24.11.2018 17:35 |
There are no translations available.

Идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар факултети таърих
Дар доираи чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ ва фарҳангию тарбиявӣ бахшида ба таҷлили сазовор аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 2018 дар факултети таърих конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон” доир гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс декани факултети таърих дотсент А. Муродзода ҳозиринро ба ин муносибат таҳният гуфта, зимни суханронии худ аз таърихи ойини парчамдории халқиятҳои гуногуни олам, аз ҷумла ақвоми ориёӣ, аҳаммияту гиромидошти ин рукни давлатдорӣ дар таърихи бою ғании миллати тоҷик андешаҳои хешро баён дошт.
|
24.11.2018 17:20 |
There are no translations available.

Ширкати донишҷӯёну устодони донишгоҳ дар чорабинии идонаи фарҳангӣ
Бо мақсади истиқболи сазовор аз Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 24-уми ноябр шумораи зиёди донишҷӯёну устодони донишгоҳ ба майдони Муассисаи давлатии «Боғи парчами давлатӣ»-и шаҳри Душанбе ҳозир шуда, дар қатори дигар муҳассилину кормандони донишгоҳу донишкадаҳо, вазорату идораҳо ва сокинони пойтахт дар чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам – рамзи шарафмандии давлатдории миллӣ» иштирок намуданд.
|
24.11.2018 12:29 |
There are no translations available.

Чорабинии маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 24.11.2018 аз ҷониби дастаи волонтёрони шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва бо дастгирии муовини ректор оид ба илм муҳтарам Н. Убайдуллоев “Аксияи ҳозирҷавобӣ” бо ширкати устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор карда шуд. Саволҳои пешниҳодшуда хусусияти маърифатию омӯзишӣ дошта, мавзӯъҳои гуногунро атрофи таъриху моҳияти парчам ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ фаро мегирифт.
|
24.11.2018 08:20 |
There are no translations available.

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ
Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтироми Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хоссаи истиқлолият, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
|
23.11.2018 14:18 |
There are no translations available.

Чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми ноябр дар толори бинои асосии донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ чорабинии тарбиявию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мусоҷонова, раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Г. Баротова, мудири шуъбаи тарбия Қ. Иброҳимов, мудири бахши фарҳанг О. Ашурова ва дигар устодону донишҷўёни донишгоҳ ширкат доштанд.
|
22.11.2018 17:30 |
There are no translations available.

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Санаи 22-юми ноябр дар толори калони бинои асосии донишгоҳ маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Саъдӣ Қосимов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти кишвар таҳният гуфт.
|
22.11.2018 17:00 |
There are no translations available.

Конфронси олимони ҷавон оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм
Терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва даҳшатбор дар замони муосир ба яке аз мушкилоти глобалӣ ва фарогир табдил ёфта, рӯ овардан ба илму дониш, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ аз роҳҳои муассири пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ маънидод карда мешавад, - зикр гардид дар конфронси ҷумҳуриявии олимони ҷавон, ки санаи 22-юми ноябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
|
|
|
|