи 30-юми октябри соли 2019 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳ соати 1100 бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзӯи «Падидаи ҳалкунанда дар эҳёи давлатдории тоҷикон» баргузор гардид.

Доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Пирумшоев Ҳ. П. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки маҳз ба туфайли талаби рӯзафзуни бедорфикрон, пофишории фарзонамардони тоҷик 6 июни соли 1929 Бюрои Сиёсии Кумитаи Марказии ҲК(б) ИҶШС ахбороти ҶМШС Тоҷикистонро доир  ба дастовардҳои иқтисодию маданӣ шунида , чунин қарор баровард:

 
Wednesday, 30 October 2019 04:33
There are no translations available.

 

Робитаи забони ӯзбекӣ ва забонҳои дигар дар

давраи ҷаҳонишавӣ: муаммо ва ҳалли онҳо

 

53.jpg - 3.93 MbРӯзи 21 октябри соли 2019 дар шаҳри Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи "Робитаи забони ӯзбекӣ ва забонҳои дигар дар давраи ҷаҳонишавӣ: муаммо ва ҳалли онҳо" баргузор гардид.

Дар ин конференсия дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Хидиров Раҷабалӣ иштирок намуда ва дар мавзӯи "Хусусиятҳои полисемантикӣ дар фраземаҳои забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ" баромад намуд.

 
Monday, 28 October 2019 04:15
There are no translations available.

 

КӮДАКОН -  ГУЛИ НАМАКИ ЗИНДАГӢ

«Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Эмомалӣ Раҳмон

IMG_0476.JPG - 85.59 KbДар санаи 26.10.2019 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи “Таҳсилоти томактабӣ: таҷриба, анъана ва навгониҳо”, бахшида ба 50-солагии кафедраи “Назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ” бо иштироки васеъи омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

 
Saturday, 26 October 2019 04:57
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ ШИРКАТИ ТСЕЛ БО ДОНИШҶӮЁН

44.jpg - 106.43 KbСанаи 25.10.2019 намояндагони ширкати Тсел дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин вохӯрӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, Директори самти тиҷоратии ширкати Тселл - Шараф  Маҳмудов, эксперти самти иттилоотии шуъбаи маркетинги ширкат - Хоҷаев Хилватшо, эксперти самти тиҷоратии минтақаи шаҳри Душанбе - Далер Мирзоев, роҳбари нуқтаи фурӯш - Холмат Джурабаев ва омӯзгорону донишҷӯён ҳузур доштанд.  Мақсад аз баргузор намудани вохӯрии мазкур тарзи дурусту  саҳеҳ тайёр кардани санадҳо, аз ҷумла, муаррифинома (презентатсия)-ҳои мухталиф барои донишҷӯён,

 
Friday, 25 October 2019 13:09
There are no translations available.

 

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ

ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”

33.JPG - 78.67 KbИмрӯз 25.10.2019 дар бинои асосии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” баргузор гардид. Дар ин ҷаласа раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Расулзода Насимҷон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”- Ғаффорӣ Нӯъмонҷон, ва омӯзгорону донишҷӯёни аъзои ҳизб иштирок намуданд.

 


Page 242 of 374
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks