• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз592
mod_vvisit_counterДирӯз889
mod_vvisit_counterДар ҳафта3747
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6143
mod_vvisit_counterМоҳ6399
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта24350
mod_vvisit_counterҲамагӣ671722

Online 12
IP шумо: 18.220.192.109
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-05-07 13:56
Thursday, 07 November 2024 09:10
There are no translations available.

 

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Возможно, это изображение 3 человека и текст «Road RoadStrategicCo 带一路战略合作协 Strategic Cooperation oadStrategicCooperationAgreeme Agreemen 塔吉克斯坦国立师范大学 Tajik State Pedagogical University Named Fajitateselgu after Ayni 签约代表: Signing Repre SigningReprnsentatives: sentatives: 沈阳师范大 Shenyang ShenyangNormalUnive Normal Unive 签约代表: Signing SigningRepresentatives tde 具 J Fa F 安吉游比 Inter 2024 2024 Anji 2024安吉清加 Play»Имрӯзҳо (4-7.11.2024) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронси байналмилалии табодули академии Anji Play таҳти унвони "Мерос, ошкорбаёнӣ ва инноватсия" баргузор гардида истодааст.
Дар кори он намояндагони кишварҳои Чин, Англия, Испания, Финландия, Тоҷикистон, созмони ЮНЕСКО ва дигар коршиносони байналмилалӣ иштирок доранд.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар ин конфронси сатҳи байналмилалӣ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 3 нафар иштирок намуда истодаанд.
Тибқи барномаи конфронс рӯзи 5 ноябр Азаматзода Ғайратшо - декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи "Рушди таҳсилоти ибтидоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, андешаҳои худро баён дошт.
 
Thursday, 07 November 2024 09:08
There are no translations available.

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

 

Возможно, это изображение 1 человек и текст6 ноябри соли 2024 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Дар ин муҳлат амали Конститутсия нишон дод, ки ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ бо назардошти танзими конститутсионӣ рушд ва таъмин гардида, фазои ҳуқуқии мусоид барои баамалбарории ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳаё шудааст. Чунки Конститутсия ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, принсипҳои асосии бунёди давлати миллӣ, пешбурди давлатдорӣ ва низоми онро бо нақш ва ҳузури шохаҳои ҳокимияти давлатӣ пурра ва ҳаматарафа танзим намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф кард.
Дар давлат ва ҷомеа инсоне озоду масрур зиндагонӣ менамояд, ки фаъолияти ӯ ба принсипи қонуният мутобиқ бошад. Қонуният ҳолати ҳаёти ҷомеа мебошад, ки дар он қонунгузорӣ босифату пайгирона вуҷуд дорад ва қоидаҳои қонунҳое, ки бо тартиби муқарраршуда қабул шудаанд, аз ҷониби мақомот, шахсони мансабдор, ташкилоту шаҳрвандон риоя ва иҷро карда мешаванд.
 
Thursday, 07 November 2024 09:02
There are no translations available.

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИЮ ҲУҚУҚБУНЁД

Возможно, это изображение 5 человек, динамик, помост и текст5-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд” дар толори васеи бинои тозаифтитоҳи донишгоҳ баргузор гардид.
Бояд ёдовар шуд, меҳмонон ва олимони ба ин конференсияи илмӣ-назариявӣ даъватшуда, аз ҷумла Раҳимзода Маҳмад – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
 
Wednesday, 30 October 2024 04:10
There are no translations available.

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДИПЛОМ ҚАДРДОНӢ ШУД

Аз 22-юм то 24-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид. Дар он ба ғайр аз ноширони ватанӣ ноширону адибон аз давлатҳои Туркия, Эрон,  Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон, Узбекистон беҳтарин намунаҳои китобҳои нашриёти хешро пешниҳод  намуданд.  Имсол беш аз 40 ношир зиёда аз 5 ҳазор китоби тозанашрро аз адабиёти бадеӣ, адабиёти кӯдакона, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоёт ба алоқамандони китоб пешниҳод намуд. Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватаниву хориҷӣ баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маҳсули таълифоти олимону пажуҳишгарони ин боргоҳи илму маърифат ба маърази намоиш гузошта шуд ва донишгоҳ барои ширкати фаъол дар ин чорабинии муҳташам бо диплом сарфроз гардонида шуд.

 
Tuesday, 29 October 2024 06:28
There are no translations available.

Ифтитоҳи бинои таълимӣ барои факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин
Айнӣ

Возможно, это изображение 5 человек

29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тозабунёди таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба
 
Saturday, 26 October 2024 03:32
There are no translations available.

 

ҶАЛАСАИ МУОВИНИ ИЛМ АЗ ШУНИДАНИ ҲИСОБОТИ САРКОТИБИ ШУРОҲОИ ДИФОЪ ОҒОЗ ГАРДИД
Возможно, это изображение 9 человек и Овальный кабинетИмрӯз тибқи нақшаи корӣ дар ҷаласаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳисоботи саркотиби шуроҳои дифоъ шунида шуда, дурнамо ва нақшаҳои ояндаи шуроҳои дифоъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи нақшаи мазкур ҳисоботи сохторҳои марбутаи илмӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои илмӣ шунида шуда, лурнамои фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

 

 
Wednesday, 16 October 2024 02:50
There are no translations available.

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ГЕОГРАФИЯ

Возможно, это изображение 10 человек, люди учатся, отдел новостей и текст
15-уми октябри соли равон семинари илмӣ – назариявии факултети география дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Белорусия дар мавзуи «Таҷрибаи тадқиқоти экологӣ – иқлимии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Белорусия» баргузор гардид.
Дар семинар муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ, профессор Қурбонзода Р., раиси Ҷамъияти география дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Муҳаббатов Х., ва директори Институти истифодаи сарватҳои табиии Ҷумҳурии Белорусия, профессор Лысенко Сергей Александрович маърӯза намуданд.
Дар рафти семинар тарзу усулҳои муосири таҳқиқотҳои илмӣ оид ба омӯзиши иқлим ва ҷӯзъиётҳои он, захираҳои обӣ, замин ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Белорусия бо истифода аз технологияҳои навин ва зеҳни сунъӣ (искусственный интеллект) дар пешгӯиҳои тағйирёбии иқлим сухан намуданд.
 


Page 36 of 349
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks