|
05.11.2025 18:44 |
|
КРУГЛЫЙ СТОЛ: КОНСТИТУЦИЯ — СЧАСТЛИВАЯ ХАРТИЯ НАЦИИ
Сегодня, 5 ноября текущего года, на факультете математики и информатики состоялся круглый стол на тему «Конституция — счастливая хартия нации», посвящённый Дню Конституции Республики Таджикистан.
В мероприятии приняли участие декан факультета Зеваршозода Умар, доцент кафедры права университета Давлатзода Фаридун, а также преподаватели и студенты.
В ходе заседания специалист в данной области Давлатзода Фаридун выступил с речью о сущности и ценности этого важного государственного документа, а в завершение ответил на вопросы участников.
|
|
05.11.2025 04:15 |
|
There are no translations available.
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ОСОРХОНАҲОИ ПОКИСТОН
Дар ҷараёни ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ дар Лондон, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Мубирхони Мӯминпур бо намояндагони муассисаҳои сайёҳӣ ва осорхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон вохӯрии корӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди сайёҳии таърихӣ, инчунин пешбурди барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва осорхонаҳоро муҳокима намуданд.
|
|
05.11.2025 04:11 |
|
There are no translations available.
ТОҶИКИСТОН ВА МАЛАЙЗИЯ — ДАР РОҲИ РУШДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГӢ (ОСОРХОНАҲО)
Дар доираи ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ дар Лондон, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Мубирхони Мӯминпур бо намояндагони муассисаҳои сайёҳӣ ва осорхонаҳои Малайзия мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар самти рушди сайёҳии фарҳангӣ ва таълимӣ, инчунин омодасозии мутахассисон барои бахшҳои сайёҳӣ ва хизматрасониро муҳокима карданд.
|
|
05.11.2025 04:08 |
|
There are no translations available.
ҲАМКОРИИ НАВИ ФАРҲАНГӢ ДАР САМТИ ОСОРХОНАҲО БО ИОРДАНИЯ!
Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ — World Travel Market London 2025 сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Мубирхони Мӯминпур бо намояндагони муассисаҳои сайёҳӣ ва осорхонаҳои Подшоҳии Ҳошимии Иордания мулоқоти корӣ анҷом дод.
|
|
05.11.2025 04:06 |
|
There are no translations available.
ДӮСТИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН БОЗ ЯК ҚАДАМ ПЕШ!
Дар доираи World Travel Market London 2025 сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Мубирхони Мӯминпур бо намояндагони муассисаҳои сайёҳӣ ва осорхонаҳои Ҳиндустон мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои истифодаи таҷрибаи Ҳиндустон дар рушди туризми таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин таъсиси робитаҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо ва осорхонаҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.
|
|
05.11.2025 03:35 |
|
There are no translations available.
БАРНОМАИ КОНСЕРТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

|
|
05.11.2025 03:31 |
|
There are no translations available.
ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР РӮЗИ АВВАЛИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ — WORLD TRAVEL MARKET LONDON 2025
 Рӯзи 4 ноябри соли 2025, дар рӯзи аввали баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ — World Travel Market London 2025, ки дар шаҳри Лондон ҷараён дорад, Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва ҳайати ҳамроҳон ширкат намуданд.
Намоишгоҳ яке аз бузургтарин ва таъсиргузортарин чорабиниҳои соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, имсол зери унвони «Тасаввурсозии дубораи сайёҳӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда» («Reimagining Travel in a Changing World») баргузор мегардад.
|
|
|
|
|