• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз793
mod_vvisit_counterДирӯз919
mod_vvisit_counterДар ҳафта5939
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6143
mod_vvisit_counterМоҳ8591
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта24350
mod_vvisit_counterҲамагӣ673914

Online 10
IP шумо: 3.141.46.208
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-05-09 20:09
Tuesday, 05 March 2019 12:09
There are no translations available.

Ҷашни  Рӯзи  модар

Дар санаи  4-уми  марти  соли  равон дар факултети  химия  бахшида  ба  “Рӯзӣ   Модар” чорабинии  фарҳангӣ  бо  як шукӯҳу  шаҳомати  хоса  таҷлил  гардид.Омӯзгорон ва  донишҷӯён   дар фазои  идона  ин  иди  фархундро таҷлил  намуданд.

 
Tuesday, 05 March 2019 11:57
There are no translations available.

Мусобиқаи Донандагони забони Хитоӣ

Дар санаи 1 – уми марти соли 2019 дар кафедраи забонҳои Шарқи факултети забони англисӣ бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи маркази Конфутсии назди ДМТ ва ҳамзамон кафедраи забонҳои Шарқ миёни донишҷӯёни курсҳои дуюм,  сеюм, ва панҷум  даври аввали мусобиқа гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз маркази Конфутсии назди ДМТ, декани факултети забони англисӣ дотсент Баротзода Ф.К., мудири кафедраи забонҳои Шарқ Бекчаев Ё., омӯзгорони кафедраи Услубшиносӣ ва назарияи тарҷума Ҳафизова Барно, Маматмуродова Нилуфар, саромӯзгори ҳамин кафедра  Худоиева Хиромон., омӯзгорони кафедраи забонҳои Шарқ Зиёева Моҳира ва Фарзонаи Раҳмон, аъзоёни ҳакамон Ванг Ҷи Хуан., Ҷанг Лей., Янг Ҷи Хон., Ҷоу  Юнхе., Шаҳзодаи М., ва донишҷӯён иштирок намуданд.

 
Monday, 04 March 2019 14:51
There are no translations available.

Бо баргардонидани Гадоев Шарофиддин, ки шоми 2-юми март сурат гирифт, ниҳодҳои давлатӣ фарҳанги воло ва мудирияти истисноӣ нишон доданд.  Сараввал, заминаи бозгашти раҳбари «Паймони ба ном миллӣ»-ро мусоид сохтанд ва ба мухолифон фаҳмонданд, ки дар гӯр ҳам бошанд, дар дастрасии қонун  қарор доранд. Ҳамин тартиб, Қонуни авф нисбат ба Гадоев бо ҳамон дароят ва иқтидори истисноии ниҳодҳои ҳукуматӣ татбиқ шуд.

 
Monday, 04 March 2019 10:02
There are no translations available.

Ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон

Мардуми шарифи кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазорхо сол аз нав чашиданд. Сулҳ дар асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи тоифаҳои одамон аст. Дониш барои инсон мояи фазлу камол буда, инсонро комил мегардонад. Дар бисёр ҳолатҳо мушоҳида мешавад, ки чавонон аз рӯзҳои таътил истифода намуда, ба ҳар гуна кору амалҳои беҳуда ва ё зараровар машғул мешаванд. Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ  нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

 
Wednesday, 27 February 2019 09:44
There are no translations available.

Таҷлил аз 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ

Дар санаи 22-уми феврали соли 2019 дар толори калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ чорабинии идона бахшида ба 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро Ректори  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику муборакбод гуфт.

 
Tuesday, 26 February 2019 05:55
There are no translations available.

Ҳамоиши илмӣ-амалӣ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори гиромидошти забони модарӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд. Сароғоз муовини ректор оид ба масоили байналмилалӣ Аъзам Байдуллоев роҷеъ ба ҳифзи забонҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ сухан карда, иброз дошт, ки таваҷҷӯҳи давлат ба забони модарӣ ҳамарӯза меафзояд ва ҳифзу беолоиш нигох доштанги забони модарӣ вазифаи ҳамагон аст.

 
Monday, 25 February 2019 08:59
There are no translations available.

Чорабинии фарҳангӣ

Санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин Рӯзи артиши миллӣ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсия, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои забонҳои романӣ-германӣ, математика, география ва филологияи тоҷик баргузор гардид.

 


Page 245 of 349
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks