|
19.11.2024 05:47 |
|
There are no translations available.
БАСТАНИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ
Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишкадаи иқтисод ва савдои Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқот анҷом доданд.
Дар вохурӣ зикр гардид, ки Донишкада муҳимтарин иқдоми созмон буда, дар рушду такомули давлатҳои аъзо мусоидат менамояд ва барои омода намудани мутахассисон тавассути таболули омӯзгорону донишҷӯён саҳмгузор хоҳад буд.
Инчунин таъкид карда шуд, ки ҳамкориҳои донишкада дар доираи иқдоми “Як камарбанд – як роҳ” ба роҳ монда шуда, дар заминаи он инкишофи
|
|
19.11.2024 05:45 |
|
There are no translations available.
БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ СҲШ
 Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Созмони Ҳамкории Шанхай ташриф оварда, аз ин муассисаи илмии СҲШ дидан намуданд.
Зимни боздид аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки Донишкадаи иқтисод ва савдои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндао 22 январи соли 2022 мавриди ифтитоҳ қарор дода шуда, дорои иқтидори бузурги илмӣ ва яке аз муҳимтарин муассисаҳои илмии Созмони Ҳамкории Шанхай маҳсуб меёбад.

|
|
16.11.2024 09:41 |
|
There are no translations available.
АКСИЯ: ИФТИХОР АЗ КОРИ САРВАР МЕКУНЕМ
 Таҳти ин унвон имрӯз 16-уми ноябри соли 2024 ба ибтикори кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба истиқболи бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тақдими китобҳои тозанашр бо номҳои "Эмомалӣ Раҳмон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Душанбе 2024) ва "Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдат" (Душанбе 2024), ки ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардидани соли 2024 нашр
|
|
16.11.2024 09:35 |
|
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР КАФЕДРАИ АНАЛИЗИ МАТЕМАТИКӢ
Дар кафедраи анализи математикӣ семинари илмии навбатӣ, таҳти роҳбарии профессор Юсупов Гулзорхон гузаронида шуд.
Дар семинар муҳокимаи рисолаи номзадии Надирова М. дар мавзуи "Синнулярные краевые задачи Римана с непрерывными коэффициентами для системы уравнений первого порядка эллиптического типа" мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Қарор карда шуд, ки рисолаи номзадӣ барои ҳимоя ба Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. |
|
16.11.2024 03:46 |
|
There are no translations available.
НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ
(Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
 Дар кишвари азизи мо ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр яке аз санаҳои муҳими таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳи бузург таҷлил мегардад. Ин санаи хотирмону фархунда барои сокинони ҷумҳурӣ аз он лиҳоз хуҷаста аст, ки Президент ҳамчун чеҳраи давлатсоз ва абармарди дунёи сиёсату симои миллати куҳанбунёд дар он рӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта, дар пайраҳаи давлатдорӣ қадамҳои нахустини худро гузошт. Воқеан, таърих барои миллати тоҷик шахсиятеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат овард, ки дар замони вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва маънавӣ Тоҷикистонро аз гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ ва вартаи нобудӣ бурун овард, шуълаҳои оташи ҷанги бародаркӯшро хомӯш намуд, гурезагони иҷбориро ба Ватани аҷдодӣ бозгардонд, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сулҳи деринтизор, пойдор ва пояндаро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ба армуғон овард.
Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди
|
|
16.11.2024 03:44 |
|
There are no translations available.
ИДОМАИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ
Дар рӯзи хониши сиёсии санаи 15 ноябри соли 2024 декани факултети филологияи тоҷик Худойдодзода Фарух дар мавзуи “Андешаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ибни Сино” маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, иштирокчиён ҷаҳони маънавии худро ғанӣ намуданд.
|
|
16.11.2024 03:42 |
|
There are no translations available.
ТАҲТИ УНВОНИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ВА ПРОБЛЕМАҲОИ ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР” КОНФЕРЕНСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД
 Рӯзи 15.11.2024 дар Донишгоҳши давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба амалӣ гардидани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои романӣ-германӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва проблемаҳои забоншиносии муосир” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
|
|
|
|
|