22.11.2018 09:56 |
There are no translations available.

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни хобгоҳ оид ба масъалаҳои муҳими ҷомеа
Шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи иттифоқи касабаи дониш ҷӯён дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе санаи 20-уми ноябр дар хобгоҳи № 8-и донишгоҳ, воқеъ дар ноҳияи Сино, бо дониш ҷӯён вохӯрии корӣ доир намуданд, ки дар он мудири бахши ҷавонони шаҳри Душанбе М. Гулов, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино Д. Суфизода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ С. Қувватов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи дониш ҷӯён Д. Раҷабов, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Д. Каримов ва истиқоматкунандагону масъулини хобгоҳ иштирок доштанд.
|
21.11.2018 15:26 |
There are no translations available.

Ғолибони чорабиниҳои варзишӣ қадрдонӣ гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввалини НБО «Роғун» дар донишгоҳ як қатор чорабиниҳои варзишӣ карда шуда, ҷамъбаст гардид. Чунончи, миёни донишҷӯписарони ҳамаи факултетҳои донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд ва дар доираи нақша-чорабиниҳои Рӯзи Парчами давлатӣ бошад, миёни донишҷӯдухтарони ҳамаи факултетҳо мусобиқаи волейбол баргузор гашт.
|
20.11.2018 14:31 |
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТЕАТРИ ҶАВОНОН
Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, дар Театри академӣ-драмавии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо ширкати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин меҳмонон аз Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
|
20.11.2018 13:56 |
There are no translations available.

Муаррифии барномаи компютерии инноватсионӣ дар факултети математика
Санаи 20-уми ноябр дар факултети математика дарси кушоди таҷрибавӣ баргузор гардид, ки мақсади ташкилу баргузории он намоиши дастовардҳо ва барномаҳои компютерии коркардшудаи омӯзгорони кафедраи ТИК буд. Дар рафти дарси кушод ба донишҷӯён оид ба барномаи компютерии “Кори санҷишӣ аз фанни алгебра оиди ҳалли системаи муодилаҳои хаттии дуномаълума” маълумот дода шуд.
|
20.11.2018 12:12 |
There are no translations available.

Ҳар ки хандонад ятими хастаро...
Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” як гурӯҳ донишҷӯёни факултетҳои география, забон ва адабиёти рус, психология ва таҳсилоти фарогир ва намояндаи шуъбаи фарҳанг санаи 16-уми ноябр таҳти роҳбарии раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Г.Баротова ва муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети география М.Ҳайдаров ба Хона-интернати кӯдакони ятиму бепарастори № 1-и шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
|
20.11.2018 09:09 |
There are no translations available.

Санаи 19.11.2018 соати 1400 даври дуюми олимпиадаи донишгоҳӣ аз рўи ихтисоси сиёсатшиносӣ баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври якум фаъолона иштирок намуданд.
|
20.11.2018 08:20 |
There are no translations available.

Озмуни зеҳнӣ-маърифатӣ бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ
Бо ташаббуси садорати факултети математика санаи 19-уми ноябр озмуни зеҳнӣ-маърифатӣ баргузор гардид, ки ҳадафи чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, дарки истиқлоли миллӣ, расидан ба қадри заҳматҳои бузургони миллат ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ин рӯзи таърихӣ ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол буд.
|
|
|
|