|
01.12.2018 08:06 |
|
There are no translations available.

ОМИЛҲОИ ТУНДРАВӢ ВА ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶОМЕА
Доир ба масъалаи тундравӣ ва ифротгароӣ дар матбуоти илмӣ ва оммавӣ баҳсу мунозираҳо кайҳо оғоз шудаанд. Хусусан, баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин мафҳумҳо назарҳои гуногун пайдо гардиданд, ки имрўз идома доранд. Ифротгароӣ маънои тундравӣ, моҷараҷўӣ, зӯровариро дошта, дар ниҳояти кор муҳаққиқон онро бо мафҳуми терроризм муродиф донистанд. Вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, ҳамон калимаи тундравӣ дар назар дошта мешавад. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарнок ва даҳшатангезро дошта, одамон онро шунида, дар онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкори ин падидаи номатлуб зоҳир мешавад.
|
|
30.11.2018 11:40 |
|
There are no translations available.

Вохӯрӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирӣ аз терроризму экстремизм
Санаи 29-уми ноябр дар толори калони бинои асосии донишгоҳ вохӯрии кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёну устодони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид. Ҳадаф аз ташкилу баргузории вохӯрии мазкур баланд бардоштани савияи дониш ва сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён дар самти пешгирии экстремизму терроризм ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ҷумҳурӣ арзёбӣ карда шуд.
|
|
28.11.2018 08:31 |
|
There are no translations available.

Иҷлосияи таърихӣ, Пешвои миллат ва ҷавонон
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, алалхусус санаи 19 ноябри соли 1992, дар таърихи миллати тоҷик яке аз саҳифаҳои таърихӣ маҳсуб ёфта, бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ дар ҳаёти нави сиёсии кишвар таҳаввулоти бунёдӣ рух дод. Тавре Пешвои миллат зикр намудаанд: «Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард».
|
|
26.11.2018 10:25 |
|
There are no translations available.

Боздиди донишҷӯёну устодон аз Мактаб-интернати ноҳияи Ёвон
Бо ташаббуси садорати факултети забонҳои романӣ-германӣ санаи 25-уми ноябр донишҷӯёни курси якуми ихтисоси забони олмонӣ-тарҷумон таҳти роҳбарии декани факулта З. Сайфуллоева, мудири кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он Р. Кучов ва куратори гурӯҳ А. Ҷабборов ба аёдати таълимгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.
|
|
26.11.2018 09:12 |
|
There are no translations available.

Чорабиниҳои гуногун бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ташкили конфронси маърифатӣ-фароғатӣ ва дарсҳои кушоди тарбиявӣ дар донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии пойгоҳии таҷрибаомӯзон ба нақша гирифта шуда, баргузор гардиданд.
|
|
26.11.2018 08:58 |
|
There are no translations available.

Баргузории озмун бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Санаи 24-уми ноябр дар кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар ҳошияи он озмуни газетаи деворӣ ташкилу гузаронида шуд. Ҷамъомадро мудири кафедра А. Кулобиев ифтитоҳ намуда, оид ба таърихи ин рукни муҳими давлатдорӣ ва қадру манзалати он ибрози назар кард.
|
|
24.11.2018 17:35 |
|
There are no translations available.

Идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар факултети таърих
Дар доираи чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ ва фарҳангию тарбиявӣ бахшида ба таҷлили сазовор аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 2018 дар факултети таърих конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон” доир гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс декани факултети таърих дотсент А. Муродзода ҳозиринро ба ин муносибат таҳният гуфта, зимни суханронии худ аз таърихи ойини парчамдории халқиятҳои гуногуни олам, аз ҷумла ақвоми ориёӣ, аҳаммияту гиромидошти ин рукни давлатдорӣ дар таърихи бою ғании миллати тоҷик андешаҳои хешро баён дошт.
|
|
|
|
|