|
There are no translations available.
МАҲФИЛИ “ХИРАДМАНД” БО ШИРКАТИ МУҲАММАД ҒОИБ
Дар таърихи 8-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили “Хирадманд” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор гардид. Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури "Шоҳи Ҳамадон", "Мири Кабир","“Имоми Аъзам","Арвоҳзада","Зиндамаргон", "Волидони беворис", филмномаҳои "Гумгаштапайдо", "Пуштаи хандақпеч", "Ҳасрати дидор","“Вафодор" ва ғайра зодаи эҷоди ӯянд.
|