|
Monday, 05 February 2024 06:38 |
|
There are no translations available.
СОЛИ 2024 – “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
 (Бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023)
Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд,
|
|
Thursday, 01 February 2024 12:24 |
|
There are no translations available.
МИЁНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИРМИЗ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД
 Имрӯз, 30-юми январи соли равон байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Тирмиз (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба таври маҷозӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳум аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ибодуллозода Аҳлиддин ва ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз профессор Тошқулов Абдуқодир
|
|
Wednesday, 31 January 2024 06:13 |
|
There are no translations available.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАСАНД!
 Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он раёсати донишгоҳ, деканон, мудирони кафедраҳо, роҳбарони зерсохторҳои донишгоҳ, инчунин доираи васеи хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат ширкат варзиданд.
Сараввал ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода перомуни вазъи кунунии донишгоҳ, аз ҷумла, таълиму тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалӣ сухан карда иброз дошт, ки алҳол
|
|
Monday, 29 January 2024 10:07 |
|
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ ҶАШНИ САДА ДАР БОГИ АГРАБИОЛАБОРАТОРӢ
 Сада дар баробари ҷашнҳои дигари мардумӣ, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёӣ буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.
Имруз раёсати донишгоҳ дар бинои навбунёди таҷрибомӯзии боғи “Агробиолабораторӣ” ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорону кормандон дастаҷамъона пеш аз оғози ин ҷашни аҷдодӣ бо ниятҳои нек дар боғ 150 бех ниҳоли дарахтони
|
|
Saturday, 27 January 2024 05:52 |
|
There are no translations available.
ИФТИТОҲИ БИНОИ ЗАМОНАВИИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
 Имрӯз бо иштироки Саидзода Раҳим, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Мирзо, Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бинои 2 ошёнаи наву замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти ҳозиразамони таҷрибаомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти нав дар дараи Ромит, дар Боғи “Агробиолабораторӣ”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ қомат афрохта, барои баланд бардоштани корҳои таҷрибаомӯзии саҳроии донишҷӯёни
|
|
Friday, 19 January 2024 03:32 |
|
There are no translations available.
БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ТАБОДУЛИ ДОНИШҶӮЁН БА ДОНИШГОҲИ БОНУФУЗИ ҚАЗОҚИСТОН
 Имрӯз, 18-уми январ Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ намояндагони Донишгоҳи IT-и Остона (Astana IT University)-ро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуда, аз дастовардҳои муассисаҳо ибрози андеша намуда ҳамзамон, доир ба густариш додани ҳамкориҳо омодагиҳои хешро иброз доштанд. Дар рафти суҳбат намояндагон ба муввофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар заминаи
|
|
Monday, 15 January 2024 06:14 |
|
There are no translations available.
РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ: ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО-ГАРАВИ ПЕШРАФТИ КОР

15-уми январи соли равон дар толори бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи назоратӣ дар назди ректори донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, кормандони раёсатҳои илм ва таълим, деканони факултет, муовинон ва танзимгарони онҳо, мудирони кафедраҳо, кормандони бахши тарбия ва дигар ниҳодҳои зертобеи донишгоҳ ширкат намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода савраввал оид ба риояи ҷиддии интизоми меҳнат ибрози назар намуда гуфт, ки то кунун ҳолатҳои дер омадан ба кор, бе ҷузвдон ба кор ҳозир шудани устодону кормандон мушоҳида мегардад. Деканони факултет муваззаф гардиданд, ки дар ин самт чораҳои мушаххас андешанд.
|
|