|
30.11.2020 07:08 |
|
There are no translations available.
ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЛИМПИАДА ДАР
ФАУКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ
Рӯзи 30.11.2020 дар факултети иқтисодиёт ва идоракунии соҳаи маорифи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври дуюми олимпиадаи донишгоҳӣ баргузор гардид. Ҳайати комиссия декани факултет н.и.и Зиёев Бунёд, мудирони кафедраҳо н.и.и., дотсент Ғафорзода Ҷонона н.и.и., дотсент Аюбов Диловар, ва н.и.и., Шодии Давлаталӣ иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада ҷои аввал насиби Расулова Гулнора, ҷои дуюм Абдулоев Абдулохон ва ҷои сеюм насиби Бурихонов Акбар гардид.
|
|
28.11.2020 08:48 |
|
ПРОЦВЕТАНИЕ НАШЕЙ СТОЛИЦЫ - НАША МОЛОДЕЖЬ
Как известно, в рамках обращения к мэру Душанбе Рустаму Эмомали на третьей сессии столичного парламента шестой призыв призвал всех душанбинцев внести свой вклад в превращение нашей любимой столицы в «зеленый город». В связи с этим было предложено, чтобы в знак солидарности каждая семья, проживающая в столице, посадила и вырастила вечнозеленое дерево перед своим домом во время сезона посадки, как это было традицией наших предков.
|
|
28.11.2020 08:24 |
|
There are no translations available.
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД...
Рӯзи 28.11.2020 дар толири бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси садорати факултети таърих конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Саҳми академик Мулло Эркаев ва профессор Одил Маҷлисов дар рушди илми таърихи ватанӣ” бо иштироки меҳмонон ва устодону донишҷӯён доир гардид. Нахуст, чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов А., оғоз намуд.
|
|
27.11.2020 17:32 |
|
There are no translations available.
АТТЕСТАТСИЯИ АСПИРАНТОНУ ДОКТОРАНТОН ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
Имрӯз, 27.11.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аспирантону докторантон аз комиссияи аттестатсионӣ гузаронида шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки бахши мазкур барои паешрафти фаъолияти илмии аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён саҳми назаррас дорад ва барои боло бурдани потенсиали илмии донишгоҳ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад. Баргузории комисияи мазкур тибқи нақшаи кории бахши докторантура ва нақша-чорабинии раёсати донишгоҳ ҳамасола дар охири моҳи ноябр гузаронида мешавад. Дар комиссияи мазкур тамоми аспирантону докторантон бо роҳбарони илмии хеш ширкат варзиданд, ки ҳайати он аз раиси комиссия, котиб ва 4 нафар аъзо иборат буд:
1. Мирзораҳимов Акобир Каримович – д.и.б., муовини ректор оид ба корҳои илмӣ (раиси комиссия)
2. Бобокалонова Раъно – н.и.ф., мудири бахши докторантура (котиби комиссия)
3. Ҳакимов Раҷаб – н.и.с., дотсент, сардори Раёсати илм ва инноватсия (аъзои комиссия)
|
|
27.11.2020 17:18 |
|
There are no translations available.
МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИМЛОИ ЗАБОНИ АДАБИИ МУОСИРИ ТОҶИК
Рӯзи 27-уми ноябри соли 2020 семинари илмӣ-назариявӣ дар якҷоягӣ бо маҳфили “Забоншиноси ҷавон”-и кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 75 солагии зодрӯзи шарқшиноси рус, доктори илмҳои филологӣ, профессор И.М.Стаблин Коменский таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами имлои забони адабии муосири тоҷик” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
|
|
26.11.2020 12:16 |
|
There are no translations available.
МАҲФИЛИ «ФАЙЛАСУФОНИ ҶАВОН» ДАР КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ФАЛСАФА
Рӯзи 26-уми ноябри соли 2020 тибқи нақшачорабиниҳо дар кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили «Файласуфони ҷавон» баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки маҳфили «Файласуфони ҷавон» моҳе ду маротиба рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад. Маҳфилро мудири кафедра н.и.ф., дотсент Бердиев Шоҳназар.оғоз намуда, дар идома, донишҷӯён Ниёзов Дилшод ва Усмонова Шоҳона дар мавзӯи «Хусусиятҳои фалсафаи асрҳои миёнаи Аврупо ва Шарқи Исломӣ» ва Ғайратзода Шаҳло дар мавзӯи «Хусусиятҳои Фалсафаи давраи Эҳё» маърӯза намуданд.
|
|
25.11.2020 10:48 |
|
There are no translations available.
ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЛИМПИАДА ДАР ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА
Санаи 25.11.2020 дар синфхонаи №18-и факултети математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври дуюми олимпиадаи дохилидонишгоҳии донишҷӯён аз фанни математика баргузор гардид. Ҳайати комиссия декани факултет н.и.п. Неъматов Ғ., мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон буданд.
|
|
|
|
|