10.12.2018 09:04 |
There are no translations available.

Баргузории конфронси илмӣ бахшида ба Шӯриши Восеъ
Санаи 8-уми декабр дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Шӯриши Восеъ: ҷунбиши бузурги мардумии зидди истибдоди амирӣ» оғоз гардид, ки дар он муҳаққиқони таърихшинос ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Конфронси мазкур ба муносибати 130-юмин солгарди шӯриши бузурги деҳқонон дар Бухорои Шарқӣ, ки дар таърих бо номи Шӯриши Восеъ машҳур аст, ташкилу баргузор карда шуд.
|
10.12.2018 09:00 |
There are no translations available.

Мубориза бо фасод амре ногузир аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки ҳамасола 9-уми декабр қайд карда мешавад, дар толори бинои асосии донишгоҳ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм бо ҳайъати донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид.
|
07.12.2018 13:00 |
There are no translations available.

НБО “РОҒУН” – ЗАМИНАИ АСОСӢ БАРОИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ
Тоҷикистон бо мавқеи ҷойгиршавии географии худ дар минтақае қарор гирифтааст, ки сарчашмаи ташаккули захираҳои обии минтақа мебошад. Истифода аз ин захираҳо омил ва шарти асосии таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва баланд гардидани мавқеи сиёсии он ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
|
07.12.2018 10:47 |
There are no translations available.

Ҷамъбасти озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ
Ҳафтаи равон дар донишгоҳ озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҷамъбаст гардид. Тавре аз натиҷаҳои ҷамъбасти озмун бармеояд, ҷои якумро донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик Назиров Муҳаммадраҳим, ҷои дуюмро донишҷӯи курси чоруми факултети таърих Даминов Муҳаммад ва ҷои сеюмро донишҷӯи курси дуюми факултети химия Абдураҳмонов Абдулхайр ва донишҷӯи курси чоруми факултети технология ва иқтисодиёт Абдуллоев Умед сазовор гардиданд.
|
06.12.2018 10:40 |
There are no translations available.

Конфронс: «Ҷавонон – муаррифгари давлату миллат»
Шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 5-уми декабр дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҷавонон – муаррифгари давлату миллат» баргузор намуданд, ки дар он сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Иброҳимзода Амир, омӯзгорони муассисаҳои олии касбии пойтахт ва муассисаҳои миёнаи умумии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
|
06.12.2018 14:21 |
There are no translations available.

Ҷавонон - дастгири ятимону маъюбон
Санаи 5-уми декабри соли ҷорӣ як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷику туркман бо ташаббуси котиби шӯрои дифои донишгоҳ Розия Абдуллоева ба мактаб-интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Донишҷӯён барои болидахотирии кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбони муассиса чорабинии фарҳангӣ ташкил намуданд, ки дар он Малоҳат Холиқова – мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавҷуда Холиқзода – муовини директори ШСКХ «Барқи тоҷик», Тошқул Намозов – мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ ва ҳайати тарбиятгирандагону кормандони муассиса ширкат доштанд.
|
06.12.2018 11:17 |
There are no translations available.

Ҷисми солим – омили пешрафти таҳсили донишҷӯён
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим, муҳокимаи фаъолияти омӯзишӣ, зисту зиндагонии донишҷӯдухтарон дар хобгоҳ ва риоя намудани тарзи либоспӯшӣ санаи 5-уми декабр бахши кор бо духтарону занон бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Ҷамила Мусоҷонова ва табибони дармонгоҳи донишгоҳ Озода Камолова ва Роҳат Дадабоева бо донишҷӯдухтарон ва муаллимаҳои ҷавон тибқи дастурамал вохӯрии суманд гузарониданд.
|
|
|
|