Friday, 26 January 2018 06:51 |
There are no translations available.
«Ҷараёни салафия» ва хатари он ба давлату миллати тоҷикон
Дар ҷаҳони муосир пайдо шудани ҳар гуна равияҳои ба мардумони олам бегона боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаву бонизоми кишварҳои дунявию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ба таври ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон низ мавҷуд хастанд, ки боиси нооромии вазъ шуда, махсусан ҷавононро ба доми худ мекашанд. Яке аз чунин ҷараёнҳои ғайриқонунӣ «салафия» мебошад, ки таҳдид ба тамоми ҷаҳони муосир ва давлатҳои миллии дунявӣ дорад.
|
Friday, 26 January 2018 06:48 |
There are no translations available.
ҲНИТ – сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон
Дар ҷаҳони имрўз ағлаби «сиёсатмадорон» ба хотири ба ҳадаф ва манфиатҳои худ расидан омодаанд, ки ба ҳар амали шоиставу ношоиста даст бизананд. Ҳамин аст, ки роҳҳои расидан ба мақсади худро дар поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои нафарони дигар, миллату қавмҳои дигар, аз байн бурдани оромиву осоиштагии як кишвари дигар мебинанд. Ҳамин чиз сабаб гардидааст, ки дар ҷомеаи ҷаҳони имрўза истилоҳоте чун терроризм ва экстрремизм пайдо гардидаву таҳдиди хатари он барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ дониста шудааст.
|
Friday, 26 January 2018 06:39 |
There are no translations available.
Сарвари собиқ Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ки фаъолияти он дар ҳудуди кишвар мамнўъ эълон гардидааст, Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолияти доимиаш дар хориҷи кишвар (Ҷумҳурии Исломии Эрон) амалҳои зиддимиллӣ ва зиддиинсониро ба анҷом расонида истодааст. Кабирӣ шахси ғаразолуд ва зархариди хоҷагони хориҷа аст, ки бо баромадҳои нохалафи худ то ҳол ба сутуни миллати тоҷик сўзан заданро хоҳон аст.
|
Friday, 26 January 2018 06:38 |
There are no translations available.
Воқеан, бузургони мо ҳикматҳои зиёдеро ба мерос гузоштаанд, ки аз доираи гуфтаҳо ва навиштаҳои онҳо баромадан ғайриимкон аст.
Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охиринро таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо – терроризм, коррупсия, масоили экологӣ, қашоққӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраҳо дохил мешуданд. Лекин имрӯз бошад, таҳдидҳои навини ба мақсади ифротгароиии динӣ низ хеле хавфнок мебошанд.
|
Friday, 26 January 2018 06:36 |
There are no translations available.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ройгон ба муассисаҳои давлатӣ ва таълимию фарҳангӣ дастрас гардид. Акнун ҳар кас метавонад бо асли дини мубини ислом шинос ва аз ақидаҳои хурофотие, ки пештар мавҷуд буд, дур гардад.
|
Friday, 26 January 2018 06:34 |
There are no translations available.
Хатари терроризм ва экстремизм дар xомеаиимрeза
Олимону муҳаққиқо ннавъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зидди ҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, ки бернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳамабеш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Баақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гўшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар
|
Friday, 26 January 2018 06:05 |
There are no translations available.
Маншаи терроризм аз ифротгароист.
Таърихи инсоният аз лаҳзаҳои пайдоиш то ба имрӯз ба дин иртиботи қавӣ дорад, ки ба ҳаёти инсон аз таваллуд то ба марг таъсир мерасонад. Дар ҷомеа падидаеро ёфтан мушкил аст, ки мисли дин бо зиндагии одамон наздик бошаду ҳамзамон дар масири таърих ихтилофу моҷраҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда бошад. Ин аст, ки дар фарҷоми асри ХХ ва асри ХХ1 инсониятро мавҷи ифротгароии динӣ ба маротиб фаро гирифта, боиси муноқиша дар нуқоти дунё гардидааст. Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки имрӯз ифротгароии динӣ маҳз бо истифодаи шиорҳои дини ислом доман паҳн намуда,
|
|