|
05.11.2025 04:06 |
|
There are no translations available.
ДӮСТИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН БОЗ ЯК ҚАДАМ ПЕШ!
Дар доираи World Travel Market London 2025 сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Мубирхони Мӯминпур бо намояндагони муассисаҳои сайёҳӣ ва осорхонаҳои Ҳиндустон мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои истифодаи таҷрибаи Ҳиндустон дар рушди туризми таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин таъсиси робитаҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо ва осорхонаҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.
|
|
05.11.2025 03:35 |
|
There are no translations available.
БАРНОМАИ КОНСЕРТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

|
|
05.11.2025 03:31 |
|
There are no translations available.
ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР РӮЗИ АВВАЛИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ — WORLD TRAVEL MARKET LONDON 2025
 Рӯзи 4 ноябри соли 2025, дар рӯзи аввали баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ — World Travel Market London 2025, ки дар шаҳри Лондон ҷараён дорад, Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва ҳайати ҳамроҳон ширкат намуданд.
Намоишгоҳ яке аз бузургтарин ва таъсиргузортарин чорабиниҳои соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, имсол зери унвони «Тасаввурсозии дубораи сайёҳӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда» («Reimagining Travel in a Changing World») баргузор мегардад.
|
|
05.11.2025 03:26 |
|
There are no translations available.
МАҲФИЛ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Имрӯз, 4-уми ноябр бо ташаббуси кафедраи забонҳои Шарқи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ бахшида ба 31–умин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини илмӣ–фарҳангӣ таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” баргузор шуд.
Сараввал декани факултет Давлатзода Н., гуфт, ки 6 ноябр яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории миллии мост. Рӯзи Конститутсия рӯзи эҳтиром
|
|
05.11.2025 03:24 |
|
There are no translations available.
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби муовини аввали ректор Айнуллозода Наҳтулло дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
05.11.2025 03:21 |
|
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Имрӯз бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд” баргузор гардид.
Онро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. кушода, кулли омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори 31-умин солгарди ин санади сарнавиштсоз таҳният гуфт.
|
|
05.11.2025 03:13 |
|
There are no translations available.
ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМАРҚАНД
 1 ноябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Нақши ҳуши сунъӣ дар осорхонаҳо (The Role of Artificial Intelligence in Museums)” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ҳамчун чорабинии расмии паҳлӯӣ (Official Side Event) дар доираи Конфронси умумии 43-юми ЮНЕСКО (UNESCO General Conference)
|
|
|
|
|