19.09.2019 14:24 |
There are no translations available.

ДУШАНБЕ, 19.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 сентябри соли 2019 дар шаҳри Варшава ҳамоиши навбатии САҲА ба кори худ оғоз кард. Вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ дар ин ҳамоиш, аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон дар чанд ҷаласа суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, роҳбари ҳайати давлатӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода диққати ҳозиринро ба масъалаи иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таъмини арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҷалб кард.
|